Перейти к содержимому

Тромп: “Шумо бидуни мо ду ҳафта ҳам давом нахоҳед овард!” (филм)

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, рӯзи сешанбе (02.10.2018), дар ҷамъи ҳомиёнаш дар иёлати Мисисипӣ гуфт: “Мо аз Арабистони Саудӣ муҳофизат мекунем. Шояд шумо бигӯед, ки онҳо сарватманданд ва ман ошиқи подшоҳ, Малик Салмон ҳастам! Аммо ман ба ӯ гуфтам: “Подшоҳ! Мо аз шумо ҳифозат мекунем. Шумо бидуни мо ду ҳафта ҳам давом нахоҳед овард. Бояд ҳазинаҳои артиши худатонро бипардозед!

Ба гузориши Алҷазира, Тромп дар идома ёдовар шуд: “Мо аз бисёре аз ин кишварҳо (кишварҳои халиҷи Форс) дар изои ҳеч чиз дифоъ мекунем ва баъд онҳо аз мо суистифода карда ва нафтро ба баҳои боло ба мо мефурӯшанд. Ин аслан хуб нест. Мо аз онҳо мехоҳем, то афзоиши қиматҳоро мутаваққиф кунанд. Мо аз онҳо мехоҳем, то коҳиши қиматҳоро оғоз кунанд.”

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, дар гуфтугӯ бо Bloomberg, дар вокуниш ба ин иҳонати Тромп, бо баёни ин ки “Арабистон пеш аз Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дошт, мо аз соли 1744 мелодӣ вуҷуд дорем ва фикр кунам, ки ин яъне беш аз 30 сол қабл аз ба вуҷуди омадани Омрико”, изҳор дошт: “Медонед, бояд қабул кард, ки дӯстон чизҳои хубу бад дар бораи мо мегӯянд. Шумо наметавонед дӯстоне дошта бошед, ки сад дар сад чизҳои хубе дар бораи шумо бигӯянд. Ин моҷаро ҳатто даруни хонаводаҳо ҳам содиқ аст. Ҳамеша суитафоҳумҳое вуҷуд дорад ва мо ин (суханони Тромп)-ро ҳам дар ҳамин даста табақабандӣ мекунем.”

Бо ин ҳама, Муҳаммад бен Салмон дар ин гуфтугӯ, бо таъкид бар пойбандии Арабистон ба ваъдаи худ ба Омрико барои ҷойгузин кардани нафти Эрон пас аз таҳримҳо, хотирнишон кард: “Ба изои ҳар як бушка, ки ахиран аз (тавлиди) Эрон кам шуд, мо то ду бушка содирот дорем.”

Ба гуфтаи Муҳаммад бен Салмон, Арабистони Саудӣ, ки акнун ҳудуди 10.7 милюн бушка нафт дар рӯз содир мекунад, метавонад “дар сурати ниёзи бозор” то 1.3 милюн бушкаи дигар низ ба ин рақам изофа кунад.

Ин барои севвумин бор аст, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, тасреҳ мекунад, ки агар ҳимояти Омрико аз кишварҳои халиҷӣ ба хусус Арабистони Саудӣ набошад, ҳукуматҳои ин кишварҳо ҳатто ду ҳафта низ давом намеоваранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: