Перейти к содержимому

Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Имом Абӯҳанифа

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, акси Радиои Озодӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатномае хитоб ба мардуми шарифи кишвар мунташир кард. Дар ин муроҷиатнома – ки дар воқеъ рангу бӯи фатво медиҳад – иддао шудааст, ки ҳамаи амалкардҳои Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) гӯӣ “хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ” ва “пайравӣ намудан аз ин ташкилот тибқи далелҳои шаръӣ нодуруст” будааст.

Хуб, чаро? Зеро, ба иддаои ин ниҳоди динӣ, ҳадафи ҲНИТ “эҷоди фитна ва ихтилоф дар байни мусулмонон ва барҳам задани сулҳу амнияти кишвар” будааст.

Феълан дар ин ёддошт намехоҳам роҷеъ ба иддаои ахири ин ниҳод — мабнӣ бар ин ки ҳадафи ҲНИТ гӯӣ “эҷоди фитна ва ихтилоф ва барҳам задани сулҳу амният” будааст – баҳс бикунам. Зеро, аввалан, ин дурӯғ ба ҳадде шохдор аст, ки ҳатто ниёз ба посух навиштан ба онро ҳам надорад. Ва сониян, то кунун, даҳҳо гузоришҳо ва мақолаҳои мустанад ва ҳамроҳ бо санаду далел, дар расонаҳо дар ин мавзӯъ нашр шуда ва бепоя будани ин иддаоро собит кардааст.

Аммо он чӣ дар ин ёддошт мехоҳам бинависам, ба ин тартиб аст:

* * *

1) Агар Шӯрои уламои Тоҷикистон, ба унвони як ниҳоди вобаста ба давлат, алайҳи як ҳизби сиёсӣ — чӣ мухолиф ё мувофиқ – мавзеъ дошта бошад, монеъе надорад мавзеъи худро баён бикунад, ин кори ӯст. Аммо он чи раво нест ин аст, ки ин ниҳод ба мавзеъи худ рангу бӯи динӣ бидиҳад. Ин кор, тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон ва низ соири қонунҳои ҷорӣ дар кишвар, комилан амале ғайриқонунӣ аст. Ҳатто ҲНИТ, бо ин ки як ҳизби исломӣ аст, ҳаргиз ба мавозеъи сиёсии худ рангу бӯи динӣ надодааст. Агар бовар надоред, ба корномаи ин ҳизб дар 10-15 соли фаъолияти расмиаш дар дохили кишвар муроҷеа кунед ва бибинед.

* * *

2) Сониян, агар қарор бошад меъёри мухолифати Шӯрои уламо бо як ҳизб ва ё дастгоҳи сиёсӣ, меъёрҳои мазҳабӣ бошад — масалан, оро ва фатвоҳои мазҳаби ҳанафӣ ва Имом Абӯҳанифа (р) бошад – дар ин сурат, суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки оё амалкардҳои ҳоким ва ҳукумати феълӣ дар 26 соли умраш, ҳамоҳанг ва мутобиқ бо орои мазҳаби ҳанафӣ будааст?

Агар бигӯед, бале, пас шумо аввалан, хилофи воқеъ ҳарф задаед ва дурӯғ гуфтаед. Чаро ки бештари иқдомҳои ҳоким ва ҳукумат дар 26 сол – аз манъи навҷавонони зери 18 сол аз адои маросими динӣ дар масоҷид гирифта то манъи хоҳарон аз гирифтани сатр бар сар ва бастани масоҷиду мадорису ғайра… – иқдомҳое сад дар сад хилофи заруриёти динӣ ва мазҳаби ҳанафӣ аст, магар ин ки ҷаноби муфтӣ ва Шӯрои уламо ин масоилро масоиле исломӣ надонанд. Ва сониян, хилофи Қонуни асосӣ, ки Тоҷикистонро кишваре дунявӣ медонад, изҳори назар кардаед ва Тоҷикистонро ба унвони кишваре динӣ муаррифӣ намудаед.

Ва аммо агар бигӯед, на — яъне агар бипазиред, ки амалкардҳои ҳоким ва ҳукумати феълӣ ҳамоҳанг ва мутобиқ бо дидгоҳҳои исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ набудааст ва балки хилофи он будааст, ки аз қазо дуруст ҳам ҳамин аст — пас, чаро “фатвое”, ки дирӯз алайҳи ҲНИТ содир фармудед, алайҳи ҳоким ва ҳукумат содир намефармоед? Яъне ба мардум эълон намекунед, ки амалкардҳои ин ҳукумат ва ҳокимаш “хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ” ҳастанд ва “пайравӣ намудан аз ин ташкилот тибқи далелҳои шаръӣ нодуруст” мебошад? Ин суол ҷавоб мехоҳад.

* * *

3) Солисан, кадом амалкарди ҲНИТ хилофи шариати Ислом ва ба хусус хилофи мазҳаби ҳанафӣ будааст? Агар таъсиси як ҳизби сиёсиро шумо мухолифи шариати Ислом медонед, пас Ҳизби халқӣ-демукрот (ҳизби ҳоким) ҳам як ҳизби сиёсӣ аст? Оё таъсиси ин ҳизб низ аз назари шумо, хилофи шариати Ислом аст? Агар чунин мешуморед, пас бояд эълом бифармоед.

Аммо агар ҲНИТ-ро ба унвони як ҳизби мухолиф — ки ба сиёсатҳои ҳоким эътирозу интиқод дорад – номашрӯъ (номашрӯъ аз назари шариати Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ) меҳисобед ва ҳар навъ эътирозу интиқод алайҳи ҳокимро амале ғайришаръӣ ва хилофи мазҳаби ҳанафӣ мешуморед, пас шумо, мутаассифона, кучактарин иттилоъу огоҳӣ аз мазҳаби ҳанафӣ ва дидгоҳҳо ва мавозеъи фуқаҳои ҳанафӣ ва ба хусус шахси Имом Абӯҳанифа (р) надоштаед.

Инак, таваҷҷӯҳ бифармоед ба ду матлабе, ки дар зайл меоварам:

* * *

а) Имом Абӯбакри Ҷассос (р), аз машоҳири фуқаҳои ҳанафӣ ва соҳиби китоби шарифи “Аҳкомул-Қуръон”, зайли тафсири ояти:

إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا

Ҳамоно ман туро барои мардум ба унвони пешво қарор медиҳам.(Сураи Бақара, ояти 124) менависад:

فَثَبَتَ بِدَلَالَةِ هَذِهِ الْآيَةِ بُطْلَانُ إمَامَةِ الْفَاسِقِ وَأَنَّهُ لَا يَكُونُ خَلِيفَةً وَأَنَّ مَنْ نَصَّبَ نَفْسَهُ فِي هَذَا الْمَنْصِبِ وَهُوَ فَاسِقٌ لَمْ يَلْزَمْ النَّاسَ اتباعه ولا طاعته وَكَذَلِكَ قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: لَا طَاعَةَ لِمَخْلُوقٍ فِي مَعْصِيَةِ الْخَالِقِ. وَدَلَّ أَيْضًا عَلَى أَنَّ الْفَاسِقَ لَا يَكُونُ حَاكِمًا وَأَنَّ أَحْكَامَهُ لَا تَنْفُذُ إذَا وَلِيَ الْحُكْمَ وَكَذَلِكَ لَا تُقْبَلُ شَهَادَتُهُ وَلَا خَبَرُهُ إذَا أَخْبَرَ عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَلَا فُتْيَاهُ إذَا كَانَ مُفْتِيًا وَأَنَّهُ لَا يُقَدَّمُ لِلصَّلَاةِ … فَقَدْ حَوَى قوله: لا يَنالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ هَذِهِ الْمَعَانِي كُلِّهَا. وَمِنْ النَّاسِ مَنْ يَظُنُّ أَنَّ مَذْهَبَ أَبِي حَنِيفَةَ تَجْوِيزُ إمَامَةِ الْفَاسِقِ وَخِلَافَتِهِ … وَلَا فَرْقَ عِنْدَ أَبِي حَنِيفَةَ بَيْنَ الْقَاضِي وَبَيْنَ الْخَلِيفَةِ فِي أَنَّ شَرْطَ كُلِّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا الْعَدَالَةُ وَأَنَّ الْفَاسِقَ لَا يَكُونُ خَلِيفَةً وَلَا يَكُونُ حَاكِمًا كَمَا لَا تُقْبَلُ شَهَادَتُهُ وَلَا خَبَرُهُ … وَكَيْفَ يَجُوزُ أَنْ يُدْعَى ذَلِكَ عَلَى أَبِي حَنِيفَةَ وَقَدْ أَكْرَهَهُ ابْنُ هُبَيْرَةَ فِي أَيَّامِ بَنِي أُمَيَّةَ عَلَى الْقَضَاءِ وَضَرَبَهُ فَامْتَنَعَ مِنْ ذَلِكَ وَحُبِسَ فَلَجَّ ابْنُ هُبَيْرَةَ وَجَعَلَ يَضْرِبُهُ كُلَّ يَوْمٍ أَسْوَاطًا … ثُمَّ دَعَاهُ الْمَنْصُورُ إلَى مثل ذلك فأبى فحبسه … وَكَانَ مَذْهَبُهُ مَشْهُورًا فِي قِتَالِ الظَّلَمَةِ وَأَئِمَّةِ الْجَوْرِ

Пас, ба далолати ин оят, ботил будани пешвоии фарди фосиқ ва ин ки ӯ наметавонад ҳоким бошад собит мешавад. Аз ин рӯ, агар як фарди фосиқ хештанро дар ин мансаб қарор бидиҳад, пайравӣ ва итоат аз вай, бар мардум лозим нест. Зеро ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: “Махлуқро дар маъсияти холиқ итоате нест.”

Ва ҳамчунин, ин оят далолат мекунад бар ин ки фарди фосиқ на метавонад ҳоким гардад — ва фармонҳои ӯ қобили иҷро нестанд — ва на шаҳодаташ қобили қабул аст ва на хабараш — агар аз Паёмбар (с) хабаре бигӯяд – ва на фатвояш қобили амал аст агар муфтӣ бошад. Ва ҳамчунин фарди фосиқ ҳатто наметавонад имоми ҷамоат гардад… Ҳамаи ин нукотро ояти мавриди назар дарбар мегирад.

Баъзеҳо гумон мекунанд, мазҳаби Имом Абӯҳанифа бар ҷоиз шумурдани имомат ва хилофати фосиқ будааст… Ва ин нисбат дурӯғ аст, зеро дар назари Имом Абӯҳанифа, фарқе нест байни қозӣ ва ҳоким дар ин ки шарти ҳар як аз ин ду (қозӣ ва ҳоким) адолат (одил будан) аст ва ин ки фосиқ на метавонад ҳоким гардад ва на қозӣ, ҳамон тавр ки на шаҳодаташ қобили қабул аст ва на хабараш…

Ва асосан, аз куҷо ин тӯҳмати нораворо ба домани Имом Абӯҳанифа бастаанд, дар ҳоле ки Ибни Ҳубайра дар рӯзгори умавиён Имомро бар пазириши мансаби қазоват маҷбур ва шаллоқ зад, аммо бо ин ҳама, Имом напазируфт, аз ин рӯ, ӯро ба зиндон афканданд ва Ибни Ҳубайра ҳам ҳар рӯз Имомро шаллоқ мезад… Сипас, Мансури Аббосӣ низ аз Имом хост, ин мансабро бипазирад, вале ӯ худдорӣ кард, ба ҳамин ҷиҳат Мансур Имомро ба зиндон андохт… Асосан, мазҳаб ва равиши Имом Абӯҳанифа дар набард ва пайкор бо золимон ва ҳокимони ҷоиру ситамгар бисёр машҳур аст…” (Абӯбакри Ҷассос, Аҳкомул-Қуръон, ҷ.1, с.86-87)

* * *

б) Имом Абӯҳанифа эътироз алайҳи ҳокими ситампешаро як таклифи шаръӣ медонист. Хатиби Бағдодӣ дар “Таърихи Бағдод” (13/395) фаслеро таҳти унвони:

ذكر ما حكي عن أبي حنيفة من رأيه في الخروج على السلطان

Зикри раъйи Абӯҳанифа дар мавриди қиём алайҳи султон ва ҳоким” боз карда ва дар он, 10 ривоят (бо санад) оварда, ки ҷумлагӣ бар ақидаи Имом Абӯҳанифа ба ҷоиз будани эътироз бар ҳокими ситамгар далолат доранд. Барои намуна, яке аз он ривоятҳоро меоварам:

وقال الأبار حدثنا منصور بن أبي مزاحم حدثني يزيد بن يوسف قال قال لي أبو إسحاق الفزاري جاءني نعي أخي من العراق وخرج مع إبراهيم بن عبد الله الطالبي فقدمت الكوفة فأخبروني أنه قتل وأنه قد استشار سفيان الثوري وأبا حنيفة فأتيت سفيان أنبئه مصيبتي بأخي وأخبرت انه استفتاك قال نعم قد جاءني فاستفتاني فقلت ماذا أفتيته قال قلت لا آمرك بالخروج ولا أنهاك قال فأتيت أبا حنيفة فقلت له بلغني ان أخي أتاك فاستفتاك قال قد أتاني واستفتاني قال قلت فبما افتيته قال افتيته بالخروج قال فأقبلت عليه فقلت لا جزاك الله خيرا قال هذا رأي قال فحدثته بحديث عن النبي صلى الله عليه و سلم في الرد لهذا فقال هذه خرافة يعني حديث النبي صلى الله عليه و سلم

Абӯисҳоқи Физорӣ гӯяд: хабари марги бародарам аз Ироқ расид. Ӯ ба ҳамроҳи Иброҳим ибни Абдуллоҳи Толибӣ алайҳи ҳоким хуруҷ карда буд. Ба Куфа омадам. Хабарам доданд, ки бародарам кушта шудааст ва ин ки ӯ аввал бо Суфёни Саврӣ ва Абӯҳанифа дар мавриди ин ки оё ҷоиз аст хуруҷ алайҳи ҳоким ё на, машварат карда.

Пас, пеши Суфён омадам, то аз даргузашти бародарам ӯро хабардор бикунам, ба ӯ гуфтам: бародарам аз ту фатво пурсида буд?

Гуфт: бале, пешам омад ва аз ман фатво хост.

Пурсидам: шумо чӣ фатвое додед?

Гуфт: ба ӯ гуфтам, ман на дастури хуруҷ ба ту медиҳам ва на туро аз он наҳй мекунам.

Сипас, ба назди Абӯҳанифа омадам ва ба ӯ гуфтам: мутталеъ шудам, ки бародарам пеши ту омада аз ту фатво пурсидааст.

Гуфт: бале, пешам омад ва фатво пурсид.

Гуфтам: ҳоло шумо чӣ фатвое додед?

Гуфт: ба ӯ фатвои хуруҷ алайҳи ҳокими ситампешаро додам.

Он гоҳ ба Абӯҳанифа наздик шудам ва гуфтам: Худо хайрат надиҳад!

Гуфт: ин раъйи ман аст (яъне ман ба унвони фақеҳ, назарам ва фатвоям ҳамин аст).

Сипас ман дар радди назари Абӯҳанифа як ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) барояш нақл кардам. Абӯҳанифа гуфт: Ин ки мегӯӣ, хурофа аст (яъне ин ҳадис аз Паёмбари Акрам (с) собит нест.)”

(Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 13/395)

* * *

Аз Шӯрои мӯҳтарами уламо ва ба хусус шахси ҷаноби муфтӣ, хоҳиш мешавад бо фатвоҳо ва оро ва дидгоҳҳои Имом Абӯҳанифа ва ҳамчунин соири фуқаҳои ҳанафӣ ошно шаванд ва сипас изҳори назар намоянд.

Саломат бошед

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: