Перейти к содержимому

Қитъа-қитъа кардани ҷасади рӯзноманигори барҷастаи арабистонӣ дар консулгарӣ

Ҳамзамон бо интишори хабари қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар расонаҳо, як манбаъи баландпояи пулиси Туркия ба пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Middle East Eye гуфтааст, Хошуқҷӣ қабл аз қатл ба тарзи ваҳшиёнае шиканҷа шуда ва сипас ҷасади ӯ қитъа-қитъа шудааст.

Саранҷом пас аз чанд рӯз гумоназанӣ дар бораи сарнавишти мубҳами рӯзноманигори нопадидшудаи арабистонӣ, бархе манобеъ аз қатли фаҷеъи ӯ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истонбул хабар доданд.

Мақомоти Туркия мӯътақиданд, Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ, ки чаҳор рӯз пеш дар ҳини муроҷеа ба консулгарии Арабистон дар Истонбул нопадид шуда буд, дар дохили консулгарӣ ба қатл расидааст.

Яке аз манобеъи туркияӣ ба Reuters гуфт: “Арзёбии аввалияи пулиси Туркия ин аст, ки оқои Хошуқҷӣ дар дохили консулгарии Арабистон ба қатл расидааст. Мо мӯътақидем, ки ин қатл аз пеш барномарезӣ шуда буда ва сипас ҷасад ба хориҷ аз консулгарӣ мунтақил шудааст.”

Ҳамзамон бо интишори хабари қатли Хошуқҷӣ дар расонаҳо, як манбаъи баландпояи пулиси Туркия ба пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Middle East Eye гуфтааст, Хошуқҷӣ қабл аз қатл ба тарзи ваҳшиёнае шиканҷа шуда ва сипас ҷасади ӯ қитъа-қитъа шудааст. Ин манбаъ тасреҳ кард: “Хошуқҷӣ ба тарзи ваҳшиёнае шиканҷа, кушта ва сипас қитъа-қитъа шуд. Аз ҳама чиз филмбардорӣ шуд, то собит шавад маъмурият анҷом шудааст ва навор ҳам аз кишвар (Туркия) хориҷ шуд.”

Хабаргузори Reuters гуфта нопадид шудани Хошуқҷӣ эҳтимолан ихтилоф дар равобити Арабистон ва Туркияро амиқтар хоҳад кард. Равобити ин ду кишвар аз қабл ба далели эъзоми сарбозони туркияӣ ба Қатар танишолуд будааст.

Пулиси Туркия гуфта ҳамзамон бо ҳузури рӯзноманигори мақтул дар консулгарӣ, 15 арабистонӣ бо ду ҳавопаймои хусусӣ ба Истонбул омаданд. Дар ҳамон рӯз ҳам Истонбулро тарк карданд.

Ҷаъбаҳои диплумотикро наметавон боз кард, аммо як манбаъи иттилоотии туркияӣ ба Middle East Eye гуфта ӯ мутмаин аст ҷасади Хошуқҷӣ дар даруни онҳо набудааст.

Ахиран, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, дар гуфтугӯ бо Bloomberg, зимни изҳори беиттилоӣ аз сарнавишти Хошуқҷӣ гуфта буд, ки пулиси Туркия метавонад сохтмони консулгариро тафтиш кунад.

Хошуқҷӣ яке аз мунтақидони сарсахти сиёсатҳои Муҳаммад бен Салмон аст ва дар ин авохир дар Омрико ба сар ме‍бурд. Ӯ дар рӯзномаи Вошингтун пост ёддошт менавишт. Ин рӯзнома дар эътироз ба нопадид шудани Хошақҷӣ, як сутуни холӣ ба номи ӯ мунташир кард ва навишт, ки ин ҷо ҷои ёддошти Хошуқҷӣ аст.

Муҳаммад Мухтор ал-Шанқитӣ, дар гуфтугӯ бо Алҷазира гуфтааст, манобеъи мӯътабари туркияӣ ба ӯ иттилоъ додаанд, ки Туркия мадорики мӯътабаре дар даст дорад, ки нишон медиҳад, Арабистон ва як кишвари дигар дар терури Хошуқҷӣ даст доштаанд.

Хошуқҷӣ чанд рӯз пеш барои анҷоми корҳои марбут ба издивоҷаш, ба консулгарии кишвараш дар Истонбул муроҷеа кард, аммо пас аз вуруд ба консулгарӣ нопадид шуд. Номзади ӯ мӯътақид аст, ки аз консулгарӣ хориҷ нашудааст, ба ҳамин далел дар баробари онҷо таҳассун кард. Мақомоти саудӣ аммо ин иддаоро рад мекунанд.

Муҳаммад ал-Утайбӣ, сарконсули Арабистон дар Истонбул, сохтмони консулгариро барои хабарнигорони Reuters боз кард ва гуфт: “Моил ҳастам таъкид кунам, ки шаҳрванд Ҷамол дар консулгарӣ ва Арабистони Саудӣ нест. Консулгарӣ ва сафорати мо талошҳое барои пайдо кардани ӯ анҷом медиҳад. Мо дар бораи ин масъала нигарон ҳастем!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: