Перейти к содержимому

Раиси “нопадидшуда”-и Интерпол истеъфо кард

Раиси чинии Интерпол, ки пас аз сафар ба Пекин “нопадид” шуда буд, пас аз муттаҳам шудан ба қонуншиканӣ дар кишвараш, бо ирсоли номае ба пулиси байналмилал, аз риёсат бар ин ниҳод канорагирӣ кард.

Ба гузориши Sky News, пулиси байналмилал (Интерпол) мегӯяд, Менг Ҳонгвей, раиси ин созмон, ки беш аз як ҳафта аст нопадид шуда, имрӯз бо ирсоли номае ба ин ниҳод, аз симати худ канорагирӣ кардааст.

Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарӣ, дабирхонаи Интерпол эълом кард, дирӯз (07.10.2018) номае дарёфт карда, ки Ҳонгвей дар он гуфта дигар қасди риёсат бар ин созмонро надорад ва аз ин симат канор рафтааст.

Бино бар ин гузориш, то нишасти моҳи ояндаи Кумитаи иҷроии Интерпол, ки қарор аст дар шаҳри Дубайи Амороти Арабии Муттаҳида баргузор шавад, Ким Ҷунг Ёнг, аз муовинони Менг Ҳонгвей сарпарастии ин созмонро ӯҳдадор хоҳад буд. Ким аҳли Куреи ҷанубӣ аст ва аз соли 2015 ба унвони муовини осиёии Интерпол машғул ба кор шудааст.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо эълом карданд Менг Ҳонгвей пас аз сафар ба Чин нопадид шуда ва дигар хабаре аз ӯ ба хонаводааш нарсидааст. Интерпол рӯзи шанбе расман аз мақомҳои чинӣ хост, вазъияти раиси ин созмонро, ки дар Чин муовини вазири амнияти умумӣ буда, равшан кунад.

Ҳизби ҳокими Чин рӯзи якшанбе таъйид кард, ки Менг Ҳонгвей, раиси пулиси байналмилал (Интерпол) дар ин кишвар ба далели “қонуншиканӣ” таҳти таҳқиқоти қазоӣ қарор дорад.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, дар баёнияе, ки Кумитаи марказии ҳизби кумунисти Чин мунташир карда, омадааст: “Менг Ҳонгвей муовини вазири амнияти умумӣ, гумонбар ба шикастани қонунҳои умумӣ аст. Кумисиюни миллии назорат акнун дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ӯст.”

Мақомҳои чинӣ дар баёнияи худ, ки аввалин вокуниш ба нопадид шудани Менг Ҳонгвей буда, ба иттиҳомоте, ки ӯ бо он рӯ ба рӯст ишорае накардаанд ва нагуфтаанд, ки оё ӯ боздошт шуда ё сирфан аз Чин мамнуъулхуруҷ аст.

Бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ, ин мақоми чинӣ ва байналмилалӣ ба кӯмак ба як ширкати амниятӣ дар бастани як қарордоди давлатӣ муттаҳам шуда ва акнун аз сӯи ниҳоди мубориза бо фасоди молии ҳизби кумунист таҳти пайгирд қарор дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: