Перейти к содержимому

Баргузории конфронси байналмилалии Ҷалолуддини Балхӣ дар Бишкек (тасовир)

Конфронсе бо мавзӯи Ҷалолуддини Балхӣ дар Қирғизистон ба мизбонии сафорати Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Туркия оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, конфронсе бо мавзӯи “Шахсият, ирфон, калом ва инсонгароии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” субҳи имрӯз дар Донишгоҳи туркӣ- қирғизӣ бо ҳузури коршиносон, асотид, сафирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Туркия оғоз ба кор кард.

Ин ҷаласа ба мизбонии Ройзании фарҳангии Эрон, донишгоҳи Монос, сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Эрон, Туркия ва Афғонистон баргузор шуд ва ҳадафи он ошноии бештар бо осори Ҷалолуддини Балхӣ ва баррасии охирин мутолеоти таҳлилии марбут ба шеърҳои он орифи бузург аст.

Дар маросими ифтитоҳияи ин конфронс Сӯҳроб Олимзода, сафири Тоҷикистон, Муҷтабо Рӯзбаҳонӣ, сафири Эрон, Чингиз Камол Фирот, сафири Туркия, Муҳаммад Исо Масеҳ, сафири Афғонистон ва намояндагони ҷомеаи илмии кишварҳои мазкур дар суханоне Ҷалолуддини Балхиро муаррифӣ карданд.

Муҷтабо Рӯзбаҳонӣ, сафири Эрон дар Қирғизистон, бо ишора ба нақши Мавлоно дар адабиёти ҷаҳон изҳор дошт: “Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, шоири бузурги форсӣ, яке аз ситорагони осмони фарҳанг ва маънавияти ҷаҳон аст, ки ба зудӣ маросими бузургдошти вай дар устони Ардабили Эрон баргузор мешавад.”

Сафири Эрон идома дод: “Ин шахсияти бузург ситораи осмони фарҳанг буда ва 70 ҳазор байт шеър дорад. Вай пас аз дидор бо Шамси Табрезӣ, аз андешаҳои вай огоҳ шуд ва сафари ирфонии худро оғоз кард.”

Вай афзуд: “Мавлоно бо баҳрагирӣ аз сарчашмаи зулоли дини ислом, оёти Қуръон ва каломи Паёмбар ва ҳамчунин бо истифода аз манобеъи адабӣ ва ирфонии забони форсӣ, ки муҳимтарин забон дар Туркия, шибҳиқорра, Осиёи Марказӣ ва Қафқози он замон буд, шоҳкори худро офарид.”

Муҷтабо Рӯзбаҳонӣ гуфт: “Аз муҳимтарин паёмҳои Мавлавӣ, зарурати шинохти инсон аст. Вай аз пайвандҳои хонаводагӣ ва қавмӣ ва сиёсӣ убур карда ва ҳамдилиро унсури аслии пайвандҳои инсонӣ медонад.”

Сафири Эрон тасреҳ кард: “Бе шак, осори баҷомонда аз ирфон, ишқ ва маънавияти Мавлоно метавонад гиреҳгушои бисёре аз мушкилот бошад. Паёми вай қурбонӣ кардани худ буд ва худ ҳамаи он чиро, ки дошт, дар ин роҳ истифода кард.”

Вай хотирнишон кард: “Баргузории ингуна нишастҳои фарҳангӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои беҳбуди муносиботи байни миллатҳо ва давлатҳост ва шахсиятҳое ҳамчун Мавлавӣ, Низомӣ, Монос ва Обой метавонанд дар ин масир ҳамроҳу ёвари мо бошанд.”

Дар ҳошияи ин конфронс намоишгоҳи наққошӣ ба мизбонии намояндагии фарҳангии Туркия ва намоишгоҳи китоб ба мизбонии Ройзании фарҳангии Эрон дар Қирғизистон низ баргузор шуд.

Тасовир ба нақл аз хабаргузории Форс:

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: