Перейти к содержимому

Оё илм метавонад васфи динӣ дошта бошад? // Назари Сайидҳусайни Наср

Профессор Сайидҳусайни Наср, файласуфи соҳибназари эронӣ ва устоди улуми исломӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтуни Омрико

Ахиран дар Эрон, ин баҳс миёни донишмандон ба сурати бисёр густарда матраҳ шудааст, ки оё як илм метавонад васфи динӣ (исломӣ) дошта бошад ё на. Ин баҳс мувофиқон ва мухолифоне дорад ва ҳар як истидлолҳои худро баён мекунанд. Баъд аз ёдошти дуктур Ризо Доварии Ардаконӣ, раиси Фарҳангистони улуми ин кишвар, ки дар он, истидлол карда, ки илмро наметавон муттасиф ба сифати динӣ кард, баҳси мавриди назар доғтар шудааст. Ба эътиқоди Ардаконӣ, васфи динӣ наметавонад зотии илм бошад; албатта вуҷуди илми динӣ қатъӣ аст, аммо масоилаш масоили динӣ аст.

Ризо Доварии Ардаконӣ, файласуф ва мутафаккир ва раиси Фарҳангистони улуми Эрон

Дар муқобил, мувофиқон нақдҳое ба дидгоҳи дуктур Ардаконӣ ворид кардаанд. Дар хусуси ин баҳс хабаргузории Меҳр гуфтугӯе бо профессор Сайидҳусайни Наср анҷом додааст, ки дар идома меояд.

* * *

Ишора: Профессор Сайидҳусайни Наср, файласуфи соҳибназари эронӣ ва устоди улуми исломӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтуни Омрико, шогирди Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадкозими Ассор ва Сайидабулҳасани Рафеъии Қазвинӣ аст. Ӯ ҳамкори Ҳонри Курбан (Henry Corbin) дар ҳавзаи фалсафаи татбиқӣ ва таърихи фалсафаи исломӣ будааст ва худ чандин асари илмӣ дар ҳавзаи фалсафаи исломӣ ва таърихи он нигоштааст.

Сайидҳусайни Наср дар ҳавзаи ирфон ва фалсафаи исломӣ, диншиносии татбиқӣ ва таърихи илм дар ислом, тахассус дорад. Вай аз ироадиҳандагони идеяи илми динӣ дар садаи 20-ум ва аз соҳибназарон дар мавзӯи нигаришҳои исломӣ ба илм мебошад, ки ороашро дар китобҳо ва мақолоти мухталиф ва аз ҷумла маҷмӯаи суханрониҳое бо унвони “Маърифат ва амри қудсӣ” ироа кардааст.

* * *

— Дар пайи ёддошти дуктур Доварии Ардаконӣ, дубора баҳс перомуни имкон ё адами имкони илми динӣ ва муттасиф шудани илм ба сифати динӣ ба ҷараён афтод. Ба назари шумо, оё илми динӣ имкон дорад ва ё мумтанеъ аст?

— Ман мақолаи эшон ва чанд мақолаи дигар перомуни ин баҳс мутолеа кардам ва таъаҷҷуб мекунам баҳс ба ин тавилӣ дар Эрон анҷом мепазирад, вале камтар ба таърифи мафоҳими аслӣ, ки маркази баҳс аст, таваҷҷӯҳ шудааст. Мо дар фалсафа ҳамеша бо ин баҳс шурӯъ мекунем, ки мақсад чист. Дар хусуси ин баҳс низ бояд пурсид, мақсуд аз илм чӣ илме аст? Калимаи илм, ки тавассути оқоён ба кор меравад, дар воқеъ нуфузи тафаккури ғарбӣ аст, ки ман баҳсро аз ин ҷо шурӯъ мекунам.

Дар забони олмонӣ калимаи илм мешавад Wissenschaft, ва ин Wissenschaft шомили ҳамаи улум ба маънии қадими калимаи илм дар забони форсӣ аст ва ҳатто таърифи ҷадиди илмро низ дарбар дорад. Яъне он чизе, ки дар забони форсӣ аст, дар забони лотин ҳам (Scientia) аст. Ба ҳамин тартиб, мо метавонем бигӯем, ки Naturwissenschaft илми табиӣ, ки шомили физик, шимӣ, ҳавошиносӣ, заминшиносӣ ва ғайра мешавад. Метавонем бигӯем, ки Geisteswissenschaft яъне илми марбут ба руҳу равон (илми равон) шомили илми фалсафа ва улуми марбут ба он мешавад. Дар забони фаронса калима Science, ки ба маънои илм аст, танҳо ба маънои роиҷи илм дар забони ангилисӣ-омрикоӣ нест. Дар забони фаронса метавон илмро ба улуми инсонӣ, улуми динӣ ва ғайра табақабандӣ кард. Ин калима ба тадриҷ аз қарни 17 ба баъд як маънои хоссе ба худ гирифт ва ба маънои як навъ илме, ки мубтанӣ бар таҷриба ва истидлол аст талаққӣ шуд, ки аз инқилоби қарни 17 илмӣ, бо Голиле, Декорт, Нютун ва Кеплер шурӯъ шуд ва то замони муосир идома ёфт.

Ҳар касе, ки мехоҳад дар забони форсӣ дар мавриди ин мавзӯъ баҳс кунад, аввал бояд ба заминаи ин баҳс руҷӯъ кунад ва он қадр садоқат дошта бошад, ки баён кунад, ки таърифи ғарбӣ аз илмро қабул дорад ё на. Вале бояд ҷараён равшан шавад. Махсусан, ки ҳанӯз вожаи илм ба забони форсӣ ба маънои куллиаш мурда нест. Мисли забони ангилисӣ нест, ки илм барои ҳама ба як маъно калимаи Science аст.

Дар забони мо ва дигар забонҳои исломӣ, арабӣ ва ғайра, калимаи илм ҳанӯз куллияташро аз даст надодааст. Чунончи мо ҳанӯз мегӯем, уламои Қум ва ба асотиди донишгоҳҳо ва ба риёзидонони бузург низ олим мегӯем. Мо дар забони форсӣ ҳанӯз ҳам Эйнштейнро олими бузурги физик меномем. Аз назари мо, ҳам эшон олим аст ва ҳам Аллома Таботабоӣ. Ин табақабандиҳо ҳанӯз аз байн нарафта ва хеле муҳим аст, яъне ваҳдати дониш.

Ман ба унвони касе, ки чандин сол аст корҳое дар ин замина анҷом додаам ва ба унвони касе, ки тарафдори исломӣ кардани улум будам ва шояд бештар аз касоне, ки дар ин маврид баҳс мекунанд, ба улуми ғарбӣ иҳота дорам, намехоҳам аз сари ҷаҳолат сухан бигӯем, аз ин рӯ ишораи ман бад-ин ҷиҳат аст, ки бо илму мутолеа дар мавриди ин мабҳас сухан мегӯям ва мефаҳмам, ки таърифҳои зиёде аз илм шудааст. Шахсан тарафдори ин ҳастам, ки куллият ва умумияти вожаи илм чунончи дар фарҳанги исломӣ ва эронӣ буда ҳифз шавад. Яъне мо ҳанӯз битавонем бигӯем, ки Эйнштейн як одами олиме буда ва ҳам бигӯем, ки Аллома Таботабоӣ олими бузурге будааст.

Вале агар мутафаккирони Эрон — дар ҳар ҷомеае мутафаккирон таъйинкунандаи масири фикрии он ҷомеа мешаванд — тасмим бигиранд, ки илм на ба маънои олмонӣ, на фаронсавӣ ва фақат ба маънои англисӣ (англусоксун) аст, дар ин сурат бояд ин ҷараён равшан шавад, ки илм яъне дониши муназзам. Пас “Меъёрул-ъуқул”-и Ғаззолӣ ё “Асфор”-и Мулло Садро, ки дар он донишҳои муназзам аст, чист?

Ба таври куллӣ, аз ин ки ин мабоҳис пеш омада хушҳолам, вале хеле нороҳатам аз ин ки ин баҳс бо умқи кофӣ анҷом намепазирад. Дар воқеъ пушти пардаи ин баҳс мунозираи амиқ байни суннат ва таҷаддуд аст ва ҳама намехоҳанд роҷеъ ба ин мавзӯъ сӯҳбат кунанд. Хеле муҳим аст, ки ба қавли қудамо, як роҳи кашфи маҳҷубе бишавад ва баҳсҳои аслӣ, ки матраҳ ҳастанд аён шаванд. Барои ояндаи фикрии мо дар Эрон ин баҳс хеле муҳим аст. Ман ҳамеша тарафдори ин будаам , ки дар барои баҳс ҳамеша боз бошад ва афроде биёянд ва назароти мухолифи назароти банда ё соирин матраҳ намоянд. Ҳар қадр баҳсҳо бештар шавад, масоил равшантар хоҳад шуд.

— Оқои дуктур! Бо таваҷҷӯҳ ба тақсимбандиҳои мавҷуд ва мабоҳисе, ки перомуни ин тақсимбандиҳо дар ҳоли шаклгирӣ аст, яке нозир бар улуми поя монанди физик, зистшиносӣ ва улуми табиӣ аст, ки ишора фармудед. Яке ҳам дар баҳси улуми инсонӣ аст. Бештарин нукта ва интиқодҳое, ки мухолифони улуми динӣ доранд, мутаваҷҷеҳи улуми инсонии исломӣ аст. Мухолифони илми динӣ мӯътақиданд, ки илми иҷтимоии ҷадид чун бо назми таҷаддуд таносуб дорад, аз ин рӯ наметавон аз улуми инсонии исломӣ сӯҳбат кард.

— Мисли ин ки шумо бигӯед, фақат ғизои фаронсавӣ ғизост ва ғизоҳои дигар ҳисоб нест. Айни ҳамин аст, мунтаҳо дар риштаи фалсафа. Муҳим нест, ки дар Урупо ва ё Омрико ҷомеашиносии ҷадид чӣ мегӯяд. Ҷомеашиносии ҷадид чӣ аҳаммият ва пояе дорад?! Аслан ба мо чӣ рабте дорад, ки ҷомеашиносии ҷадид дар Урупо ва Омрико чӣ мегӯяд!

Илми ҷомеашиносии ҷадид тавассути уламои физик ва шимии ғарбӣ мавриди интиқоди ҷиддӣ қарор гирифтааст. Ҷомеашиносӣ, ки нимаилм аст ва илми воқеӣ, ки нест. Тамоми назариёт дар мавриди ҷомеашиносии Ҷон Дюӣ (John Dewey) дар панҷоҳ соли гузашта, имрӯз матруд аст ва касе дар мавриди он сӯҳбат ҳам намекунад. Кадом илм?! Махсусан дар риштаҳое мисли улуми иҷтимоӣ, ки хеле сайёл ҳастанд. Ба кор бурдани калимаи илм дар мавриди инҳо хеле мавриди баҳс аст. Дар мавриди ин мавзӯъ баҳсҳои зиёде дар Омрико сурат гирифтааст, ки масалан ба улуми сиёсӣ ҳам Political science мегӯянд. Бархе онро қабул надоранд ва ба ҷойи он аз калимаи Government истифода мекунанд.

Мутобиқи фалсафаи улуми ҷадид, аз шароити Science, пешбинии оянда аст. Яъне шумо бо нуҷуми ҷадид ва ҳатто қадим метавонед пешбинӣ кунед, ки фардошаб Зуҳра куҷои осмон хоҳад буд. Агар натавонад ин пешбиниро анҷом диҳад, нуҷум илм нест. Улуми иҷтимоӣ аслан наметавонад чунин кореро анҷом диҳад. Инқилобе ба бузургии инқилоби Эронро тамоми депортумонҳои аризу тавили улуми иҷтимоии марбут ба Ховари Миёна дар Урупо ва Омрико натавонистанд пешбинӣ кунанд ҳатто як нафар натавонист пешбинӣ кунад. Агар дар мавриди нуҷум ҳам ҳамин буд, депортумони нуҷумро фавран мебастанд. Ин нуктаи хеле муҳимме аст.

Таслим шудан ба улуми иҷтимоии ғарбӣ, аз таслим шудан ба физики ғарбӣ хеле бадтар аст, чун худи ин улум, пояи муҳкаме мисли улуми физик ва шимӣ надоранд. Чун физик ва шимӣ дар Урупо хеле муваффақ буд, исми илмро бар рӯи ин чизҳо гузоштанд. Қабл аз Огуст Кант (Auguste Comte) ва қабл аз қарни 19, мо аслан сусиюлужӣ ба “ин маъно” надоштем; улуми иҷтимоӣ надоштем. Вале ба маънои амиқтар доштем. Муаррихи бузурги итолиёӣ Вику (Giambattista Vico) ва ё Мокёвелӣ ҳарфҳои амиқе дар мавриди ҷомеа ва мавзӯоти дигар матраҳ мекунанд. Бо вуҷуди ин ки мувофиқи назароташон нестам, ин мутафаккирон қабл аз давроне будаанд, ки вожаи улуми иҷтимоӣ вуҷуд доштааст, вале ҳарфҳое задаанд, ки аз диди улуми иҷтимоии имрӯз хеле муҳим аст.

Ман бо таваҷҷӯҳ ба илму таҷрибаи 60-сола, мехоҳам ба аён бигӯям, ки мо набояд ба ҳеч унвон аз улуми инсонӣ ва иҷтимоии ғарбӣ ба унвони нумод ва улгу истифода кунем. Албатта ин улумро бояд бидонем ва амиқан бишносем, ки ин баҳси дигаре аст, вале бо диди наққодона. Ҳамон тавр, ки урупоиён масалан китобҳои Ибни Халдунро вақте хонданд ва мутолеа карданд, нарафтанд муриди Ибни Халдун шаванд, балки онҳо китобҳои зиёде дар мавриди Ибни Халдун навиштанд ва аз диди таърихнигорона ва фалсафаи таърихи ғарб ба он нигоҳ карданд ва ҳамчунин дар хеле аз мавориди дигар.

Ин баҳсе, ки алъон дар Эрон ҷараён дорад, дар воқеъ як ҷур таслими суннати фикрии худи мо дар заминаи улуми инсонӣ ва динӣ ва ғайра аст ва таъассуфи ман аз ин бобат аст. Ин ҳама баҳсҳое, ки Мулло Садро дар китоби “Асфор” роҷеъ ба илм кардааст: илм чӣ мақулае аст, чӣ гуна ба вуҷуд меояд, инҳо ангор моли қорраи дигаре будааст! Аслан, қобили тасаввур нест ин баҳс дар Фаронса эҷод шавад ва касе сӯҳбат аз фалосифаи маъруфи Фаронса накунад, аслан чунин чизе мумкин нест.

Ба таври хулоса, асли матлаб ин аст: таърифи дақиқу равшан аз илм ва ин ки мақсуди мо аз илм чист. Баъд агар натавонем ба тавофуқ бирасем, ҳаддиақал бигӯем ва агар ба тавофуқ расидем, мубтанӣ бар он тавофуқ баҳс кунем.

— Баҳси муҳимме, ки дар ин гуфтугӯҳо вуҷуд дорад, баҳси муҳандисӣ кардани илм аст. Дар воқеъ мухолифони илми динӣ мӯътақиданд, ки илм як тарҳи муҳандисии сохтанӣ нест ва ёфтанӣ аст. Мӯътақидони илми динӣ мегӯянд, ки дуруст аст, ки илм ёфтанӣ аст, вале мудириятпазир аст ва қобилияти сиёсатгузориро дорад. Яъне мӯътақиданд, ки илми мудерн мудирият шуд ва аҳдоферо, ки ҷомеаи ғарбӣ ба дунболи он буд муҳаққақ кард. Мо чӣ тавр? Оё мо ҳам метавонем илме дошта бошем, ки дар воқеъ аҳдофи ҷомеаи худамонро битавонад муҳаққақ созад?

— Ин баҳс мубтанӣ бар як тасомуҳ аст, ва он, иштибоҳ байни илм ва фанноварӣ аст. Ман устоди бузурге дар Донишгоҳи MIT (Муассисаи фанновари Масачосет) доштам, ки мегуфт: илм оғоз мешавад ҷое, ки ба корбурд хатм мешавад. Яъне илм аслан набояд корбурд дошта бошад ва ба фикри корбурдаш бошад. Тамоми кашфҳои бузурги илмӣ бо таваҷҷӯҳ ба корбурди онҳо, ки сурат нагирифтааст.

Магар вақте, ки Голиле моҳҳо ва ҳалқаҳои Зуҳалро кашф кард, дунболи корбурди онҳо дар зиндагии мардуми Флуронс буд? Ва ё вақте Нютон қонуни ҷозиба ва Эйнштейн қонуни нисбиятро кашф карданд, ба дунболи корбурди онҳо буданд? Усулан, вақте қадамҳои бузурге дар илм бардошта шуда — намегӯям илми корбурдӣ, балки мегӯям илми холис — ва кашфиёти бузурге сурат гирифта, барои ҷустуҷӯи ҳақиқате будааст, на барои манофеъ. Корбурд яъне манофеъ. Яъне ман мехоҳам савори чизе шавам, ки сареътар аз асб аст ва аз ин рӯ автомобил дуруст мекунам. Яъне як ҳадафи мушаххаси моддӣ дар он аст ва бо истифода аз текнулужӣ онро дуруст мекунам.

Ин баҳсе, ки алъон дар Эрон аст, миқдоре аз он мубтанӣ бар адами рӯшноии таърифҳо аст. Дар равобите, ки бо асотиди бузурги физик доштам, ки ҷоизаи Нубел ҳам бурдаанд ва ҳамкори Упенҳоймер (Oppenheimer) буданд ва ҳамаи онҳо бар як амри муҳим таъкид доштанд — барои ин ки физик модари ҳамаи улуми навин аст — ки физикро набояд бо масоили корбурдӣ иштибоҳ кард. Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки баъдан ба дард хоҳад хӯрд, вале пулҳое, ки дар Омрико ба донишгоҳ барои таҳқиқ дар бораи физик медиҳанд, аслан ба дарди корбурди фаврӣ намехӯрад ва ба хотири ҳифзи он илм аст. Албатта дар мавриди кумпониҳо баҳс фарқ мекунад ва масалан кумпонии Ҷенерол Электрик пул харҷ мекунад, барои як ҷанбаи амалӣ, ки масалан як ломпро беҳтар кунад. Вале дар воқеъ он ҷанбаи корбурдӣ ва фанноварии илм аст. Вале аз ҷанбаи худи илм, ҳадафи аксари бузургони илм мисли Нютон ва Эйнштейн кашфи воқеият буд, на чизи дигаре монанди манофеъи миллӣ, сарват ва ҷанг. Албатта ҳамаи инҳо муассир будааст. Масалан қудрати низомӣ, агар давлатҳо алоқа ба қудрати низомӣ надоштанд, пул харҷ намекарданд. Барои намуна алъон на танҳо Омрико ва Русия, балки Ангилис, Фаронса ва ҳатто Покистон ва Ҳинд низ бомби атомӣ доранд. Ҳамеша чунин ангезаҳое низ будааст.

Вале вақте ба худи илм мерасем, агар ҳадаф суди фаврӣ буда илм ба ҷое намерасад. Дар таърихи илм (чӣ илми қадим ва чӣ ҷадид), илм замоне пешрафт карда, ки як фазое буда, ки ҳоким ва ё созмоне васоил ва шароите фароҳам карда, ки донишмандон кори худашонро анҷом диҳанд. Яъне маҷбур ба боздеҳи молӣ набошанд ва кори худашонро анҷом бидиҳанд ва ин нуктаи муҳимме аст, ки фаромӯш мешавад. Мулло Садро ва Ибни Сино ҳатто дар мавриди ин мавзӯъ баҳс доранд. Онҳо дар бораи иллат ва моҳияти илм, балки ҳадафи илм баҳс кардаанд ва ин ки барои чӣ дунболи касби илм ҳастем, ва баҳс кардаанд, ки илм зинати руҳ аст. Инҳо нукоти бисёр муҳимме аст, ки ниёзманди баҳси муфассале аст.

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: