Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (6)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ифроту тафритҳо

وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُواْ شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا

Ва бад-ин гуна шуморо уммате миёна қарор додем, то бар мардум гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад…” (Сураи Бақара, ояти 143)

Яке аз хоссиятҳои бузурги дини муқаддаси ислом, эътидол ва миёнаравӣ аст. Худи Қуръони Карим уммати исломро ба номи “уммати васат” номидааст. Ва ин таъбир, таъбири бисёр аҷибу фавқулъодае аст. Уммат ва қавм ва ҷамъияте, ки воқеан ва ҳақиқатан дастпарвардаи Қуръони Карим бошанд, аз ифроту тафрит, аз кундравиву тундравӣ, аз чаправиву ростравӣ, аз ҳамаи инҳо барканоранд. Тарбияти Қуръон ҳамеша эътидол ва миёнаравиро эҷоб мекунад.

Дар масъалае, ки дар ин шабҳо унвони баҳс қарор додаем, яъне интибоқ бо муқтазаёти замон, як фикри ифротӣ вуҷуд дорад ва як фикри тафритӣ ва як фикри мӯътадил. Баъзе аз ҷараёнҳои фикрӣ дар олами ислом, аз ҳамин назар вуҷуд пайдо кардааст, ки бархе ифротӣ ва бархе тафритӣ буда, яъне ё тундравии беҷо ва ё кундравии беҷо будааст. Ман исми он тундравиҳоро “ҷаҳолат” гузоштаам ва исми ин кундравиҳоро “ҷумуд” гузошта ва мегузорам. Дар ин бора тавзеҳ хоҳам дод…

* * *

Ҳабиб Бурқиба (раисиҷумҳури вақти Тунис) — ки намедонам ин шахс чӣ мавҷуде аст! – ҳар сол як бор алайҳи рӯза қиём мекунад, мегӯяд: мардум рӯза нагиранд барои ин ки аз нерӯи кори коргар коста мешавад. Албатта ба ин мавзӯъ ҷанбаи исломӣ ҳам медиҳад ба ин унвон, ки ислом ба кор аҳаммият медиҳад, кор дар ислом мӯҳтарам аст, пас рӯза нагиред барои ин ки бояд кор бикунед; вақте, ки башар бояд кор бикунад, пас ҳар чизе, ки аз нерӯи кор мекоҳад, хуб нест. Нуқтаи муқобили ин сухан ин аст: ҳар чиз, ки нерӯи корро тақвият мекунад, хуб аст. Масалан, агар фарз кунем вискӣ ва шароб нерӯи корро изофа мекунад, пас коргарҳо набояд рӯза бигиранд ва бояд рӯзе як бутрӣ вискӣ биёшоманд, то кор бикунанд. Валид ибни Уқба як рӯз субҳ, ки ҳанӯз мастӣ аз каллааш напарида буд, ба масҷид рафт барои имомати ҷамоат. Ба ҷои ду ракъат намози субҳ, чаҳор ракъат хонд. Мӯъминин ҳам чорае надоштанд, пайравӣ карданд. Баъд, ки намозаш тамом шуд, рӯяшро баргардонд, гуфт: ман имрӯз хеле нашъаам, агар мехоҳед бароятон бештар намоз бихонам.

Иштибоҳи Ҳабиб Бурқиба аз куҷост? Ин одам хаёл кардааст, ки инсон яъне мошин, инсон ҷуз ин нест, ки бояд монанди як мошин доиман кор таҳвил бидиҳад, аз мошин ҳар чӣ бештар битавон кор гирифт, беҳтар аст. Инсон яъне як ҳайвони боркашу борбар, коре ғайр аз боркашӣ надорад, пас ҳар чӣ бештар бишавад аз инсон боркашӣ кард, беҳтар аст. Чун рӯза ба қавли ӯ, аз нерӯи кор мекоҳад, пас рӯза набояд гирифт.

Аввалан, ин одам ҳисоб накардааст он ашхосе, ки рӯза гирифтанд – албатта рӯзаи воқеӣ — дар ҳамон ҳоле, ки рӯза гирифтанд, нерӯи корашон даҳ баробари рӯзахӯрҳо буд. Аз нерӯи руҳии башар ғофил аст. Ҳар кадом аз мо дар шароите, ки алъон дорем ва барномаи зиндагии худамон қарор додаем, ки масалан бояд фалон миқдор нон бихӯрем ё фалон миқдор ғизоҳои дигар бихӯрем, агар як шабонарӯз ин барнома баҳам бихӯрад, дигар қудрати роҳ рафтан надорем ва хеле ба заҳмат роҳ меравем. Вале оё қонуни қатъӣ ва ғайриқобили тахаллуфи зиндагии башар ҳамин аст? На. Мо алъон бо ин барнома, ки зиндагӣ мекунем, ин миқдор асири ғизо ва ин шикам ҳастем. Башар агар барномаи зиндагияшро иваз кунад, мумкин аст тавре бишавад, ки нисфи ин ғизоро бихӯрад ва ду баробари ин нерӯро ба даст биёварад. Мумкин аст инсон дар шабонарӯз дуто мағзи бодом бихӯрад ва ба андозаи инсоне, ки рӯзе як кило ғизо мехӯрад, нерӯ дошта бошад. Башар агар баргардад ва масирашро иваз кунад, ҳолати дигаре пайдо мекунад ва барнома ба куллӣ иваз мешавад.

Чанде пеш — лобуд дар рӯзнома хондед — тамоми хабаргузориҳо гузориш доданд, ки як будоии риёзаткаш дувоздаҳ соли тамом яксара рӯи пойи худаш истод ва нахобид ва нанишаст. Баъд аз дувоздаҳ сол, ки риёзаташ тамом шуд ва ба қавли худаш руҳаш пок шуд, омад нишаст. Ҷашни бузурге барояш барпо карданд ва табибҳо, ки барои муойинаи ӯ омада буданд, диданд солими солим аст. Ин нишон медиҳад, ки қонуни зиндагии башар бо тағйир додани шароит, шакли дигаре пайдо мекунад. Албатта ман ҳолатҳои истисноиашро арз кардам. Инҳоро шоҳид меоварам, ки дар башар чӣ нерӯҳое захира аст ва башар чӣ қадр тағйирпазир аст.

* * *

Сухани Алӣ (а)

Агар ба суроғи ҳазрати Алӣ (а) биравед, мебинед дар номае, ки ба Усмон ибни Ҳунайф навиштааст, мефармояд:

ألا وإن امامكم قد اكتفى من دنياه بطِمريه ومن طُعمه بقرصيه

Яъне: “Ва аммо пешвои шумо, аз дунёи худаш ба ду ҷома ва ба ду қурс нон иктифо кард.” Баъд мегӯяд: ман медонам мардум бовар намекунанд:

وكأنّي بقائلكم يقول: إذا كان هذا قوت ابن أبي طالب فقد قعد به الضعف عن قتال الأقران ومنازلة الشجعان

Гӯё дорам мешунавам аз забони дигарон, ки агар Алӣ ғизояш ин аст, ӯ бояд аз заъф натавонад аз ҷояш баланд бишавад ва натавонад дар майдонҳои ҷанг бо шуҷоъони дараҷаи аввал набард кунад ва онҳоро ба хоки ҳалокат биандозад.”

Алӣ ба ин эътирози фарзӣ ҷавоби аҷибе медиҳад, мефармояд: иштибоҳ мекунанд, ки қонуни табиӣ ин аст. Чизе, ки дигарон доранд, хилофи қонуни табиӣ аст:

ألا وإنّ الشجرة البرّيّة أصلب عودا والرّوائع الخضرة أرقّ جلودا والنّباتات البدويّة أقوى وقودا وأبطأ خمودا

Дарахтони саҳроӣ чӯбашон муҳкамтар аст ва сабзаҳои хушобуранг нозуктар ва заъифтаранд. Гиёҳони ваҳшӣ оташашон зудгирандатар ва дерхомӯшшавандатар аст.” (Наҳҷул-балоға, номаи 45) Мавҷуди зинда — аъам аз гиёҳу ҳайвону инсон — ҳар чӣ бештар ба ӯ бирасанд, нозуктар ва заъифтар ва нотавонтар мешавад, ҳар чӣ камтар ба ӯ бирасанд ва бештар бо мушкилот мувоҷеҳ бишавад, нерӯмандтар мегардад. Муқоиса кунед миёни дарахтҳои кӯҳӣ ва ҷангалӣ ва дарахтҳое, ки дар хонаҳост, миёни бӯтаҳои ҷангалӣ ва саҳроӣ ва бӯтаҳое, ки дасти навозишгари боғбон доиман муроқиби онҳост. Инсон ҳам ин ҷур аст. Инсон ин тавр нест, ки ҳатман бояд рӯзе се мартиба ғизо бихӯрад, агар нахӯрад мариз мешавад. Бигузоред, як қадре бо мушкилот рӯ ба рӯ бишавад, то нерӯмандтар шавад…

Асосан, як фалсафаи рӯза ин аст, ки инсонро аз нозпарвардагӣ хориҷ мекунад. Шумо рӯзҳои аввале, ки рӯза мегиред, чун ибтидои он аст, ки мехоҳед аз қонуни нозпарвардагӣ хориҷ бишавед, хеле беҳол мешавед, заъф шуморо мегирад. Вале рӯзҳои охири моҳ мебинед бо рӯзҳое, ки рӯза нагирифтаед, ҳеч фарқе накардаед.

Бисёре аз ин хаёлоте, ки мо мекунем, иштибоҳ аст. Баъзе аз афрод узрҳои бисёре аз касонеро, ки рӯза мехӯранд қабул надоранд, мегӯянд: рӯзахӯрҳое, ки ба баҳонаи ин ки маризанд рӯза намегиранд, чун рӯза намегиранд, заъиф мешаванд ва чун заъиф мешаванд, ин заъфашонро монеъи рӯза гирифтан мепиндоранд.

Ин ҳамоқат аст, ки касе бигӯяд рӯза аз нерӯи кор мекоҳад.

Сониян, магар башар фақат бояд кор бикунад? Магар башар як мошин аст, ки ҳаддиаксари истеҳсолро бояд аз ин мошин кард? Магар ҳайвони боркаш аст? Магар башар дил надорад? Магар башар руҳ надорад? Магар башар эҳтиёҷ ба тақво надорад? Оё башар фақат эҳтиёҷ ба як чиз дорад ва он кор аст? Дигар эҳтиёҷ ба одамият надорад? Эҳтиёҷ ба ин ки табиати саркашро ром кунад надорад? Эҳтиёҷ ба ин ки шаҳавоти худашро бишканад надорад? Эҳтиёҷ ба ин ки иродаи ақлонӣ ва инсонии худашро тақвият кунад надорад? Ҳама чизро бояд аз даричаи кор бибинем ва кор фақат?! Биравед аз идороти роҳнамоӣ ва шаҳрбонӣ бипурсед, ки дар моҳи Рамазон омори ҷурму ҷиноят чӣ қадр коҳиш пайдо мекунад. Бибинед, дар моҳи Рамазон чоқукашӣ, одамкушӣ, харобкорӣ, қиморбозӣ чӣ қадр камтар мешавад ва дар муқобил, аъмоли инсонӣ чӣ қадр музоъаф мешавад, инсоният чӣ қадр боло меравад, эҳсон чӣ қадр бештар мешавад, силаи раҳм чӣ қадр зиёд мешавад! Инҳоро ҳам бояд дар назар бигирем, фақат нагӯем нерӯи кор.

Инҳост, ки мо номашро ифрот ё ҷаҳолат мегузорем. Ин ҷур дахлу тасарруфҳост, ки бояд ҷилави он гирифта бишавад. Маълум шуд инҳое, ки ин ҳарфҳоро ба ҳисоби муқтазаёти замон ва интибоқ бо замон ва эҳтиёҷоти рӯзгор мезананд ва мегӯянд, агар дар замони Пайғамбар мардум рӯза мегирифтанд, ин қадр эҳтиёҷ ба кор набуд ва имрӯз ҷомеа эҳтиёҷи зиёде ба кор дорад, пас замон фарқ кардааст ва ҳоло, ки замон фарқ кардааст, муқтазаёти замон иваз шуда, пас бояд рӯзаро бардорем, ифротӣ ва ҷоҳил мебошанд.

* * *

Тафриткорӣ ё ҷумуд

Тафриткорҳо баръакс ҷумуду хушкӣ ба харҷ медиҳанд ва рӯи масоиле, ки ислом ҳеч розӣ нест, истодагӣ мекунанд. Хатари ҷумуд аз хатари ҷаҳолат камтар нест. Дин, эътидол лозим дорад. Дар масъалаи интибоқ бо муқтазаёти замон, ҳамон тавр, ки набояд ҷиҳоти бурқибаиро пеш кашид ва дар дин дахлу тасарруф кард ба баҳонаи ин ки замон ин ҷуру он ҷур шудааст, ҳамчунин набояд ба номи дин рӯи мавзӯоте, ки асосан решае надоранд, такя кард. Масалан, поро ба як кафш бикунем ва бигӯем, бачча, ки мехоҳад дарс бихонад, бояд ҳатман аз “ҷузъи Амма” (ҷузъи сиюми Қуръон) шурӯъ ба кор бикунад, то босавод бишавад. Магар инро Пайғамбар ва Имом гуфтааст, ки бачча ҳар мавқеъ хост дарсро шурӯъ бикунад, аз ҷузъи Амма шурӯъ бикунад? Иттифоқан, ин кори баде аст барои ин ки эҳтироми Қуръонро аз байн бурдааст. Мо худамон хондаем ва дигаронро ҳам дидаем. Баччаҳое, ки покӣ намефаҳманд, то як ҷузъи Аммаро мехонанд, чандин бор онро тикка-тикка мекунанд.

Аз тарафи дигар, набояд канор гузоштани ҷузъи Амма баҳонае бошад барои ин ки бачча бо Қуръон ошно нашавад. Ин ҷост, ки мумкин аст бачча то килоси 12 бирасад, тамоми дарсҳоро балад бошад магар Қуръонро. Он ҷумуд аст ва ин ҷаҳолат. Уммати мӯътадил бошед, на ҷоҳил бошед на ҷомид. Амирулмӯъминин Алӣ (а) фармуд:

اليمين والشمال مضلّة، والطريق الوسطى هي الجادّة

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 16) Инҳироф ба чапу инҳироф ба рост, ҳар ду ғалат аст, мустақим бошед, то ба мақсад бирасед. Ҳамеша роҳи рост бихоҳед:

اهدنا الصراط المستقيم

Худоё! Ба мо роҳи ростро нишон бидеҳ!

* * *

Роҳи миёна

Яке аз аломатҳои мусалмонӣ, пайдо кардани роҳи мӯътадил ва миёна аст, ки миёни роҳҳои ифротӣ ва тафритӣ, миёни тундравиҳо ва кундравиҳост. Ҷумлае дар ҳадис ворид шудааст, ки:

إنّ لنا في كلّ خَلَفٍ عدولا ينفون تحريف الغالين وانتحال المبطلين

Фармудаанд, дар ҳар насле табақаи мӯътадиле вуҷуд дорад, ки аз тарафе ҷилави ифроткории ғулувкунандагонро мегиранд, таҳрифотеро, ки аз ноҳияи ғулувкунандагон пайдо мешавад нафй мекунанд, ва аз тарафи дигар нисбатҳоеро, ки мардуми мубтилу мухолиф эҷод мекунанд нафй мекунанд. (Кофӣ, 1/32) Ба иборати дигар, ҳам ҷилави зарари дӯстонро мегиранд ва ҳам ҷилави зарари душманонро. Зарар танҳо аз ноҳияи душман намерасад. Гоҳе аз ноҳияи дӯст зарарҳое мерасад, ки хатараш аз зараре, ки аз ноҳияи душман мерасад, бештару болотар аст. Мо ин ҳар ду қисматро барои ин ки роҳи васату мӯътадилро битавонем пайдо бикунем, аз назари масъалаи мавриди назари худамон яъне масъалаи интибоқи ислом бо муқтазаёти замон (талаботи замона) баҳс мекунем: тундравиҳое, ки аз ноҳияи душманон мешавад ва кундравиҳое, ки аз ноҳияи дӯстон мешавад.

Арз кардам, ки дар масъалаи интибоқ бо муқтазаёти замон, ду ҷараёни мухолиф — ки ҳар ду ғалат будааст — дар таърихи ислом ҳамеша вуҷуд доштааст: як ҷараёни ифротӣ яъне дахлу тасарруфҳои беҷо дар дастурҳои динӣ ба воситаи як хаёлот ва як мулоҳизоти кучак, ки мо исми онҳоро ҷаҳолат гузоштем. Ҷараёни дигар, таваққуфу ҷумуди беҷое аст, ки бар хилофи манзур ва руҳи ислом аст. Ин ҷумудҳо аз ноҳияи дӯстони эҳтиёткор будааст, вале эҳтиётҳое, ки сад дар сад бар зарари ислом тамом шудааст, эҳтиёти баччагона ва кӯдакона будааст. Албатта як ҷараёни мӯътадил ҳам ҳамеша вуҷуд доштааст, вале мо барои ин ки ҷараёни мӯътадилро пайдо бикунем, бояд ибтидо ин ду ҷараёни ифротӣ ва тафритиро дуруст бишносем…

* * *

Ҳурмати гӯшти хук

Яке аз суолоте, ки ман худам бо он хеле мувоҷеҳ шудаам, роҷеъ ба ҳурмати (ҳаром будани) гӯшти хук аст. Ин тавр суол мекарданд, ки гӯшти хук ҳаром аст ва албатта хеле дастури ҳакимонае будааст. Дар он замон мардум гӯшти хукро намешинохтанд ва он микробе, ки дар он вуҷуд дошт — ки онро “кирми тришин” (trichinella spiralis) мегӯянд — аворизи бисёре барои хӯранда ба вуҷуд меовард. Дар он замон башар на он микробро мешинохт ва на василае дошт, ки онро аз байн бибарад, вале Пайғамбар бо нури ваҳй ва нубувват ин ҳақиқатро дарёфта буд. Худо ба Пайғамбар дастур дод, ки ба мардум бигӯ, аз хӯрдани гӯшти хук худдорӣ кунанд. Ҳаром будани гӯшти хук ба воситаи ҳамин микробе аст, ки дар бадани хук вуҷуд дорад. Вале имрӯз ба воситаи пешрафтҳои азими илмӣ кашф шудааст, ки зарари ин гӯшт аз чист ва роҳи аз миён бурдани он ҳам кашф шудааст ва ба васоили мухталифе он микробро аз байн мебаранд. Бинобар ин, он далеле, ки барои ҳурмати гӯшти хук вуҷуд доштааст, имрӯз дигар вуҷуд надорад. Пас имрӯз мо агар гӯшти хукро бихӯрем, бар хилофи дастури ислом рафтор накардаем. Агар худи Пайғамбар ҳам имрӯз бошад ва аз ӯ суол кунем, ки бо васоиле, ки ҷадидан пайдо шудааст, боз ҳам гӯшти хукро нахӯрем?, лобуд хоҳад гуфт, ки на дигар, ҳоло метавонед бихӯред. Он рӯз, ки мо гуфтем, васоиле барои аз байн бурдани ин микроб набуд ва ҳоло, ки ҳаст, дигар монеъе надорад.

Банда он ҷо гуфтам, ки баъзе аз муқаддимоти ин ҳарф дуруст аст, вале баъзе дигар аз муқаддимоташ ноқис аст. Ин матлаб, ки шумо мегӯед ҳар ҳукм, ки дар ислом ҳаст, далеле дорад, рост аст. Инро уламои ислом ба ин тартиб баён мекунанд, ки дар ҳар дастуре аз дастуроти ислом ҳикмат ё ҳикматҳое нуҳуфтааст ва ба таъбире, ки уламои фиқҳу усул истеъмол мекунанд, аҳком тобеъи як силсила масолеҳу мафосиди воқеӣ аст. Яъне агар ислом чизеро ҳаром кардааст, чун мафсадае вуҷуд доштааст, ҳаром карда, хоҳ мафсадаи ҷисмӣ бошад, хоҳ руҳӣ, хоҳ ба зиндагии фардӣ бастагӣ дошта бошад, хоҳ ба зиндагии иҷтимоӣ, дар ҳар ҳол як зараре дар он будааст, ки ҳаром шудааст. Яъне таҳрими таъаббудӣ ба ин маънӣ, ки бидуни далел як чизе ҳаром шуда бошад, аслан вуҷуд надорад, ва ҳеч олиме аз уламои мусалмон чунин ҳарфе намезанад…

Пас, ин матлаб, ки агар дар дини ислом як чизе ҳаром шудааст, далеле дошта, ҳарфи дурусте аст. Инро ман ҳам қабул дорам. Масалан, ин ки гӯшти саг ҳаром аст ё саг наҷис аст, бидуни далел нест. Ҳатман дар саг як чизе вуҷуд дорад, ки барои инсон зарар дорад. Албатта дар садри ислом ҳанӯз ин ҳарфҳое, ки алъон мезананд, вуҷуд надошт. Вале як матлаби дигар ҳаст, ва он ин ки: фарз кунем олиме ё муҷтаҳиде пайдо бишавад, ки барояш яқин бишавад, ки ислом, ки гуфтааст гӯшти хук ҳаром аст, мунҳасиран ба хотири ҳамин микробе аст, ки имрӯз кашф шудааст. Ӯ фатво хоҳад дод: пас, ҳоло дигар гӯшти хук ҳалол аст. Вале мо қабул нахоҳем кард. Муҷтаҳид бояд пухта бошад. Мумкин аст барои чизе, ки ҳаром шудааст, даҳҳо хатар вуҷуд дошта бошад ва имрӯз илм яке аз онҳоро кашф карда ва мобақӣ ҳанӯз монда бошад. Шумо мебинед масалан илм пенсилинро кашф ва осорашро баён мекунад ва тамоми мардум ба он рӯй меоваранд. Баъд аз чанд сол мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки зарарҳое ҳам дорад ва лоақал барои ҳамаи маризҳо таҷвиз намекунанд. Илм гӯшаеро кашф мекунад ва гӯшаи дигар барояш пинҳон мемонад. Ҳоло барои як нафар муҷтаҳид кай яқин пайдо мешавад, ки иллати ин ки ислом гуфтааст гӯшти хуки ҳаром аст, мунҳасир ба ҳамин микробе аст, ки илм кашф кардааст? Агар бигӯяд, аҷала ба харҷ додааст ва бояд аз ӯ суол кард, оё шумо яқин доред, ки 20 соли дигар чизи ҷадиде кашф нашавад?

Масалан, мумкин аст хусусиятҳои баъзе аз ҳайвонот дар гӯшташон вуҷуд дошта бошад, ба тавре, ки хӯрандаи он гӯшт он хусусиятҳоро бигирад. Аз ҷумлаи сифоти хук ин аст, ки хеле касиф аст. Дар ҳадис аст, ки яке аз хасоиси руҳии ин ҳайвон ин аст, ки ғайрат надорад ва хӯрдани гӯшти ӯ ғайратро аз байн мебарад. Албатта медонед ҳар кадом аз ҳайвонот хасоиси руҳии махсус ба худ доранд, масалан вафо дар саг зиёд аст (саг дар муқобили эҳсоне, ки ба ӯ мешавад, он эҳсонро нодида намегирад, вале гурба ин тавр нест) ва ё ғайрати номус дар хурӯс зиёд аст ва ҳайвоне, ки аслан ин хоссият дар ӯ нест, хук аст. Вақте аз Имом Ризо (а) роҷеъ ба ҳурмати гӯшти хук суол мекунанд, мефармояд:

لانّه يذهب الغيرة

Барои ин ки ғайратро аз байн мебарад.” Баъд гуфтам, ин ҳолате, ки шумо алъон дар Урупо мебинед, асари гӯшти хук аст, ки ҳосилашро буруз додааст.

Пас, ин напухтагӣ аст, ки вақте инсон як фалсафаеро дар бораи аҳком пайдо кард, бигӯяд ҳар чӣ ҳаст ҳамин аст. Масалан, дар боби машруб як касе бигӯяд — албатта машруб дар тамоми шариатҳо ҳаром будааст — иллати ин ки машруб ҳаром аст ин аст, ки барои кабиду қалб музирр аст, вале таҷрибиёт нишон додааст, ки агар касе ба миқдори кам масраф кунад, на фақат музирр нест, балки нофеъ аст, пас шароб камаш ҳалол ва зиёдаш ҳаром аст. Ин ҳам боз дастпочагии дигаре аст. На, инсон бояд дар ин ҷур масоил суръат ба харҷ надиҳад.

Баъзе аз афрод дар қадим мегуфтанд, иллати ҳурмати шароб зоил кардани ақл аст ва мо як табиате дорем, ки дар мо шароб эҷоди сукру мастӣ намекунад, пас шароб бар мо ҳалол ва бар дигарон ҳаром аст. На, ин ҷур нест. Аввалан, мумкин аст ҳазорон далел барои ҳурмати шароб вуҷуд дошта бошад, ки мо ҳанӯз ба онҳо нарсидаем. Сониян, як шайъи ҳаром ҳарчанд ин ки як заррааш он хоссияти зарариро надошта бошад, вале бояд онро ба таври дарбаст ҳаром кард, ки мардум аслан ба сӯи он нараванд.

* * *

Мисоли дигар: забони арабӣ, забони аъмоли мазҳабӣ дар ислом

Мисоли дигаре арз мекунам: баъд аз ҷанги ҷаҳонии аввал ба иллатҳои сиёсии истеъморӣ, ҳисси миллиятро тарҳ карданд. Вилсен як тарҳи чаҳордаҳмоддаӣ рехт, ки яке аз моддаҳои он ин буд, ки эҳсоси носиюнолистиро зинда кунанд. Ин тавр набуд, ки ин моддаҳоро барои кишварҳои исломӣ тарҳ карда бошанд, барои дунё тарҳ карда буданд. Ин, назири он дастуре аст, ки Арасту ба Искандар дод. Искандар вақте дунёро фатҳ кард ва монанди сели бунёнкан ҳамаро зери худ меовард, роҷеъ ба нигаҳдории футуҳоташ аз Арасту назар хост. Гуфт: тафриқа биандоз ва ҳукумат кун! Яъне ҳар ҷоро, ки фатҳ мекунӣ, мардуми он ҷоро тикка-тикка кун, аз миёни худашон афродеро барангез ва ба онҳо ҳукумат бидеҳ, онҳо бо ҳам рақиб мешаванд ва ҳамеша бо ҳам муъоризанд, аз ин рӯ тамоми онҳо такяашон ба туст. Бо ин равиш, ту метавонӣ мамоликеро, ки фатҳ кардаӣ, зери худат қарор бидиҳӣ. Ин фикр дар ҷанги ҷаҳонии аввал ҳам ба вуҷуд омад ва тарроҳаш ҳам Вилсен буд, ки дар миёни ҳар миллате эҳсосоти миллият ва носиюнолистии онҳоро тақвият кунанд. Масалан, дар мавриди минтақаи азими кишварҳои исломӣ, ки нерӯи воҳиде бар онҳо ҳукумат мекард ва миллатҳои мухталифе зери парчами он буданд, гуфт, бояд эҳсосоти миллии ҳар миллатеро таҳрик кард. Кишвари Туркияи феълӣ, кишвари Усмонӣ ва яке аз кишварҳои бузурги ҷаҳон буд. Тамоми кишварҳои арабии феълӣ тобеъи Усмонӣ буданд. Аз тарафе, дар кишварҳои арабӣ ашрофи онҳоро барангехтанд, ки бояд аз нажоду миллияти худатон тарафдорӣ кунед, ва аз тарафи дигар Камол Отатуркро барангехтанд, ки мо турк ҳастем, забонамон туркӣ аст. Хатташонро ҳам иваз карданд. Баъд гуфтанд, чун мо рӯи нажод такя мекунем, пас мазҳаб як амри хусусӣ аст, як амри фардӣ аст ва ҷузъи масоили иҷтимоӣ нест. Дар маҷлиси Туркия аслан мазҳабро қабул накарданд ва исломро ба унвони мазҳаби расмӣ напазирифтанд. Натиҷа ин шуд, ки чунин кишвареро дар ҳоли инзиво қарор додаанд. Баъд гуфтанд, ки Худо забони махсусе надорад, чӣ лузуме дорад, ки намозро ба забони арабӣ бихонед? Биёед намозро ба забони туркӣ бихонем, фарқе намекунад. Ислом хостааст, ки мардум намоз бихонанд, яъне бо Худо сӯҳбат кунанд, бо ҳар забон, ки шуд, мешавад. Худо ба ҳама чиз огоҳ аст, дигар далеле надорад, ки ҳатман ба забони арабӣ бояд намоз хонд.

Ин ҳам як навъ шитобзадагӣ аст, барои ин ки ҳар мазҳабе агар забони махсусе надошта бошад, он мазҳаб наметавонад боқӣ бимонад. Ислом ба як маънӣ забони махсусе надорад, ба ин маънӣ, ки ислом воҷиб накардааст, ки забони муколима ҳатман забони арабӣ бошад. Ислом забони махсусеро барои муколима бо якдигар тарҳу вазъ накардааст. Ислом хатти махсусеро ҳам барои мардум фарз накардааст, ки ҳатман бояд тамоми мардум масалан бо хатти арабӣ бинависанд. На, ислом дини нажодӣ нест. Дар ислом ин ҷур маҳдудиятҳо вуҷуд надорад. Аммо ислом барои аъмоли мазҳабӣ забони махсусеро интихоб карда, ки ин забони махсус, ба ҳамаи мардум ваҳдат бидиҳад. Асосан ин, кори хубест ё кори баде, ки миллатҳои мухталифи дорои забонҳои мухталиф, лоақал дар як қисмат, якзабона бишаванд? Ин аз назари ваҳдати башарият хуб аст, гоме аст ба сӯи ваҳдати башарият. Агар ба мардум таклиф мекард, ки ҳатман бо як забон сӯҳбат кунанд, хуб набуд ва шояд амалӣ ҳам набуд. Ҳар миллате адабиёте барои худаш дорад, ки он адабиёт ҷузъи захоири он миллат ва захоири башарият аст. Воқеан бояд забони форсиро ҳифз кард барои ин ки дар забони форсӣ нафоис ва осори гаронбаҳое вуҷуд дорад, ки барои башарият муфид аст, на аз назари ин ки мо эронӣ ҳастем ва эҳсоси миллияти эронӣ дорем, балки аз назари башардӯстӣ ва алоқаманд будан ба нафоиси башар. Гулистони Саъдӣ яке аз захоири башарият аст. Маснавӣ ҷузъи захоири башарият аст. Ҳамин тавр дар забони арабӣ, Қуръон, Наҳҷул-балоға, Саҳифаи Саҷҷодия, ки ҷойи худ доранд, бисёре аз китобҳои арабӣ ҷузъи захоири башарият аст. Масалан, девони Ибни Фориз ҷузъи захоири башарият аст.

Пас ин нахоҳад шуд, ки тамоми мардуми дунё биёянд як забонро барои худ интихоб кунанд. Вале ин миқдор, ки миллатҳои мухталифро лоақал дар забони мазҳабӣ яке бикунем, имконпазир аст ва ин аз он ҷиҳат нест, ки забони Худо — алъаёзу биллоҳ! — забони арабӣ аст. Аслан Худо забон намехоҳад, ҳарф ҳам, ки назанем, аз нияти мо огоҳ аст. Вале ин як фалсафа дорад, ки арз кардам ва ин фалсафаро бояд ҳифз кард. Ин кӯтоҳфикрӣ аст, ки ҳар қавме аз ақвоми мусалмон аъмоли мазҳабиро ба забони худаш анҷом диҳад. Абунавос дар он шеър мегӯяд:

قل للذي يدعي فلسفة

حفظت شيأ وغابت عنك أشياء

Бигӯ ба ин муддаии илму фалсафа, ки ту як чиз ёд гирифтаӣ, вале хеле чизҳоро фаромӯш кардаӣ.”

Ин матлабро ҳам бояд арз бикунам: оё медонед ҳеч забоне қодир нест, ки забони дигарро сад дар сад таҳвил бигирад? Ҳар забоне он чи ки дорад, махсуси худаш аст. Яъне шумо агар тамоми адибони забони форсиро ҷамъ кунед, то сураи Ҳамдро ба форсӣ тарҷума кунанд, ки ҳамон манзури сураи Ҳамдро бифаҳмонад, имконпазир нест. Забони форсиро ҳам агар бихоҳанд ба забони дигаре баргардонанд, ки ҳамон латофату ҳамон манзурро дошта бошад, наметавонанд. Ашъори Хайёмро ҳар коре бикунанд, наметавонанд ба забони дигаре баргардонанд. Банда худам чизе навишта будам, яке аз фузало онро ба забони арабӣ тарҷума карда буд. Вақте ман тарҷумаро хондам, ҳеч фикр намекардам, ки ин ҳамон чизе аст, ки ман навиштаам.

Мегӯянд омор нишон додааст, ки агар шумо ҳарфе барои касе нақл кунед ва он шахс ҳамон ҳарфро ба севвумӣ, ва севвумӣ ба чаҳорумӣ ва ҳамин тавр то сӣ-чиҳил нафар барои ҳам нақл кунанд ва он шахси охир барои шумо, ки ин ҳарфро задаед нақл кунад, мебинед аслан он қадр дар он ҳарф тасарруфот шудааст, ки ҳеч шабоҳате бо он надорад, ҳоло чӣ расад ба дин.

Яке аз имтиёзоти ислом ин аст, ки матни он чи гуфтааст маҳфуз аст. Матни Қуръони Маҷид маҳфуз аст, матни дуоҳо маҳфуз аст ва мо матнҳоро бояд ҳифз кунем. Ин мунтаҳои нодонӣ ва ҷаҳолат ва ҳамоқат аст, ки бо якчунин ҳисоби баччагона, ки Худо забони махсус надорад, бигӯем пас намозро ба забони дигар баргардонем.

Ин ҳам намунаи дигаре аз ҷаҳолатҳо ва тасарруфоти ҷоҳилонае, ки аҳёнан дар дин мешавад ва бояд афроди мӯътадил ва одил ҷилави ин тасарруфотро бигиранд.

* * *

Поварақӣ:

(1) Яке аз чизҳое, ки барои худашон нанг медонистанд ин буд, ки дар ҷанг кушта бишаванд ва шикамашон пора бишавад ва аз он қозурот берун биёяд. Аз ин рӯ то ҳадди имкон кам ғизо мехӯрданд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: