Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (5)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ҷомеаи дар ҳоли рушд

وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ

Масали онҳо дар Инҷил чун киштае аст, ки ҷавонаи худ бароварад ва онро моя диҳад, то бузург шавад ва бар соқаҳои худ биистад ва деҳқононро ба шигиифт оварад…” (Сураи Фатҳ, ояти 29)

Масали рушд ва такомули уммати ислом

Дар ин ояти карима, Худованд масалеро барои аҳли имон яъне барои мусалмонон, ки аз дастуроти Пайғамбари Акрам пайравӣ мекунанд, зикр мекунад. Ин масал бо баҳси мо иртиботи зиёде дорад. Мефармояд, масали инҳо дар Инҷил ин тавр зикр шудааст: мисли зироате ҳастанд, яъне донае, ки дар замин кишт мешавад. Аввал, ки ин дона сар мезанад, ба сурати барги нозук аст. Агар масалан донаи гандумеро дар замин бикоранд, аввал бор, ки аз замин мерӯяд, ба сурати барги хеле нозуку латиф аст. “فَآزَرَهُ” Аммо ин барг ба ҳамон ҳолати нозукӣ собит намемонад, тадриҷан бештар аз замин берун меояд ва дорои соқае мешавад, ки нисбат ба он барг сифати дигаре дорад, яъне онро тақвият мекунад, он барги нозукро муҳкам мекунад, яъне соқа дармеоварад. “فَاسْتَغْلَظَ” Баъд кам-кам ин соқа ғилзату захомат пайдо мекунад. “فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ” Рӯи соқаи худаш меистад. “يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ” Дар ин вақт аст, ки кишоварзонро ба таъаҷҷуб вомедорад, яъне мутахассисони фанни кишоварзӣ вақте нигоҳ мекунанд, таъаҷҷуб мекунанд. Ҳамин ҳолат аст ҳолати истиқлолу рушду таъолӣ, ки чашми душманро кӯр мекунад ва душман ба хашм дармеояд. Куффор вақте инҳоро мебинанд, ба хашм дармеоянд.

Ин масал, масали чист? Худаш фармудааст: “Онон, ки бо ин Пайғамбар ҳастанд, дар муқобили душман қавиву муҳкам, вале нисбат ба худашон меҳрубону нарм мебошанд.”

أَشِدَّاء عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاء بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا

Дар муқобили душман нерӯманду босалобатанд ва нисбат ба худашон меҳрубон; аҳли ибодату парастиш мебошанд, онҳоро дар рукӯъу суҷуд мебинӣ.

Ин матлабро таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ибодату парастиш, аз ислом ҷудошуданӣ нест. Баъзе аз афрод, ки бо таълимоти иҷтимоии ислом ошно шудаанд, ин ошноӣ сабаб шудааст, ки ибодатҳоро таҳқир кунанд. Вале хайр, инҳо аз якдигар тафкикпазир нест, амалан ҳам тафкикпазир нест. Яъне ин дастуроту ибодатҳо хоссияти худашро намедиҳад магар ин ки таълимоти иҷтимоӣ ба он замима шуда бошад. Таълимоти иҷтимоӣ ҳам хоссияти худашро намедиҳад магар ин ки ибодатҳо ба он замима шуда бошад.

يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِّنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا

Аз Худо зиёда мехоҳанд, ба он чи ки доранд, қонеъ нестанд. Афзунтар мехоҳанд, аммо на он тавр афзунхоҳӣ, ки моддимаслакҳо ва моддапарастҳо доранд, ки фақат дунболи пулу моддиёт мебошанд. Инҳо дар айни афзунталабӣ, ризои Худоро мехоҳанд. Дар роҳи ҳаққу ҳақиқат, афзунталаб мебошанд.

سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِم مِّنْ أَثَرِ السُّجُودِ

Мусалмонӣ дар чеҳраи онҳо пайдост, осори ибодат дар гунаи онҳо намоён аст. Яъне чӣ? Мақсуд ин нест, ки чун зиёд саҷда кардаанд, фақат пешониашон пина бастааст. Ибодат хоссияташ ин аст, ки дар қиёфаи инсон асар мегузорад. Як робитаи азиме миёни руҳу ҷисми инсон ҳаст. Афкору ақоид ва ахлоқу малакоти инсон дар қиёфаи ӯ асар мегузорад. Қиёфаи як инсони намозхон, бо як инсони торикуссалот (бенамоз) яке нест.

Ин чӣ масале аст, ки Худо барои мусалмонони садри аввал задааст? Масали рушд аст, масали такомул аст, масали ин аст, ки рӯ ба такомулу пешрафт мераванд. Аввал мисли ин ҳастанд, ки ба сурати як барги нозук аз замин рӯида мешаванд. Баъд ба сурати як соқаи захим дармеоянд, дорои баргҳо мешаванд, бӯтае мешаванд на монанди соири бӯтаҳо. Соири кишоварзон, соири муаллимон, соири тарбияткунандагони башарият вақте инҳоро мебинанд, ба ҳайрат фурӯ мераванд, ки ин рушд бо ин суръат ва ба ин хубӣ чӣ тавр мешавад? Суқротҳо вақте биёянд, ҳайрат мекунанд.

* * *

Суръати рушди мусалмонон

Иттифоқан яке аз чизҳое, ки боиси ҳайрати ҷаҳониён шудааст, ҳамин суръати рушди мусалмонон ва ба истиқлол расидани мусалмонҳост, ки Қуръон таъбир мекунад:

فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ

Рӯи пойи худаш биистад.” Яке аз урупоиҳо гуфтааст: агар мо се чизро дар назар бигирем, он вақт эътироф хоҳем кард, ки дар дунё монанди Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) раҳбаре вуҷуд надоштааст. Яке, аҳаммият ва азамати ҳадаф. Ҳадаф бузург буд, зеру рӯ кардани руҳияву ахлоқ ва ақоиду низомоти иҷтимоии мардум буд. Дуввум, қиллати (камии) васоилу имконот. Аз васоил чӣ доштааст? Ҳамон хешони наздики худаш бо ӯ тараф буданд. На пуле дошт, на зӯре ва на ҳамдасте. Як нафар-як нафар афродро ба худ мӯъмин сохт ва даври худ ҷамъ кард, то ба сурати бузургтарин қудрати ҷаҳон даромад. Омили севвум, суръати вусул ба ҳадаф буд, яъне дар камтар аз ним қарн, беш аз ниме аз мардуми дунё таслими дини ӯ шуданд ва имон оварданд. Он вақт мебинед чунин раҳбаре дар дунё вуҷуд надоштааст.

Ин аст мақсуди Қуръон аз ин масал, ки мегӯяд:

يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ

Мутахассисон ва деҳқонҳо ва кишоварзони инсоният то абад дар таъаҷҷуб фурӯ мераванд, ки инҳо чӣ тавр ба ин суръат пайдо шуданд ва рушд карданд ва рӯи по истоданд ва мева доданд?! Ин масал дар худи Қуръони Маҷид барои уммати ислом зикр шудааст.

Ин ҷо як суол мекунам: оё мусалмонони садри аввал ихтисосан бояд ин ҷур бошанд ва ин хоссият моли онҳо буд ё хоссият моли ислом аст? Яъне ҳар вақт ва ҳар ҷо мардуме воқеан исломро бипазиранд ва ба дастуроти ислом амал кунанд, ҳамин хоссияти рушду тазоюду такомулу истиқлол ва рӯи пойи худ истодан ва дигаронро ба ҳайрату таъаҷҷуб водоштанро доранд? Албатта ин хоссият моли ислом аст, на моли мардум. Ин хоссият моли имон ба ислом аст, моли пайравӣ аз таълимоти ислом аст. Ислом наомадааст барои ин ки ҷомеаро мутаваққиф кунад, миллати мусалмонро водор ба дар ҷо задан кунад. Ислом, дини рушд аст, дине аст, ки нишон дод амалан метавонад ҷомеаи худро ба ҷилав бибарад. Шумо бибинед дар чаҳор қарни аввали исломӣ, ислом чӣ кардааст! Вил Дуронт дар “Таърихи тамаддун” мегӯяд: “Тамаддуне шигифтангезтар аз тамаддуни исломӣ вуҷуд надорад…” Пас, ислом амалан хоссияти худашро нишон додааст. Агар ислом тарафдори ҷумуду якнавохтӣ мебуд, бояд ҷомеаро дар ҳамон ҳадди аввали ҷомеаи араб нигоҳ бидорад. Пас чаро тамаддунҳои васеъу аҷибро дар худаш ҷамъ кард ва аз маҷмӯъи онҳо тамаддуни азимтареро ба вуҷуд овард? Пас, ислом бо пешрафти замон мухолиф нест.

* * *

Иштибоҳи Густов Лебун

Густов Лебун (Gustave Le Bon) инсофан таҳқиқоти зиёде кардааст ва китобаш ҳам китоби бисёр боарзише аст, вале дар айни ҳол гоҳе ҳарфҳое мезанад, ки инсон таъаҷҷуб мекунад. Сабки фарангӣ ҳамин аст. Густов Лебун ворид мешавад дар баҳси иллатҳои инҳитоти мусалмонон, ки чаро мусалмонон инҳитот пайдо карданд? Чаро тамаддуни исломӣ ғуруб кард ва боқӣ намонд? Иллатҳое зикр мекунад. Яке аз иллатҳое, ки зикр мекунад, ҳамин адами интибоқ бо муқтазаёти замон (талаботи замона) аст. Мегӯяд: замон иваз шуд, тағйир кард ва мусалмонҳо хостанд боз исломро бо ҳамон хусусиёт, дар қарнҳои баъд нигоҳ доранд, дар сурате, ки имкон надошт, ва ба ҷои ин ки таълими исломиро раҳо кунанд ва муқтазаёти қарнро бигиранд, таълими исломиро гирифтанд ва мунҳат шуданд.

Дар ин ҷо ҳар касе моил аст бидонад, ки ин мусташриқи бузург чӣ мисоле барои муддаои худ овардааст?! Чӣ асле дар ислом буд, ки баъд муқтазаёти замон иваз шуд ва мусалмонҳо ба ҷои ин ки муқтазаёти замонро бигиранд, исломро гирифтанд ва мунҳат шуданд? Оқои Густов Лебун чӣ аслеро аз ислом пайдо кардааст, ки бо муқтазаёти замон интибоқ намекардааст ва мусалмонон ҷумуду хушкӣ ба харҷ медоданд ва намебоист ба харҷ медоданд ва мебоист бо замон ҳамоҳангӣ мекарданд?

Мегӯяд: яке аз таълимоти исломӣ, ки дар садри ислом хеле натиҷа бахшид ва роҳро ба сӯи миллатҳои дигар боз кард ва мардум фавҷ-фавҷ ислом ихтиёр карданд — ва махсусан миллатҳои ғайриараб, ки дар ситамҳои ҳуккому мӯбадону руҳониҳои худашон месӯхтанд — вақте бо он мувоҷеҳ шуданд истиқбол карданд, асли мусовот (баробарӣ) буд. Диданд, дар ислом имтиёзи нажодӣ ва табақотӣ вуҷуд надорад, аз ин ҷиҳат ислом хеле барояшон хушоянд буд. Ин асл — яъне асли мусовот — дар ибтидо ба нафъи ҷомеаи исломӣ буд, аммо мусалмонони баъд боз ҳам пофишорӣ ва якдандагӣ ба харҷ доданд ва мехостанд асли мусовотро дар давраҳои баъд иҷро кунанд, ва ҳол он ки агар мехостанд сиёдаташон маҳфуз бимонад, бояд ин аслро канор мегузоштанд. Араб баъд аз он ки ҳукуматро дар даст гирифт ва миллатҳои дигар мусалмон шуданд, бояд сиёсатро бар диёнат тарҷеҳ медод. Сиёсат эҷоб мекард, ки ин ҳарфҳоро канор бигузорад ва миллатҳои дигарро истисмор кунад, зери юғи бандагии худаш бикашад, то битавонад пояҳои ҳукумати худашро муҳкам кунад. Инҳо омаданд ба асли мусовот часбиданд ва фарқе миёни арабу ғайриараб нагузоштанд, ба дигарон майдон доданд, онҳоро оварданд ва қозии дараҷаи аввал карданд, дари таълимотро ба рӯяшон боз карданд. Кам-кам соири миллатҳо омаданд ва майдонро аз араб гирифтанд.

(Баъд мегӯяд:) аввалин қавме, ки майдонро аз араб гирифт, эрониҳо буданд, ки дар ибтидои ҳукумати Банӣ Аббос рӯи кор омаданд, монанди Бармакиён ва Зурриёсатайн. Баъд инҳо ақвому хешону бастагони худро рӯи кор оварданд ва арабро канор заданд. Ин ҷараён дар авоили қарни дуввум буд. Чанд сол гузашт, ки давраи сиёдати эрониён буд. Махсусан дар давраи Маъмун (чун модари Маъмун эронӣ буд) сиёдати эронӣ ба ҳадди аъло расид, ки ҳатто нақл кардаанд, рӯзе Маъмун аз роҳе мегузашт, як нафар араб ҷилави Маъмунро гирифт, гуфт: халифа! Фарз кун, ман ҳам як нафар эронӣ ҳастам, ба додам бирас! То давра расид ба бародараш Муътасим. Модари Муътасим аз туркҳои Мовароуннаҳр аст. Муътасим ба акс рафтор мекард. На ба араб рӯи хуш нишон медод ва на ба эронӣ, барои ин ки мавқеияти худашро ҳифз кунад. Бо арабҳо бад буд, чун тарафдори Банӣ Умайя буданд. Банӣ Умайя сиёсаташон сиёсати арабӣ буд ва аъробро бар ғайри аъроб тарҷеҳ медоданд. Аъроб тарафдори умавиҳо буданд. Банӣ Аббос умуман бо аъроб мухолиф буданд, чун медонистанд арабҳо тарафдори умавиҳо мебошанд. Ва забони форсиро, ки Банӣ Аббос зинда карданд, барои ин буд, ки намехостанд эрониҳо дар арабҳо ҳазм бишаванд. Иброҳим ибни ал-Имом бахшномае кардааст (ва ин бахшномаро Ҷорҷ Зайдон ва дигарон навиштаанд) ба тамоми нуқоти Эрон, ва дар он гуфтааст, ҳар арабе, ки пайдо кардед, бикушед! Муътасим дид аъроб тарафдори умавиҳо ҳастанд ва эрониҳо тарафдори Аббос писари Маъмун. Рафт қавму хеши модарашро аз Туркистон овард ва тадриҷан корҳоро ба дасти онон супурд, яъне ҳам эрониҳо ва ҳам аъробро канор зад. Аз ин рӯ унсури дигаре рӯи кор омад.

Ҳамаи ҳарфи оқои Густов Лебун ин аст, ки чаро халифаҳои аббосӣ бо ин ки худашон араб буданд, аз сиёсати арабии Банӣ Умайя пайравӣ накарданд? Густов Лебун ҳамон чизеро, ки фазилати ислом аст, айб гирифта ва далел бар адами интибоқи ислом бо муқтазаёти замон ва далел бар ҷумуду таҳаҷҷури мусалмонон донистааст. Мегӯяд, ин асл аз назари ахлоқ хуб аст, вале аз назари сиёсат гоҳе хуб аст ва гоҳе бад. Дар як замон аз назари сиёсат хуб аст, ки миллатҳои дигарро ба ислом наздик мекунад, аммо дар як замони дигар ҷояш буд, ки мусалмонҳо (яъне арабҳои он вақт) аз назари сиёсӣ ҳам, ки бошад, асли мусовоти исломро зери по бигузоранд.

* * *

Сиёсати урупоӣ

Густов Лебун иштибоҳ мекунад. Аввалан, ислом як равиши сиёсӣ ба мафҳуми урупоӣ нест. Сониян, агар мусалмонон исломро ин тавр бозичаи сиёсат карда буданд, имрӯз на аз ислом асаре буд ва на аз мусалмонон ба сурати як уммат. Ислом, ҳадафаш ин аст, ки мусовотро ба таври комил дар миёни мардум барқарор кунад. Агар ислом то вақте, ки аз мардум истифода мекунад аслеро тарҳ кунад баъд онро иваз кунад, ин ки ислом нест, ин сиёсати урупоӣ аст, ки эъломияи ҳуқуқи башар медиҳанд, то он ҷо, ки миллатҳои дигарро зери бор бикашанд, ҳамин ки зери бор кашиданд, мегӯянд, ҳамаи ин ҳарфҳо муфт аст!

Ин аст тарзи фикри инҳо, ки мегӯянд, ислом хушк ва ғайриқобили инъитоф аст ва бо муқтазаёти замон, яъне бо сиёсат ҷур дарнамеояд.

Ислом барои ин омадааст, ки бо ин сиёсатҳо дар дунё мубориза кунад. Ислом инҳоро муқтазаёти замон намедонад, инҳоро инҳирофи замон медонад ва дар муқобили инҳо истодагӣ мекунад.

Ин ҳамон айбе аст, ки иддае бар сиёсати Амирулмӯъминин Алӣ (а) гирифтанд. Гуфтанд: Алӣ ҳама чизаш хуб буд, марди илм буд, марди амал буд, марди тақво буд, марди отифаи инсоният буд, марди ҳикмату хитоба буд, вале як айби бузург дошт, ва он ин ки сиёсатмадор набуд. Чаро сиёсатмадор набуд? Чун инъитоф надошт, салобат ба харҷ медод. Алӣ масолеҳи сиёсиро дар назар намегирифт. Як нафар сиёсатмадор дар як ҷо бояд дурӯғ бигӯяд, як ҷо бояд ваъда бидиҳад ва амал накунад, як паймонеро имзо кунад, ҳамин ки кораш гузашт, зери имзои худаш бизанад. Як нафар сиёсатмадор бояд ба як нафар рӯи хуш нишон бидиҳад, то вақте, ки ӯро таслим кунад, ҳамин ки таслим кард, ӯро аз байн бибарад.

Аз назари инҳо, Мансури Давониқӣ як сиёсатмадор буд, барои ин ки Абӯмуслимро истихдом кард, бо ӯ паймон ва қарордод баст. Абӯмуслим ба нафъи Мансур қиём кард ва чӣ ҷиноятҳо, ки дар Хуросон ба нафъи Банӣ Аббос накард! Ин қаҳрамони миллиии худамонро бишносем. Доим мегӯянд, қаҳрамони миллӣ! Агар эрониҳоеро, ки ҳамин Абӯмуслим куштааст, ба ҳисоб биёваред, аз 300-400 ҳазор бештар аст. Мегӯянд, маҷмӯъи одамҳое, ки Абӯмуслим куштааст, 600 ҳазор нафар аст. Охир одам чӣ қадр бояд ҷонӣ (ҷинояткор) бошад! Мансур аз назари онҳо як сиёсатмадор буд. Ҳамин ки Абӯмуслим тамоми душманони Мансурро аз пеш ронд, худи Абӯмуслим кам-кам шох шуд. Абӯмуслим як сол бо як лашкари анбӯҳ ба Макка рафт. Дар муроҷеат, ҳамин, ки ба Рай расид, Мансур ӯро фаро хонд, ки биё ман бо ту коре дорам! Абӯмуслим наомад. Бори дуввуму севвум навишт. Боз ҳам нарафт. Билохира номаи таҳдидомезе барояш навишт. Абӯмуслим мураддад монд, ки биравад ё наравад. Бо хелеҳо машварат кард. Ҳама ба ӯ гуфтанд, нарав, хатарнок аст. Вале ба қавли маъруф, аҷалаш расида буд, рафт. Мансур гуфта буд, бояд танҳо биёӣ. Танҳо рафт, ворид шуд бар Мансур ва таъзим кард. Баъд аз аҳволпурсӣ, кам-кам Мансур ба ӯ хушунат кард, ки чаро фалон корро накардӣ? Чаро фалон ҷо амри маро итоат накардӣ? Абӯмуслим дид, кор хеле сахт шуд ва фаҳмид Мансур тасмим ба куштанаш дорад. Гуфт: Амир! Барои куштани душманонат маро нигаҳ дор. Гуфт: имрӯз аз ту душмантаре надорам. Мансур дастур дода буд, ду се нафар мусаллаҳ пушти дар монда буданд ва гуфта буд ҳар вақт ман фалон аломатро додам, фавран биёед ва Абӯмуслимро бикушед. Ҳамин ки хуб Абӯмуслимро маломат кард, он аломатро дод. Рехтанд ва Абӯмуслимро тикка-тикка карданд, баъд ҳам ӯро дар як намад печиданд.

Аз назари ин ҷур афрод, оқои Мансур сиёсатмадори бузурге аст, душманро ин гуна аз байн мебарад.

Инҳо гилаашон аз Алӣ (а) ин аст, ки чаро Алӣ монанди Мансури Давониқӣ рафтор накард? Чаро ба Муовия рӯи хуш нишон надод, нома ба ӯ нанавишт ва ӯро иғфол накард? Чаро Муовияро хом накард, то баъд ӯро ба марказ бихоҳад ва бо як найрангу дасиса аз байн бибарад? Чаро дурӯғ намегуфт? Чаро табъиз қоил намешуд? Чаро ришва намедод? Чаро ҳамон тавр, ки Муовия нисбат ба байтулмол амал мекард, ӯ амал намекард?

Мегӯянд: айби ислом ҳамин аст, ки хушк аст, инъитофпазир нест, бо муқтазаёти замон татбиқ намекунад, як марди сиёсатмадор агар бихоҳад бо ислом амал кунад, наметавонад сиёсатмадорӣ кунад.

Ислом омадааст барои ҳамин ки бо ин навъ сиёсатмадориҳо мубориза кунад. Ислом омадааст барои хидмат ба башарият. Ислом посдори инсоният аст. Агар ислом ин миқдор инъитоф дошта бошад, ки дигар ислом нест, шайтанат аст. Ислом посдори дурустӣ ва ҳақиқату адолат аст. Аслан, фалсафаи ислом ин аст, бояд дар ин ҷур ҷиҳот салобату истеҳком дошта бошад.

Алӣ он ҷур рафтор кард, ки қарнҳо бар дили мардум ҳукумат мекунад. Алӣ аз фикри худаш дар замони худаш ҳимоят кард ва фикри худашро ба сурати як асл дар дунё боқӣ гузошт. Ба ҳамин ҷиҳат равиши Алӣ ба сурати имон дар миёни афрод вуҷуд дорад.

Пас, Алӣ дар сиёсати худаш шикаст нахӯрд. Агар сиёсати Алӣ ва ҳадафаш ин буд, ки чаҳор сабоҳе, ки мехоҳам дар дунё зиндагӣ кунам, дар неъмату ҷоҳ бошам, он вақт Алӣ шикаст хӯрда буд, аммо чун Алӣ марди имону ақидаву ҳадаф буд, шикаст нахӯрдааст.

Пас, яке аз таваққӯъоти беҷое, ки дар боби интибоқ бо муқтазаёти замон доранд ин аст, ки риҷоли сиёсат, номи ҳолати рӯбоҳсифатии худашонро — ки дар ҳар замон, ҳар ранге ҷомеа пайдо кунад ба ҳамон ранг мешаванд — инъитоф, хоссияти интибоқ бо замон, зарангӣ ва ақл гузоштаанд ва ба ҳамин такя мекунанд ва интизор доранд ислом ин таваққӯъро бароварад ва чун барнамеоварад, мегӯянд айби ислом ҳамин аст, ки монеъ аст, ки инсон худашро бо замон татбиқ диҳад.

Ифтихори ислом ин аст, ки ҷилави ин интибоқҳоро гирифтааст. Ҳусайн ибни Алӣ, ки имрӯз бар дили шумо ҳукумат мекунад, ҷиҳаташ ин аст, ки ранги замон ба худ нагирифт; нагуфт агар Пайғамбар ҳукумат кунад, ранги Пайғамбар, агар Муовия ҳукумат кунад, ранги Муовия, агар Язид ҳукумат кунад, ранги ӯро бояд бигирем ва чун замона ин ҷур шудааст, бояд ранги замонаро бигирем. Вақте, ки Марвони Ҳакам ба ӯ гуфт: эй Абӯабдуллоҳ! Ман як ҷумлаи хайрхоҳонае барои ту дорам. Фармуд: бигӯ. Гуфт: ман маслиҳати туро дар ин мебинам, ки бо Язид байъат кунӣ. Ҳазрат нафармуд, ки ин маслиҳату манфиати ман нест, (балки) фармуд: дар он мавқеъ ислом чӣ хоҳад шуд?

وعلى الاسلام السلام إذ قد بُليت الأمّة براعٍ مثل يزيد

Фармуд: агар уммат ба ҳокиме чун Язид гирифтор шавад, пас бояд фотиҳаи исломро якҷо хонд. (Луҳуф, с.11)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: