Перейти к содержимому

Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Иллати равобити бисёр-бисёр гарму самимонаи ҳокиму ҳукумати кунунии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ, на танҳо масоили сирф сиёсӣ ва ё иқтисодӣ аст – ки ин гуна равобит миёни кишварҳо, табиӣ аст – балки фориғ аз ин, далели ин гармиву самимият, чизе дигар ҳам ҳаст. Ва он ин ки: ҳар дуи инҳо, дар сиёсатҳо ва рафторҳои хеш ва ба хусус дар бархӯрдашон бо мунтақидони сиёсӣ, ҳамҷинсанд, ҳамқимошанд, кучактарин тафовуте дар ин замина бо ҳам надоранд. Ва ҳамин ҳамҷинс будан, яке аз асбоби самимият байни онҳост, чунон ки зарбулмасали форсӣ мегӯяд:

Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз,

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз.

Ҳар ду, на танҳо таҳаммули вуҷуди аҳзоби мухолиф бо сиёсатҳояшонро, ки ҳатто таҳаммули кучактарин интиқодеро ҳам надоранд. Мунтақид дар назди ҳар ду, яъне “душмани миллат”, “ватанфурӯш”, “хоин”, “ҷосус”, “фурӯхташуда”, касе, ки ё бояд сокиту хомӯш бошад ва ё дар ғайри ин сурат, кушта ва ҳазф шавад.

Имрӯзҳо афкори умумии ҷаҳон ва тамоми расонаҳои матраҳи дунё даргири хабари нопадид шудан ва эҳтимолан қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ дар сохтмони консулгарии ин кишвар дар Истонбули Туркия аст.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ

Огоҳон медонанд, ин бандаи Худо яъне Ҷамол Хошуқҷӣ, таҳдиде барои давлати Саудӣ ба шумор намерафт, ӯ на як раҳбари сиёсӣ буд ва на ҳатто як фаъоли сиёсӣ, танҳо як рӯзноманигори мунтақид буду бас, он ҳам на мунтақиди режим ва низоми Саудӣ, балки нисбат ба порае аз рафторҳо ва сиёсатҳои Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ ба вежа дар робита бо ҷанг дар Яман, мӯътариз буд, ва мақолаҳо ва таҳлилҳояш низ, ки дар ин авохир дар рӯзномаи омрикоии Вошингтун пост мунташир мешуданд, бисёр мӯҳтотона ва лаҳнашон ҳам насиҳатгуна буданд. Ӯ дар бештари мақолаҳои худ, валиаҳди ҷавони Саудиро насиҳат мекард, ки сиёсатҳо ва рафторҳояш на танҳо ба зарару зиёни низоми Оли Сауд, ки ҳатто ба зарару зиёни шахси Муҳаммад бен Салмон ва ояндааш тамом хоҳад шуд.

Бо ин ҳама, аммо ҷаноби Муҳаммад бен Салмон интиқодҳои “насиҳатгуна”-и ин мунтақиди ба истилоҳ “худӣ” ва мӯътадилро ҳам барнатобид ва бо ӯ кореро кард, ки дидед, яъне ӯро вақте ба консулгарӣ муроҷеа кард, рабуданд ва тибқи гузориши баъзе расонаҳо, куштанд ва ҷасадашро қитъа-қитъа намуданд.

* * *

Ин ки арз шуд, ки яке аз далоили самимияти ҳоким ва ҳукумати кунунии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ, шабоҳати онҳо дар сиёсатҳо ва рафторҳояшон аст ва ҳар ду ҳамҷинсанд, ба ин ҷиҳат аст, ки бархӯрди ҳукумати феълии Тоҷикистон бо мунтақидон, кучактарин тафовуте бо бархӯрдҳои мақомоти Саудӣ ба хусус валиҳади ҷавону мағрури он бо мунтақидонаш – ки намунае аз он зикр шуд — надорад.

Аз замоне, ки ҳокими феълӣ дар Тоҷикистон зимоми қудратро дар ихтиёр гирифт ва то ба имрӯз, ӯ мухолифони сиёсӣ ва мунтақидонашро ё ба наҳве сокит кард ва ё ба зиндон андохт ва ё замоне, ки аз кишвар хориҷ шуданд, бо ирсоли одамрубоён ба он кишварҳо, онҳоро ё рабуд ва ба кишвар овард — мисли он чи бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров иттифоқ афтод ё бо Мақсуд Иброҳимов ё Эҳсон Одинаев ё Эшони Қиёмуддин ва ғайра… – ва ё ин ки онҳоро кушт, мисли он чи бо марҳум Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов рух дод; дуруст мисли ҳамин коре, ки Муҳаммад бен Салмон бо Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақид анҷом дод.

Албатта, он чи бо Ҷамол Хошуқҷӣ иттифоқ афтод, аввалин иттифоқ аз ин ҷинс нест, балки то ин таърих, даҳҳо мунтақиду мухолифи сиёсатҳои Оли Сауд сарнавишти мушобеҳе доштаанд, яъне рабуда шуда ва пас аз овардани онҳо ба кишвар, зиндонӣ гардиданд, мисли он чи бо шоҳзода Султон бен Туркӣ дар феврали соли 2016 иттифоқ афтод ё бо шоҳзода Туркӣ бен Бандар Оли Сауд дар соли 2015, шоҳзода Сауд бен Сайф ан-Наср дар соли 2014, шоҳзода Холид бен Фарҳон Оли Сауд дар соли 2013 ва ғайра…

Шабеҳи ҳамин одамрубоиҳоро ҳукумати феълии Тоҷикистон низ муртакиб шудааст. Дар сойти ахиран роҳандозишудаи Зиндониён, феҳристи афроде, ки тавассути одамрубоёни ҳукумати феълии Тоҷикистон рабуда шуда сипас ё куллан сарнавишташон дар ҳолае аз ибҳом монда ва ё ба кишвар оварда ва зиндонӣ шудаанд омада, ки ба ин тартиб аст:

1) Эҳсон Одинаев;

2) Муҳаммадрӯзӣ Искандаров;

3) Мақсуд Иброҳимов;

4) Соҳибназар Абдуназаров;

5) Абдураҳим Восиев;

6) Абдушукур Ҳакимов;

7) Шералӣ Ҷӯраев;

8) Абдулбосит Латипов;

9) Усмон Азимов.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: