Перейти к содержимому

Аммову агарҳои НАТО-и арабӣ

Таҳлиле аз Дуг Бонду (Doug Bandow) дар нашрияи The National Interest

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ки алоқае ба Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) — созмоне, ки урупоиҳо аз тариқи он ба шиддат вобаста ба Омрико шудаанд — надорад, инак мехоҳад НАТО-и арабиро бино кунад; созмоне, ки номи пешинаш Иттиҳоди истротежики Ховари Миёна буд. Узви калидии ин созмон Арабистони Саудӣ хоҳад буд; кишваре, ки ба далели баҳрабарӣ аз Иёлоти Муттаҳида, мавриди интиқоди Тромп дар муборизаҳои пеш аз интихоботиаш буд.

Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Омрико, дар ҷараёни нишасти ахири Маҷмаъи умумии Созмони Милал, бо сарони ин кишварҳо ҷаласа дошт ва Тим Лендеркинг (Tim Lenderking), муовини дастёри вазири хориҷа дар умури халиҷи Форс, аз ин идея ҳимоят кард. Агар ҳама чиз хуб пеш равад, дар моҳи январ нахустин нишаст ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида, баргузор хоҳад шуд.

НАТО дар Урупо дастикам аҳдофи муфиде доштааст. Аммо НАТО-и арабӣ — ки онро MESA ё ҳар чизи дигаре мехонанд — заъфҳои НАТО-и аслиро чанд баробар хоҳад дошт. Аввал аз ҳама, бандҳои пешниҳодшудаи худи ин созмон, аъзои худи онро нишона хоҳад рафт. Як узви Шӯрои амнияти миллии Омрико эълом кардааст, ки ин иттиҳод, бо таҳоҷуми Эрон, теруризм ва ифротгароӣ муқобила хоҳад кард ва суботро ба Ховари Миёна меоварад; дар ҳоле, ки амалан, ҳамаи кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс солҳост, ки кӯмаки молӣ ба теруристҳоро осон мекунанд. Ағлаби теруристҳои ҳодисаи 11 сентябр, аҳли Арабистони Саудӣ буданд ва ин кишвар дар даҳаҳои ахир, 100 милёрд дулор барои таблиғи андешаи тунду тези ваҳҳобият ҳазина карда; андешае, ки пешгоми теруризм аст.

Риёз ва Абӯзабӣ ба таври фаъол Яман, Либӣ, Сурия ва Лубнонро бесубот кардаанд. Бар хилофи мавозеъи Вошингтун Қатар, Уммон ва Кувайт тамоми равобити мадании худ бо Теҳронро ҳифз кардаанд. Ба маънои воқеии калима, давлати Тромп, аъзои MESA-ро ба ҷанг алайҳи якдигар фаро хондааст.

Дуввум ин ки: тавофуқи андаке миёни кишварҳое, ки Вошингтун аз онҳо мехоҳад узви ин созмон шаванд, барои пайвастан ба он вуҷуд дорад. Подшоҳии саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мехоҳанд бар ҳамсоягони худ ҳукмронӣ кунанд, ва мусаммам ҳастанд агар лозим буд барномаҳои худро аз тариқи ҷанг амалӣ кунанд. Онҳо таҳоҷуме саршор аз одамкушӣ дар Яман ба роҳ андохтанд, ҳамсоягони худро барои мунзавӣ кардани Дуҳа таҳти фишор қарор доданд, ва ҳатто барнома доштанд Қатарро ҳам ишғол кунанд, аммо бо дахолати низомии Туркия ва мухолифати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, роҳашон масдуд шуд.

Кувайт ва Уммон ба таври суннатӣ ба унвони миёнҷӣ миёни ҳамсоягони аслии худ амал кардаанд. Ӯрдун, ки бо чолишҳои иқтисодӣ ва сиёсии дохилӣ мувоҷеҳ аст, нигоҳ ба дохил дорад. Дар Баҳрайн, хонадони подшоҳӣ бар рӯи саркӯби аксарияти шиъа мутамаркиз аст. Миср тақрибан ҷирахор аст, ба далели фақр Риёз ва Абӯзабӣ милёрдҳо дулор ҳазина кардаанд, то диктотурии Ассисиро сари по нигаҳ доранд.

Хатти машйи мустақилле, ки Қатар дар пай дошт, ҳокимони мустабидд дар Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаро хашмгин кард, ба вежа пӯшиши хабарие, ки расонаҳои қатарӣ дар хусуси ҷиноятҳои онҳо мунташир кард ва эҳтироме, ки барои мухолифони сиёсии ин ду кишвар қоил буд. Ҳатто Лендеркинг ҳам ин вазъияти ба ҳама маълумро пазируфт, ки муноқишаҳои дарунии кишварҳои халиҷи Форс монъее тӯлонимуддат бар сари роҳи НАТО-и арабӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин аъзои фарзии ин иттиҳод, рӯи таҳдиди фарзӣ аз сӯи Эрон, ки давлати Тромп НАТО-и арабиро мехоҳад ба марказияти он бино кунад, тавофуқ надоранд. Лендеркинг таъкид карда, ки Теҳрон “таҳдиди шумораи як” барои муқобила аст. Ҳарчанд Риёз ва Абӯзабӣ орзуи пуштибонии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эронро доранд, авлавияти онҳо султаи минтақаӣ аст ва на дифоъи миллӣ.

Подшоҳии ҷинояткори Баҳрайн, аз Теҳрон ба далели ҳимояти вай аз аксарияти мардуми ин кишвар алайҳи хонадони Оли Халифа асабонӣ аст ва на ба ин далел, ки Теҳрон ин кишварро таҳдид ба ҳамла кардааст.

Он чунон, ки дар боло гуфта шуд, Кувайт, Қатар ва Уммон ҳам, ки рафтори мӯътадиле бо Эрон доранд: Қатар майдони муштараки гозӣ бо Эрон дорад.

Миср аз Эрон ҳаросе надорад, аммо бар асоси пуле, ки аз Арабистон мегирад мавзеъгирӣ мекунад. Ӯрдун ҳам бештар нигарони масоили дохилиаш аст, то Эрон.

The National Interest

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: