Перейти к содержимому

Қатли фаҷеъи Виктория Маринова, рӯзноманигори булғористонӣ

Марги Виктория дар асари зарба ба сар иттифоқ афтода ва қабл аз он, ба шакли ваҳшиёнае ба ӯ таҷовуз шудааст. Телефони ҳамроҳ, калиди мошин, айнак ва бахше аз либосҳои ӯ нопадид шудаанд. Додситон дар ҳоли баррасии тамоми сарнахҳост.

Баъд аз хабари ҷанҷолии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мухолифи режими саудӣ, хабари қатли фаҷеъи Виктория Маринова, хабарнигори телевизиюнии булғор мунташир шуд.

Додситонҳои Булғористон хабар додаанд, ки дар шимоли ин кишвар яке аз хабарнигорони телевизиюнӣ ба таври ваҳшиёнае ба қатл расидааст. Интишори ин хабар вокунишҳои бисёр ва маҳкумияти байналмилалӣ ба ҳамроҳ дошт ва аз тарафе сабаби нигаронии хабарнигорон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, додситони минтақаи Руса, ки қатл дар он ҷо рух дода гуфт: “Ҷасади Виктория Мариноваи 30-сола рӯзи шанбе дар порке кашф шуд ва мақомот танҳо аз рӯи кортҳо ва авроқи шиносоӣ тавонистанд ҳувияти вайро мушаххас кунанд.”

Додситон гуфтааст: “Марги Виктория дар асари зарба ба сар иттифоқ афтода ва қабл аз он, ба шакли ваҳшиёнае ба ӯ таҷовуз шудааст. Телефони ҳамроҳ, калиди мошин, айнак ва бахше аз либосҳои ӯ нопадид шудаанд. Додситон дар ҳоли баррасии тамоми сарнахҳост.”

Вазири кишвари Булғористон таъйид кард, ки ин қурбонӣ мавриди таҷовуз қарор гирифта буд ва дар маҳалли вуқӯи ҷиноят DNI-ҳои зиёде кашф шудааст. Нахуствазири Булғористон ҳам ба қатли хабарнигори кишвараш вокуниш нишон дод ва ибрози умедворӣ кард, ки таҳқиқот муваффақиятомез бошад.

Виктория Маринова яке аз мудирони иҷроии шабакаи телевизиюнии TVN дар шаҳр Руса буд ва ахиран як барномаи телевизиюнии гуфтугӯмеҳвар таҳти унвони “Радёб” роҳандозӣ карда буд. Қисмати аввали ин барнома, ки дар 30 сентябри имсол пахш шуд, шомили мусоҳибаҳое дар бораи таҳқиқоти марбут ба фасод ва кулоҳбардорӣ аз будҷаҳои Иттиҳодияи Урупо буд, ки ба сиёсатмадорон ва туҷҷори бузурги ин кишвар марбут мешуд.

Созмони амният ва ҳамкории Урупо (OSCE) қатли ин хабарнигорро маҳкум кард. Ин севвумин хабарнигор аст, ки дар тӯли як сол дар Иттиҳодияи Урупо кушта мешавад. Октябри гузашта Дофне Коруоно Голизиё, хабарнигори молтӣ дар пайи инфиҷори худрави шахсиаш ба қатл расид. Кушта шудани Ён Кукёк, хабарнигори эслувок дар моҳи феврал, дигар мавриди қатли хабарнигорон дар Урупо буд.

Бар асоси омори гузоришгарони бидуни марз, ба таври миёнгин ҳар ҳафта як рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон кушта мешавад.

Булғористон дар рутбабандии солонаи озоди матбуотии гузоришгарони бидуни марз дар соли 2018 ба ҷойгоҳи 111 суқут кард, ки поинтарин омор дар байни кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи гузоришгарони бидуни марз, фасоди густурда, моликияти машкуки расонаҳо ва табонӣ байни рӯзноманигорон, сиёсатмадорон ва улигоршҳо ҳамагӣ монеъе бар сари роҳи анҷоми хабарнигорӣ ва рӯзноманигорӣ ҳастанд. Хушунат алайҳи занон низ дар Булғористон густурда шуда ба тавре, ки куштори ваҳшиёнаи занон ахиран эътирози расонаҳоро ба вуҷуд овард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: