Перейти к содержимому

Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз моҷарои Хошуқҷӣ

Ёддошт дар рӯзномаи Раъюл-явм

Мақомҳои амниятии Туркия ба ваъдаи худ барои баргузории як конфронси матбуотӣ ҷиҳати ироаи иттилооти видеоӣ аз амалиёти нопадид шудани Хошуқҷӣ аз замони вуруд ба консулгарӣ, амал накарданд. Аммо ба назар мерасад изҳороти рӯзи гузаштаи Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, посухгӯи пурсишҳои матраҳшуда бошад, ки муҳимтарини онҳо, баҳс дар мавриди сарнавишти ҳаёти Хошуқҷӣ аст.

Ардуғон бо баёни ин мавзӯъ, ки мо ҳам ҳамчунон мунтазири натоиҷи таҳқиқот ҳастем ва умедворем бо он чи дӯст надорем мувоҷеҳ нашавем, бар ибҳоми бештари ин мавзӯъ афзуд, ба вежа ин ки ду мушовири ӯ, Ёсин Ақтой ва Турон Қошлақҷӣ, ба нақл аз манобеъи амниятии баландпояи Туркия таъкид карданд, ки Хошуқҷӣ дохили сохтмони консулгарӣ ба қатл расидааст, аммо чигунагии қатли ӯ ва интиқоли ҷасадаш ба хориҷ аз сохтмонро ташреҳ накарданд, ба вежа ин ки бино бар изҳороти консулгарии саудӣ, тамоми дурбинҳои дохили ин сохтмон дар замони вуруди Хошуқҷӣ аз кор афтода буданд, аммо маълум нест ин таваққуф, амдӣ буда ё нақси фаннӣ доштааст?!

Нуктаи дигаре, ки бар ибҳоми ин мавзӯъ меафзояд, ривояти ҷадиди мақомҳои Туркия аз вуруди 15 маъмури саудӣ ба консулгарӣ ҳамзамон бо ҳузури Хошуқҷӣ дар ин макон аст. Ба назар мерасад, ин афрод аз нерӯҳои вежаи амниятӣ буда ва чанд соат баъд консулгариро тарк кардаанд.

* * *

Ҳол, бо таваҷҷуҳ ба сенориюҳои мавҷуд, як рӯзноманигори турк ду назарияи муҳимро матраҳ мекунад: назария нахуст мӯътақид аст, ки ҳайъати саудии мазкур пас аз анҷоми таҳқиқоте дар мавриди Хошуқҷӣ ба вежа иртиботаш бо ҷунбиши Ихвонулмуслимин ва давлати Қатар, бо маъмурияти мушаххас яъне қатли ин рӯзноманигор вориди консулгарӣ шуданд. Назарияи дуввум ба ин мавзӯъ ишора дорад, ки ин ҳайъат барои музокира бо Хошуқҷӣ ба манзури қонеъ кардани ӯ ба бозгашт ба Риёз вориди Истонбул шуданд.

Яке аз ҳамсарони Хошуқҷӣ, ки фаластиниюласл аст, таъкид мекунад, ки вай бисёр нигарон ва музтариб буда ва дар остонаи варшикастагӣ қарор доштааст, ҳатто борҳо ба бозгашт ба кишвараш ва сарусомон додан ба авзоъи худ фикр мекард.

Албатта, мо аз мизони сиҳҳати ин изҳорот иттилоъи чандоне надорем ҳарчанд сиҳҳати он низ дур аз зеҳн нест.

Мақомҳои саудӣ бо мухолифони худ ҳатто бо кучактарин интиқоде ҳарчанд бетарафона, мусомиҳа намекунанд. Хошуқҷӣ низ аз ин гузина мустасно нест. Ӯ дар мақолот ва изҳороти худ нисбат ба авзоъи дохилии Арабистон ва бо ҳадафи ислоҳи низомманд дар сохтори дохилии он, интиқодоте шабеҳ ба тавсия ва насиҳат аз ҷумла ронандагии занон доштааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чун Твиттер мавриди истиқболи фаровон қарор гирифт.

Ин рӯзноманигори мунтақид, дар ибрози интиқоди тунду сареҳ нисбат ба амалкарди Оли Сауд дар боздошти фаъолони саудӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ барои сафоратҳои бегона ва мутолибаи ҳуқуқи бештар барои занон, тардид надошт. Албатта Хошуқҷӣ аз ҳомиёни аслии эътилофи “Тӯфони ирода” ва мудохилаи низомӣ дар Яман буд.

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, тобеъи назарияи “Ҳар ки бо мо нест, пас алайҳи мост” буда ва бо ҳар навъ мавзеъи бетарафона ё миёна мудоро намекунад. Иттиҳоми “терурист” будани дуктур Салмон Алавда низ, ба далели тарҳи мавзӯи гуфтугӯ бо давлати Қатар будааст. Вуҷуди чунин иттиҳомҳое алайҳи афрод, бар сиёсати мушти оҳанини Оли Сауд таъкид мекунад.

* * *

Бино бар он чи гузашт, метавон чунин изҳор дошт, ки Оли Сауд бо рабудани ин рӯзноманигори мунтақид, ба дунболи як таблиғи расонаии бузург дар кишварҳои арабӣ ва кулли ҷаҳон аст, то ба ин тартиб бо “терурист” хондани мухолифони саудӣ, ба тамоми мунтақидони худ дар дохил ё хориҷ аз кишвар, ин паёмро илқо кунад, ки ҳар куҷо бошанд, аз тирраси мақомҳои амниятии Оли Сауд дар амон нахоҳанд буд.

Қисмати дигари ин паём, ноамн нишон додани Туркия ба унвони яке аз душманони Арабистон аст. Нопадид шудани Хошуқҷӣ нишондиҳандаи вуҷуди нақс дар амнияти Туркия аст, ба вежа ин ки аносури амниятии саудӣ бидуни вуҷуди ҳеч монеъе вориди консулгарӣ шуда ва зинда ё мурдаи Хошуқҷиро ба маконе номаълум, чӣ басо дар Туркия, интиқол додаанд.

Мо дар пайи қазовати зудҳангом ва пешдоварӣ нисбат ба сарнавишти Хошуқҷӣ нестем ва тамоми нукоти матраҳшуда сирфан пешфарзҳое дар ин замина аст. Мо ҳам монанди дӯсти ин рӯзноманигори мафқуд, ӯро фаъоли шуҷоъ ва тарафдори озодӣ ва демукросӣ медонем ва афроди пушти саҳнаи ин моҷароро маҳкум мекунем.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: