Перейти к содержимому

Тоҷикистон пас аз Яман, дуввумин кишвари дарёфткунандаи бузурги кӯмакҳои Малик Салмон

Сарпарасти “Маркази имдодрасонӣ ва кӯмаки Малик Салмон” (KSRelief) эълом кард, Тоҷикистон пас аз Яман, дуввумин кишвари дарёфткунандаи кӯмакҳои ин созмон ба шумор меравад.

Ба гузориши Arabnews, дуктур Абдуллоҳ ар-Робеҳ, сарпарасти “Маркази имдодрасонӣ ва кӯмаки Малик Салмон” (KSRelief) гуфт: “Арабистони Саудӣ ҳамеша ва бидуни ҳеч гуна табъизе, ба ҳамаи кишварҳое, ки ниёз доранд, кӯмакҳои худро мерасонад.”

Вай афзуд: “Маркази имдодрасонӣ ва кӯмаки Малик Салмон (KSRelief), аз замони таъсисаш дар соли 2015, дар 42 кишвари ҷаҳон 469 пружаро ба иҷро даровардааст.”

Дуктур Ар-Робеҳ бо таъкид бар ин ки “Тоҷикистон пас аз Яман, дуввумин кишвари дарёфткунандаи бузурги кӯмакҳои KSRelief ба шумор меояд”, изҳор дошт: “KSRelief ба осебдидагони заминларза ва сел дар Тоҷикистон кӯмак кард ва бо ҳамкории Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ соири ниҳодҳои ин кишвар, дар ҳоли иҷрои чандин пружаи муҳим дар Тоҷикистон мебошад.”

Ӯ хотиринишон кард, ки ин марказ то кунун 50 тонн эҳдоӣ ба унвони ҳадяи давлати саудӣ ва низ таҷҳизоти пешрафтаеро ба Кумитаи ҳолатҳои фақулъодаи Тоҷикистон эҳдо намудааст.

Гуфтанист, равобити Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон дар чанд соли ахир ва ба хусус пас аз тира шудани робитаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон гарм шудааст. Ҳудуди як сол пеш (6 сентябри 2017) сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар мусоҳибае гуфта буд: “Хушҳолем, ки бигӯем, ки мо дар Сафорати Саудӣ бо ҳамкории наздик бо дӯстонамон дар давлати тоҷик, тавонистем Эрон ва намояндагони онҳоро аз ин кишвари форсизабон берун кунем.”

Абдулазиз бен Муҳаммад ал-Бодӣ дар ин мусоҳиба гуфта буд: “Равобити дуҷонибаи Подшоҳии Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди таҳаввулоти мусбат дар замони ахир будааст, зеро акнун ин равобит дар муқоиса бо се даҳа пеш, ба болотарин сатҳи худ расидааст.”

Вай афзуда буд: “Боздиди мақомоти аршади Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ ва ҳимояти онҳо аз масоили мавриди алоқаи Риёз дар дунёи ислом, мӯҷиби шукуфоии ҳарчи бештари равобити ду тараф шудааст ва дар сурате, ки даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз подшоҳи Арабистон барои дидори Душанбе пазируфта шавад, чашмандозҳои ҷадидеро дар равобити ду кишвар хоҳем дид.”

Ал-Бодӣ дар ин мусоҳиба, ки пас аз як рӯз аз нашри он дар расонаҳои Саудӣ (аз ҷумла дар рӯзномаи «Риёз») бардошта шуд ва ин изҳорот аз сӯи сафир мавриди инкор қарор гирифт, изҳор карда буд: “Бо ин ки аксарияти мардуми Тоҷикистон форсӣ сӯҳбат мекунанд, вале Эрон наметавонад ҷойгоҳи муҳимме дар миёни афкори умумии тоҷик ба даст оварад. Рафтори бади Эрон, боиси адами эътимоди мақомоти тоҷик нисбат ба иқдомоти он кишвар шуда ва хушҳолем, ки бигӯем, ки мо дар Сафорати Саудӣ бо ҳамкории наздик бо дӯстонамон дар давлати тоҷик, тавонистем Эрон ва намояндагони онҳоро аз ин кишвари форсизабон берун кунем, бинобар ин, акнун шоҳид ҳастем, ки сатҳи намояндагии диплумотик байни ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон рӯзона коҳиш меёбад ва марокизи диплумотик ва фарҳангии Эрон баста шудаанд, ва ин як пирӯзии бузург барои Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва раҳбари он аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: