Перейти к содержимому

“Мехоҳам охирин духтаре дар ҷаҳон бошам, ки саргузаште ҳамонанди ман доштааст”

Рӯзномаи Guardian гузидае аз хотироти Нодия Мурод, барандаи ҷоизаи сулҳи Нубели 2018-ро ба номи “Охирин духтар: достони ман аз асорат ва набард бо ДОЪИШ” мунташир кардааст, ки ба ҳамроҳи Денис Мугвеге, пизишки мутахассиси занон аз Кунгу, барандаи ҷоизаи Нубели 2018 шуд.

Ба навиштаи ин рӯзномаи бритониёӣ, Нодия Мурод дар августи 2014 пас аз ҳамлаи ДОЪИШ ба хонаи онон, дар пайи ишғоли рустои Кучу дар Синҷор дар шимоли Ироқ, ба ҳамроҳи дигар бонувони эзадӣ ва хоҳаронаш ба асорат бурда шуд ва модар ва 6 бародараш кушта шуданд.

Ӯ мегӯяд, ки ман асири ДОЪИШ будам ва бозгӯ кардани ин достон беҳтарин силоҳе аст, ки дар ихтиёр дорам.

Нодия Мурод дар идома, ба фурӯхта шудани худ ва дигар духтарону занони асири ДОЪИШ дар бозори бардафурӯшӣ пардохта ва мегӯяд, ки шуморе аз афроди ДОЪИШ ҳамроҳ бо муштариён вориди макони нигаҳдории онон шуда ва ба муойинаи асирони ваҳшатзада барои итминон ёфтан аз саломатӣ ва бокирагии онон мепардохтанд.

Вай афзудааст, ҳангоме, ки аносури ДОЪИШ вориди утоқ шуданд, илова бар баррасии духтарон, аз онҳо суолҳое ба забони арабӣ ё туркманӣ мекарданд. Аносури ДОЪИШ бо фарёд задан, аз духтарон мехостанд, ки сокиту ором бошанд, аммо садои ҷиғу фарёди духтарон баландтар мешуд.

Ба навиштаи Нодия, ҳамла ба Синҷор дар шимоли Ироқ ва ба асорат гирифтани духтарон барои истифода ба унвони бардаи ҷинсӣ, ки ба онон “сабоё” мегуфтанд, тасмими шахсии як доъишии ҳарису таммоъ дар майдони набард набуд, балки барномаи ДОЪИШ буд, ки аз онон ба унвони ангезае барои ҷазби ҷангҷӯёни бештар истифода ва ҳатто тасовири “сабоё”-ро дар маҷаллаи таблиғотии худ чопу мунташир мекарданд.

Вай дар хотироташ меафзояд, ДОЪИШ ба андозае, ки аъзояш тасаввур мекунанд, асил нест. Дар саросари таърих аз таҷовузи ҷинсӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ истифода мешуд. Ман ҳеч гоҳ тасаввур намекардам, ки мумкин аст ваҷҳи муштараке бо занони Руондо дошта бошам ва ҳатто намедонистам, ки кишваре ба ин ном вуҷуд дорад, аммо акнун бо бадтарин равиши мумкин яъне ба унвони қурбонии ҷинояти ҷангӣ, бо онон иртибот барқарор кардаам. Бисёр душвор аст, ки бигӯям ҳеч кас то 16 сол пеш аз вуруди ДОЪИШ ба Синҷор, ба иллати иртикоби ин ҷурм дар ҷаҳон таҳти таъқиб қарор нагирифта ва муҳокима нашуда будааст.

Нодия Мурод дар ниҳоят аз дасти касоне, ки ӯро ба асорат гирифтанд гурехт ва ба сурати ғайриқонунӣ аз Ироқ хориҷ ва дар авоили 2015 ба Олмон паноҳанда шуд ва дар ҳамон сол мубориза барои афзоиши огоҳии ҳамагонӣ аз қочоқи инсонро оғоз кард.

Нодия навиштааст, ман дар ноябри 2015 як солу се моҳ пас аз вуруди ДОЪИШ ба деҳкадаи Кучу дар Синҷори Ироқ, барои суханронӣ дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи масоили ақаллиятҳои ҷаҳон, Олмонро ба мақсади Суис (Швейтсария) тарк кардам ва ин нахустин боре буд, ки достони зиндагии худро дар баробари шумори зиёде аз ҳозирон ва шунавандагон бозгӯ мекардам.

Ман мехостам дар бораи ҳамаи мавзӯъҳо — аз кӯдаконе, ки дар ҳангоми фирор аз ДОЪИШ, бар асари беобӣ ҷон бохтанд, хонаводаҳои саргардон дар кӯҳистонҳои Синҷор, ҳазорон зану кӯдаке, ки дар асорат буданд ва ривояти бародаронам аз кушторгоҳ — сухан бигӯям. Ман танҳо яке аз садҳо ҳазор қурбонии эзадӣ будам, ки аъзои ҷомеаи ман пароканда шуда ва дар урдугоҳҳои дохилу хориҷи Ироқ зиндагӣ мекарданд ва Кучу ҳанӯз дар ишғоли ДОЪИШ буд. Ҷаҳон бояд матолиби зиёде дар бораи рухдодҳое, ки бар сари эзадиҳо омада буд, мешунид.

Мо бояд ДОЪИШ-ро аз фармондеҳонаш то шаҳрвандоне, ки аз иқдомоти ваҳшиёнаи онҳо ҳимоят мекардаанд, ба иттиҳоми наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият, таъқиб ва Синҷорро озод мекардем.

Ман бо ҳозирон дар бораи Ҳоҷӣ Салмон ва чандин боре, ки ба ман таҷовуз кард ва тамоми бадрафториҳое, ки шоҳид будам, сухан гуфтам. Ростгӯӣ яке аз душвортарин ва ҳамчунин муҳимтарин тасмимҳое буд, ки ман гирифтаам. Ман бо ин ки дар ҳангоми сухан гуфтан меларзидам, наҳваи ишғоли Кучу ва чигунагии ба асорат гирифта шудани духтароне монанди худам ба унвони бардаи ҷинсӣ ва ин ки чӣ гуна маро борҳо мавриди таҷовуз, зарб, ҷарҳу шатм қарор дода буданд, баён кардам.

Нодия афзуд, достони ман, ки бо садоқат баён шуд, беҳтарин силоҳам алайҳи теруризм аст ва қасд дорам аз он то ҳангоми муҳокима шудани теруристҳо истифода кунам. Ман дар поёни суханронии кӯтоҳам, ба ҳозирон гуфтам, ки барои ин кор омӯзиш надидаам ва эзадиҳо хостори таъқибу муҳокимаи ДОЪИШ ба иттиҳоми наслкушӣ ҳастанд.

Онон (Созмони Милали Муттаҳид) қудрати кӯмак ба дифоъ аз афроди осебпазир дар саросари ҷаҳонро доранд. Ман ба онҳо гуфтам, ки мехоҳам рӯ дар рӯ ба чашми мардоне, ки ба ман таҷовуз кардаанд, нигоҳ кунам ва бибинам, ки ба сарпанҷаи адолат супурда шудаанд.

Ман беш аз ҳар чизе гуфтам, ки мехоҳам охирин духтаре дар ҷаҳон бошам, ки саргузаште ҳамонанди ман доштааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: