Перейти к содержимому

35 милюн мисрӣ ба далели ширкат накардан дар интихобот ҷарима мешаванд

Кумитаи миллии интихоботи Миср эълом кард, ки дар ҳоли таҳияи феҳристи номи афроде аст, ки аз ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ахир худдорӣ кардаанд.

Ба гузориши рӯзномаи Алқудсул-арабӣ, Лошин Иброҳим, раиси Кумитаи миллии интихоботи Миср, эълом кард, ки пас аз таҳияи феҳристи номи афроде, ки аз ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ худдорӣ кардаанд, ин феҳристро ҷиҳати таъйини ҷарима ба додситонии кулл ирҷоъ хоҳем дод.

Иброҳим афзуд, ки таъйини ҷарима дар ҳавзаи ихтиёроти Кумитаи миллии интихобот нест ва аз ин рӯ ин феҳристро ба додситонии кулл ирҷоъ медиҳем, ҳамчунон ки таҳияи феҳристи номи ин афрод ба замони тӯлонӣ ниёз дорад, зеро сӯҳбат аз милюнҳо шаҳрванд аст.

Ба навишта ин рӯзнома, ба мӯҷиби қонуни интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар аз соли 2014, ҳар фарде, ки номи ӯ дар феҳристи воҷиди шароити раъйдиҳӣ зикр шуда аммо бидуни узр дар интихобот ширкат накарда бошад, ба пардохти ҷаримаи 500 пундӣ маҳкум мешавад.

Кумитаи олии интихоботи Миср пеш аз ин эълом кард, дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, ки баҳори соли ҷорӣ баргузор ва ба пирӯзии муҷаддади Абдулфаттоҳ Ассисӣ мунтаҳӣ шуд, 24 милюну 254 ҳазору 152 нафар (41.5) дар интихоботи дохилу хориҷ аз Миср ширкат карданд, дар ҳоле ки ҳудуди 49 дарсад яъне 34 милюну 823 ҳазору 986 нафар низ аз ширкат дар ин интихобот худдорӣ кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: