Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (327)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (70)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (6)

* * *

Ин ҳикоят гуфта шуд зеру забар,

Ҳамчу фикри ошиқон бепову сар.

Ин ҳикоят ба сурати яксону якнавохт нақл нашуда ва ба сурати парешон бозгӯ шуд, зеро андеша ва кори ошиқ бе сару пост.

Нукта: Мавлоно ҳикояти марду зани аъробиро бисёр тӯл додааст, зеро дар хилоли нукоти гуногун, достонҳо ва мазоминеро мундараҷ намудааст, аз ин рӯ аз хонанда маъзарат мехоҳад ва мегӯяд: агар ин достон ба таври муназзаму мураттаб нақл нашуда, ба ин хотир аст, ки кори ошиқон низ ҳамин тавр аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.847)

Сар надорад, чун з-азал будаст пеш,

По надорад, бо абад будаст хеш.

Оғоз надорад, зеро пеш аз азал буда, ва поён надорад, зеро бо абадият ҳамроҳ аст.

Балки чун об аст, ҳар қатра аз он

Ҳам сар асту пову ҳам бе ҳардувон.

Балки ин калому назми орифонаи шариф, монанди об аст ва ҳар қатра аз он, куравӣ ва мудаввар аст; ҳам сару по дорад ва ҳам надорад.

Нукта: Тамоми ашъори Маснавӣ монанди об аст ва ҳар байте аз он монанди қатраи обест. Агар ба так-таки байтҳо назар кунӣ, маҳдуд аст, вале ба кулли ин назми шариф таваҷҷӯҳ кунӣ, ҳадде надорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.848)

Ҳошалиллаҳ, ин ҳикоят нест, ҳин! 

Нақди ҳоли мову туст ин, хуш бибин!

Паноҳ бар Худо, ки ин достоне, ки бароят гуфтам, воқеан як достону афсонаи маъмулӣ нест, балки ин ҳикоят, нақди ҳолу шарҳи аҳволи ману ту ва ҳамаи одамиён аз оғоз то поёни ҷаҳон аст.

Ҳошалиллаҳ: паноҳ бар Худо!

З-он ки сӯфӣ бо кару бо фар бувад,

Ҳар чӣ он мозист, “ло юзкар” бувад.

Зеро сӯфӣ дорои шукӯҳу ҳишмат аст, ва ӯ ҳар чиро, ки мутаъаллиқ ба замони гузашта аст, қобили ёд намедонад.

Ло юзкар: ёд карда нашуда.

Нукта: Ҳоҷӣ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ дар ин маврид гӯяд: “Ҳар ки шукӯҳу ҳишмати маънавӣ дорад, зиндаву ҳай аст ва аз зинда тобеият мекунад, на аз мурда. Ӯ фарзанди замони ҳол аст, на фарзанди гузашта, ва гузаштаҳоро ҳамвора дар ойинаи замони ҳол мебинад.” (Шарҳи асрор, с.75)

Ҳам араб мо, ҳам сабӯ мо, ҳам малик,

Ҷумлаи мо “юъфак анҳу ман уфик”.

Араб мойем ва сабӯ мойем ва подшоҳ ҳам мойем. Ин ҷумла мойем, чунон ки дар оятҳои 7-9 сураи Зориёт омадааст:

وَالسَّمَاء ذَاتِ الْحُبُكِ. إِنَّكُمْ لَفِي قَوْلٍ مُّخْتَلِفٍ. يُؤْفَكُ عَنْهُ مَنْ أُفِكَ

Савганд ба осмон, ки дар он роҳҳо аст, ки шумо (дар бораи паёмбар) дар гуфторе гуногунед, ва ҳар ки аз ӯ рух бартобад, аз ҳидоят рӯй гардондааст.”

Нукта: Ҳамон тавр ки худи Мавлоно дар ин достон гуфта: он марди араб киноя аз ақл, сабӯ киноя аз вуҷуди маҳдуди мо ва он зан киноя аз нафс аст ва он шоҳ ҳазрати Ҳақ, ва ҳамаи инҳо дар зоти мост ва ҷудо аз мо нест. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.210)

Ақлро шӯ дону занро ҳирсу тамъ,

Ин ду зулмониву мункир, ақл шамъ.

Манзур аз он шавҳар ва он марди аъробӣ дар ин достон, ақл аст, ва мақсуд аз аз он зани аъробӣ, нафсу озмандӣ, ва ин ду, ториканд ва тадбири ақлро инкор мекунанд ва ҳол он ки ақл, ба сони шамъе фурӯзон аст.

Бишнав акнун асли инкор аз чӣ хост,

З-он ки кулро гуна-гуна ҷузвҳост.

Дар ин ҷо суоли муқаддаре пеш меояд: ҳол, ки ақл фурӯзон аст, ва нақс тираву тор, магар ҳамаи ин умури мутазодд, аз як воҳид содир нашудаанд? Пас, ин ихтилофу тазодд чӣ гуна тафсир мешавад? Ҷавоб: инак, бишнав, ки аслу маншаи ин инкор аз чист, зеро кулл дорои аҷзоъи гуногун аст.

Ҷузви кул, не ҷузвҳо нисбат ба кул,

Не чу бӯйи гул, ки бошад ҷузви гул.

Вале ин кулл (ҳазрати Борӣ Таъоло) ғайр аз куллҳои дигар аст, зеро ин кулл, аз ҳар гуна таркиб поку мубаррост. Ҳатто нисбати аҷзоъ ба ин кулл, монанди нисбати бӯи гул ба худи гул ҳам нест, зеро бӯи гул ҳам дар воқеъ, ҳамсинхи гул аст ва ҷанбаи эътиборӣ дорад. (Тавзеҳи байти баъд, ин матлабро равшан мекунад:)

Лутфи сабза ҷузви лутфи гул бувад,

Бонги қумрӣ ҷузви он булбул бувад.

Ба унвони мисол, латофати сабза ҷузъи латофати гул аст, зеро гул зотан ҷомеъи ҷамиъи маротиби латофати сабза аст ва аз ҳамаи сабзаҳо латифтар аст ва аз ин рӯ лутфу сафои ҳар сабза, ҷузъе аз латофати гул маҳсуб мешавад. Ҳамин тавр, овои қумрӣ ҷузъи бонги булбул аст. Агар латофате дар бонги қумрӣ аст, он латофату ҷаззобият ҷузъе аз овои булбул аст, зеро булбул аз ҳайси овоз, ҷомеъи ҷамиъи камолоти савтҳост.

Нукта: Акбарободӣ мегӯяд: “Дуруст аст, ки нафсу ақл мазҳари зоте воҳид ҳастанд, вале он зоти воҳид, дар ҳар мазҳаре ба навъе зуҳур мекунад ва бо сифоти мутақобила таҷаллӣ дорад.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, ҷ.211)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: