Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (326)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (69)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (5)

* * *

Каффи каж, к-аз баҳри сидқе хостаст,

Асли софи он, фаръро оростаст.

Агар кафҳои дарё зоҳиран каҷ ба назар мерасад, набояд ин амрро фаромӯш кард, ки зербино ва гавҳару асли ин кафҳои каҷ, оби софу зулоли дарёст.

Нукта: Ин байт низ тавзеҳу шарҳе аст бар раво будани шатаҳиёт ва танзеҳи онҳо аз лавси ширку куфр. “Каффи каж” тамсилест аз суханони куфромезу калимоти динситези орифони восил ва сӯфиёни комил, чун ин калимот низ ҳамчун каф аз дарёи сидқу сафо бархоста, ки агар дар жарфои он ғавр шавад, ба даст меояд, ки он алфози ба зоҳир кажу носавоб, росту савоб ба назар мерасад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.844-845)

Он кафашро софиву маҳқуқ дон,

Ҳамчу дашноми лаби маъшуқ дон.

Ту бояд каломи номаъқули марди ошиқро софу мақбул бидонӣ, дуруст монанди носазое, ки аз маъшуқ мешунавӣ.

Маҳқуқ: сазовор.

Гашта он дашноми номатлуби ӯ,

Хуш зи баҳри оризи маҳбуби ӯ.

Носазои зишти маъшуқ ба мазоқи ошиқ хуш меояд, зеро ки зеборӯй аст.

Ориз: рӯй, чеҳра.

Гар бигӯяд каж, намояд ростӣ,

Эй каже, ки ростро оростӣ!

Ошиқ агар сухани нодуруст ҳам бизанад, каломаш намояндаи ростӣ ва сафост. Шигифто аз ин сухани каҷ, ки каломи росту савобро низ ороиш дода ва зебо кардааст.

Аз шикар гар шакли ноне мепазӣ,

Таъми қанд ояд на нон, чун мемазӣ.

Ба унвони мисол, сухани ошиқ монанди қурси ноне аст, ки аз шакар пухта шуда бошад, зоҳири шакли нони маъмулиро дорад, вале ҳамин ки онро мазза кунӣ ва бичашӣ, таъми қанду ширинӣ медиҳад.

Мемазӣ: мазза мекунӣ, мечашӣ, аз масдари мазидан.

Гар бути заррин биёбад мӯъмине,

Кай ҳилад ӯро пайи саҷдакунӣ?

Мисоли дигар, агар мӯъмине буте тилоиро пайдо кунд, кай онро барои парастидан боқӣ мегузорад? (Ҳаргиз ин корро намекунад.)

Балки гирад, андар оташ афканад,

Сурати орияташро бишканад.

Балки он мӯъмини яктопараст он бутро даруни оташ меафканад, то сурати зоҳирии онро аз миён бардорад.

То намонад бар заҳаб шакли васан,

З-он ки сурат монеъ асту роҳзан.

Ин амалро мекунад, то нақши бут бар тило намонад, зеро ки сурат монеъ аз таваҷҷӯҳу илтифот ба гавҳару ботин аст.

Заҳаб: тило. Васан: бут.

Нукта: Ҳамин тавр орифи мӯъмин ҳар гоҳ каломе бар сабили “шатҳ” бишнавад, ба сурати он нигоҳ намекунад, балки гавҳари онро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад, зеро сурат,роҳзану гумроҳкунанда аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.846)

Зоти зарраш зоти раббонийят аст,

Нақши бут бар нақди зар орийят аст.

Зоти заррини буд, ҷанбаи худоӣ дорад, вагарна нақши бут бар рӯи тило, ҷанбаи ориятӣ дорад, ва эътиборе бар ӯ мутараттиб нест.

Баҳри кайке ту гилемеро масӯз

В-аз судоъи ҳар магас магзор рӯз.

Эй ғофил аз маъно ва моил ба шаклу сурат! Ба хотири ҷонвари хурду ночизе монанди кайк, гилемеро ба оташ макашон, ва ба хотири озори магасе, баҳраи рӯзро аз даст мадеҳ.

Судоъ: сардард, дарди сар.

Нукта: Мавлоно дар ин байт, маъноро ба гилем ва суратро ба кайк ташбеҳ кардааст. Ба таври куллӣ, дар байтҳои фавқ суратгароии ифротӣ, ки мӯҷиби маҳви муҳтаво ва маъно шавад, мавриди нақд қарор гирифтааст. Зимнан, мисроъи дуввум, ишора ба зарбулмасали: “Баҳри кайке гилем натавон сӯхт” аст, назири: “Барои як бенамоз, дари масҷидро намебанданд.” (Амсолу ҳикам, ҷ.1, с.479)

Бутпарастӣ, чун бимонӣ дар сувар,

Сураташ бигзору дар маънӣ нигар.

Агар дар суратҳо дар ҷо бизанӣ ва роҳ ба маъно набарӣ, бидон, ки бутпарастӣ. Пас, суратро раҳо кун ва ба маъно рӯй овар.

Марди ҳаҷҷӣ, ҳамраҳи ҳоҷӣ талаб,

Хоҳ ҳинду, хоҳ турку ё араб.

Агар ту марди ҳаҷҷӣ ва ба зиёрати хонаи Худо раҳсипорӣ, як ҳоҷии ошиқ талаб кун ва дигар ба сафед будан ё сиёҳ будан ва ё тозӣ буданаш коре надошта бош.

Мангар андар нақшу андар ранги ӯ,

Бингар андар азму дар оҳанги ӯ.

Ту набояд ба рангу сурати ӯ нигоҳ кунӣ, балки бояд ба азму ҳиммати ӯ назар дошта бошӣ, зеро сурату ранг зоҳирӣ ва эътиборӣ аст ва рӯ ба заволу фано.

Гар сиёҳ аст ӯ, ҳамоҳанги ту аст,

Ту сапедаш хон, ки ҳамранги ту аст.

Агар он ҳамроҳ сиёҳчеҳра аст, чун ҳамроҳи туст бояд ӯро сафед бидонӣ, зеро агарчӣ дар сурат монанди ту нест, вале дар маъно ҳамранги туст.

Нукта: Дар байтҳои фавқ дидгоҳи орифонаи ваҳдати вуҷуд ба ваҳдати олами инсонӣ дар арсаҳои иҷтимоӣ кашидааст. Ихтилофи рангҳо ва нажодҳо амре нест, ки битавонад миёни ҷомеаҳои инсонӣ тафриқа падид оварад, зеро эътиқод ба нажодпарастӣ ва фирқагароӣ, амре шайтонӣ аст, шайтон буд, ки асоси таъассуботи нажодӣ ва қавмиро биафканд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.847)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: