Перейти к содержимому

Забони коргар

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик, дар сафҳаи худ дар Фейсбук менависад:

Аз вежагиҳои характери тоҷик яке ҳам ин аст, ки агар эҳтиромаш куни, гумон мекунад аз ӯ тарсидаӣ. Вежагии дигараш ҳам ин ки забони лутфу одобу забони ахлоқ таъсираш намекунад. Дар Душанбеи асри 21 забони «мулоим» коргар нест. Ин ҳикояи устод Абдуқодири Рустам аз ҳамин хусус нақл мекунад.

* * *

Абдуқодир Рустам

Забони коргар

Дӯстам Абдулаҳади Исо ҳикоят кард: дар канори бозори «Саховат» бачаи 13 –14 солае дар зарфҳои шишагии селитра бензин мефурӯхт, мошинро нигоҳ доштаму гуфтам, ки бакро пур кунад ва чун сафари тӯлонӣ дар пеш доштам ва ҳамон шабу рӯз сӯхт ҳам кам буд, хостам ягон чалак (конистер) бензин бо худ ҳам бигирам. Ба бензинфурӯш гуфтам, агар чалак дорад, бифурӯшад то бензин бихарам. Надорам, гуфт, ака, вале даруни дарвозаи бозор бидаро як аврат мефуруша, бистлитра. Ва чун, албатта, мехост ҳарчи зудтар бензинашро бифурӯшад, ба раҳнамоии даҳонӣ ҳам қаноат накард ва пеш даромаду маро то назди он зан бурд ва худ шитобон бозгашт. Ман ҳам пулро додам, бақияи пуламро гирифтам ва чалакро бардоштаму омадам.
Чун писарак ќифро гузошту ба рехтани бензин шуруъ кард, дидем аз зери чалак бензин метаровад ва писарак бо оҳу воҳ зуд банкаро боло бардошт. Ман чалакро бардоштаму ба назди фурӯшандазан рафтам. Вай машғули суҳбати гарм бо зани дигар буд. Дидам, ки ба ман иътино накард ва суҳбаташон ҳам ба ин зудӣ поён намеёбад, гуфтам:
— Хоҳар, ин чалака иваз кунед, сурох будаст.

Вай чунон ба ман ва баъд ба чалак нигоҳ давонд, ки гӯӣ ҳар дуро бори аввал медид.

— Аз ман харида будӣ?

— Албатта, агар не, намеомадам!

— Кай?

— Ҳоло панҷ дақиқа ҳам нашудаст!

— Ман се сол шуд чалак мефурӯшам, ягон кас баргашта наомад, ки чалакат сурох!

Гумон кардам шӯхӣ мекунад ва ман ҳам ба лаҳни шӯхӣ гуфтам:

— Бибии раҳматии ман 93 сол умр диданд, ҳатто як бор бемор нашуданд, як саҳар хестем, ки дар ҷойи хоб мурдаанд!

— Мара масхара мекунӣ, худат бурдӣ сурох кардӣ овардӣ, фиребам мекунӣ!

— Чӣ хел фиреб, ман чаро чалак харидам, ки сӯрохаш кунам, ҳоло панҷ дақиқа нашуда, ки аз шумо харидам, ду сомонӣ бақия ҳам додед.

— Намедонам, ман имрӯз ҳоло ягон чалак нафурӯхтаам!

Вай намоишкорона рӯй тофт ва боз машғули суҳбат бо зани ҳамсояаш шуд.

Ман чанди дигар ба инсоф хондамаш, Худову Каломашро шафеъ овардам, вале асаре надошт, гӯйӣ ба девор гап мезадам.

Сари хам, дилам пур аз оташи ғазаб ва чеҳраам, эҳтимол аз қаҳру ғазабу заъфу нотавонӣ сурх баргаштам. Писари бензинфурӯш ранг диду ҳол пурсид:

— Чӣ шуд муъаллим?

Ҳар чиро, ки бо занак радду бадал карда будем, нақл кардамаш.
— Тамом?

— Тамом!

— Дигар чизе нагуфтиш?

— Дигар чӣ гӯям!

— Рафтем, — гуфт, — чалакро аз дастам гирифт ва чунон чуст қадам бардошт, ки маро ҳам лозим омад, калонтар қадам бардорам.

Писарак ба пештахтаи зани чалакфурӯш расид, чалакро бардошт ва оҳиста ба миёни зан, ки ҳанӯз машғули суҳбат буд, зад ва чун зан як қад парида рӯй гардонд, фурсати даҳон боз кардан надодаш ва бо тундӣ, бо ҷаҳл ва тезӣ гуфт:

— Эй бева, ҳамин чалака ай пешут мехалонаму ай пуштут мекашум. Э духтарта…, очата… Мара Карими бензинфурӯш меган-а, фамидӣ…

Зан ба худ ларзид, сухане нагуфт, хам шуд ва аз зери пештахта чалакеро берун оварду ба ман дароз кард.

— Ай барои Худо, нахо ай барои як чалак ҳаминта бигӯйӣ бачам, бигӣ, бигӣ.
Ман чалакро гирифтам. Карими бензинфурӯш чалаки сӯрохи дасташро аз болои китфи зан ба паси пештахта партофт ва ба қафо гашту ҳамон сон чусту чобук қадам заду рафт.

Баъд аз он ки чалакро бензин пур кард, гуфт, муъалим гапзания ёд бигӣ, интарӣ, ки ту гап мезанӣ, читарӣ зиндагӣ менӣ!

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: