Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (7)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Хавориҷ

وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُواْ شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا

Ва бад-ин гуна шуморо уммате миёна қарор додем, то бар мардум гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад…” (Сураи Бақара, ояти 143)

Баҳси мо дар атрофи ин буд, ки бояд аз ду чиз парҳез кунем, то битавонем он миқдоре, ки Қуръони Карим дастур додааст амал кунем: яке ифроткориҳо ва дахлу тасарруфҳои ҷоҳилона — ки дар шабҳои гузашта мисолҳое дар бораи он арз кардем — ва дигар ҷумуд. Ҷумуд яъне хушкиҳои бемаънӣ ва беҷо…

Имшаб мехоҳам мисолҳое барои ҷумудҳое, ки дар таърихи ислом пайдо шуда ва зарбаҳое ба ислом задааст зикр кунам. Аввалин ҷараёни ҷумудомезе, ки дар таърихи ислом пайдо шуд, ҷараёни Хавориҷ буд. Хавориҷ ба ислом зиёд зарба заданд ва зарбаи инҳо на танҳо аз ин ноҳия буд, ки муддате фасод карданд, ёғӣ шуда ва ашхоси бегуноҳе аз ҷумла ҳазрати Амирулмӯъминин Алӣ (а)-ро куштанд, балки ғайр аз инҳо, зарбаи бузурге ба олами ислом ворид сохтанд. Хулоса, як навъ хушкмуқаддасӣ доштанд.

* * *

Таърихчаи Хавориҷ

Таърихчаи Хавориҷ аз ин ҷо шурӯъ мешавад:

Инҳо гурӯҳе аз сипоҳи Амирулмӯъминин Алӣ (а) буданд ва дар ҷанги Сиффайн дар лашкари Амирулмӯъминин ширкат доштанд. Ин ҷанг чандин моҳ тӯл кашид. Албатта гоҳе ҳам мутаваққиф мешуд, вале маҷмӯъи муддати ҷангҳоро 14 моҳ навиштаанд. Охирҳои кор ва дар охирин ҷанг, лашкари Амирулмӯъминин доштанд фотеҳ мешуданд. Дар ин ҷо Амр ибни Ос, ки мушовири Муовия буд, найранге ба кор бурд, яъне аз хушкмағзӣ ва ҷумуди фикрии як идда аз сипоҳиёни Амирулмӯъминин истифода кард.

Қазия аз ин қарор буд: аз ибтидо, ки ду лашкар рӯ ба рӯ шуданд, Амирулмӯъминин ба Муовия пешниҳод мекард, ки коре бикун, ки миёни мусалмонон ҷанге сурат нагирад ва Муовия ҳозир намешуд, то охирин ҷанге, ки дар он чизе намонда буд, ки лашкари Муовия решакан бишавад, ба дастури Амр ибни Ос Қуръонҳоро ҷамъоварӣ ва сари найзаҳо карданд, ба лашкари Алӣ (а) гуфтанд, ки байни мо ва шумо китоби Худост! То инҳо ин корро карданд, як идда аз сипоҳиёни Амирулмӯъминин даст аз ҷанг кашиданд ва он инзиботи низомиро, ки дар ҷанг ҳукмфармост канор гузоштанд, ва ҳол он ки қоида ин аст, ки сарбоз бояд тобеъи фармондеҳи худаш бошад, чӣ ӯро лоиқ бидонад ва чӣ надонад. Гуфтанд, қазия тамом шуд, Қуръон дар миён омад, намешавад ҷангид.

Иддае аз асҳоби Амирулмӯъминин, ки дар раъси онҳо Молики Аштар буд, тартиби асар надоданд. Фаҳмиданд, найранг аст, дар ин мавқеъ, ки кори ҷанг дорад хотима меёбад ва ба зудӣ аст, ки онҳо шикаст бихӯранд, мутавассил ба ин ҳила шудаанд, эътино накарданд. Вале афроде, ки гӯл хӯрда буданд, омаданд хидмати ҳазрат, ки эй Алӣ! Фавран ба Молик дастур бидеҳ, ҷангро канор бигузорад ва Қуръон миёни мо бошад. Ҳазрат фармуд: инҳо дурӯғ мегӯянд, инҳо нақша аст, аслан Муовия аҳли Қуръон нест. То эҳсос кардааст, ки шикасташ қатъӣ аст, барои ин ки ҷилави ҷангро бигирад, ин корро кардааст. Гуфтанд: на, билохира ҳар чӣ бошад, Қуръон аст. Ту мегӯӣ мо шамшер ба Қуръон бизанем?! Ту мегӯӣ эҳтироми Қуръонро риоят накунем?! Фармуд: мо ба хотири эҳтиром ба Қуръон дастури ҷанг медиҳем. Албатта Қуръон эҳтиром дорад, аммо Қуръони воқеӣ — ки ваҳйи Худост — дар дили ман аст. Сафҳаи коғаз, ки хатти Қуръон рӯи он навишта шудааст ҳам, дар дараҷае чандум эҳтиром дорад ва бояд эҳтиром дошта бошад, аммо на дар ҷое, ки кори муҳимтаре ҳаст. Ин ҷо пойи ҳақиқати Қуръон дар миён аст ва пойи навиштаи коғаз.

Аммо, магар ин афроди ҷомиди хушкмағз метавонистанд ин ҳарфро бифаҳманд?! Мегуфтанд, бигӯ Молик баргардад. Ин қадр исрор карданд, ки ҳазрат ба Молик фармуд, даст аз ҷанг бардорад. Молик пайғом дод: ба зудӣ аст, ки кор тамом бишавад, бигузор ҷангро идома бидиҳем. Инҳо гуфтанд: Молик кофир шудааст, агар Молик барнагардад, туро мекушем. Чандин ҳазор мард бо шамшерҳои кашида болои сари Алӣ истода буданд, ки ё бояд Молик баргардад ё туро мекушем.

Ҳоло бибинед, ҷумуд, бефикрӣ, хушкмағзӣ чӣ мекунад! Чӣ ҷур кори худашро дар он ҷо кард, ки ҳазрат ба Молик пайғом дод: агар мехоҳӣ маро зинда бибинӣ, баргард.

Ҷанг мутаваққиф шуд. Гуфтанд: китоби Худо бояд байни мо ҳукумат кунад. Ҳазрат фармуд: китоби Худо монеъе надорад. Пешниҳод шуд, ки як нафар аз ин тараф ва як нафар аз он тараф интихоб бишавад, то ҳакам (довар) бошанд ва ҳар чӣ ду ҳакам ҳукм карданд, ҳамон корро бикунанд. Муовия Амр ибни Осро ҳакам қарор дод. Амирулмӯъминин фармуд, марди майдони ӯ Абдуллоҳ ибни Аббос аст. Ҳамин хушкмуқаддасҳо гуфтанд: ӯ қавму хеши туст, бояд як нафар бетараф бошад. Рӯи хушкмаобӣ ин ҳарфро заданд. Ҳазрат фармуд: Молики Аштар биравад. Онҳо гуфтанд: на, онро ҳам қабул надорем. Худашон омаданд, як одамеро, ки ҳатто тамоюлоти зидди Алӣ дошт яъне Абӯмӯсои Ашъариро интихоб карданд. Абӯмӯсо омад ва он ҷараёни муфтазаҳи расво иттифоқ афтод. (Яъне, дар ибтидо, ҳам Абӯмӯсо ва ҳам Амр ибни Ос иттифоқ намуда буданд, ки ҳам Алиро аз хилофат барканор кунанд ва ҳам Муовияро, сипас шӯро халифае дигар интихоб кунад, аммо дар ҳоле, ки Абӯмӯсо ҳар дуро барканоршуда эълом кард, Амр ибни Ос бар хилофи аҳду паймоне, ки бо Абӯмӯсо баста буд, Алиро барканор ва Муовияро ба унвони халифа эълом кард, ки достонаш тӯлонист ва алоқамандон метавонанд дар китобҳои таърихӣ бихонанд. С.И.)

Ин ҷо буд, ки он хушкмуқаддасҳо фаҳмиданд, иштибоҳ кардаанд, вале боз иштибоҳи худашонро ба таври дигаре тавҷеҳ карданд. Нагуфтанд, аз аввал мо иштибоҳ кардем, ки даст аз ҷанг бардоштем. Нагуфтанд, ки мо иштибоҳ кардем, ки Абӯмӯсоро интихоб кардем. Гуфтанд, иштибоҳи мо дар ин буд, ки мо ҳакамиятро қабул кардем, ва қабули ҳакамият куфр аст, доварӣ кардани инсон куфр аст, чун “Ло ҳукма илла лиллоҳ” (Ҳукм моли Худост). Доиман мегуфтанд, ин кор ғалат буд, ин кор куфр буд… Омаданд суроғи Алӣ (а), ки ту ҳам бояд тавба кунӣ. Ҳазрат фармуд: ҳакамият кори ғалате буд ва шумо кардед, вале куфр нест. Гуфтанд: на, ҳакамият куфр аст ва бояд тавба кунӣ. Ҳазрат ҳам ин корро накарданд. Онҳо гуфтанд:

كفر واللهِ الرجلُ

Ба Худо ин мард (Алӣ) кофир шуда!”, ва ҳукми иртидоди Алиро содир карданд. Баъд худи инҳо ёғӣ шуданд ва аз ин рӯ ба номи Хавориҷ (хориҷшудаҳо) номида шуданд. Усулу фурӯъе барои худашон тартиб доданд ва фиқҳе барои худашон дуруст карданд.

Фиқҳи Хавориҷ, фиқҳи махсусе аст. Ақоиди фиқҳиашон бисёр ҷомид (хушк) аст. Гуфтанд, тамоми фирқаҳои исломӣ кофиранд ғайр аз мо, ва ҳар касе, ки гуноҳи кабира муртакиб бишавад, кофир аст. Як фиқҳи ба истилоҳ, тангу торик ба вуҷуд оварданд. Ба ҳамин далел инҳо баъдҳо мунқариз шуданд, чун асосан фиқҳи инҳо фиқҳи амалӣ набуд. Намешуд ҷомеае худро пойбанд ба ин фиқҳ бикунад ва битавонад ба зиндагии худ идома бидиҳад. Албатта инҳо солҳо вуҷуд доштанд ва бо халифаҳои баъд ҳам мухолифат карданд, чун бо тамоми халифаҳо мухолиф буданд. Бо Усмон хуб набуданд; мегуфтанд, Усмон нимаи аввали умраш хуб буд, нимаи дуввумаш бад. Бо Алӣ хуб набуданд; мегуфтанд, авоил хуб буд, вале баъд он вақте, ки тан ба ҳакамият дод — алъаёзу биллоҳ — кофир шуд. Бо Муовия ба ростӣ душман буданд. Муовияро аз Алӣ ҳам бадтар медонистанд, ва баъд ҳам бо тамоми халифаҳо бад буданд ва бо ҳама ҷангиданд, то билохира мунқариз шуданд.

* * *

Хавориҷ аз назари Алӣ (а)

Хавориҷ ба таъбири Амирулмӯъминин Алӣ (а), суиният надоштанд, каҷсалиқа буданд, ҷумуди фикрӣ доштанд. Дар “Наҳҷул-балоға” ҳазрат мефармояд:

لا تقتلوا الخوارج بعدي، فليس من طلب الحق فأخطأه كمن طلب الباطل فأدلاكه

Баъд аз ман Хавориҷро макушед; зеро касе, ки ба дунболи ҳақ бошад ва ба он нарасад, мисли касе, ки аз аввал ба дунболи ботил бошад ва ба он бирасад нест.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 59) Яъне, муқоиса мекард миёни Хавориҷ ва асҳоби Муовия. Фармуд: баъд аз ман Хавориҷро накушед, инҳо бо асҳоби Муовия хеле фарқ доранд, инҳо дунболи ҳақ ҳастанд, вале аҳмақанд, аммо онҳо аз аввал дунболи ботиланд ва ба он ҳам расиданд. Ҷумлаи дигаре ҳазрат дар бораи инҳо дорад, ки хеле аҷиб аст, мефармояд:

فإنّي فقأت عين الفتنة ولم يكن ليجترئ عليها أحد غيري

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 91) Инро ҳама навиштаанд, ки ин ҷумларо ҳазрат баъд аз фароғ аз куштани Хавориҷ фармудааст. Фармуд: ман будам, ки чашми фитнаро аз сараш даровардам, ғайр аз ман аҳаде ҷуръати ин корро надошт. Ва рост аст.

Мо агар бихоҳем дар як мавзӯъ Худоро шукр бикунем, ки дар замони Алӣ набудем, ҳақ дорем барои ин ки агар дар он замон мебудем, он қадр имон надоштем, ки дар он мавзӯъ собитқадам бимонем. Мумкин аст мо агар дар замони Алӣ (а) будем, дар ҷанги Ҷамал ширкат мекардем, дар ҷанги Сиффайн ҳам ширкат мекардем, вале бовар накунед агар мо бо Алӣ мебудем, ҷуръат мекардем, ки дар ҷанги Хавориҷ ҳам ширкат бикунем, барои ин ки он ҷо Алӣ ба ҷанги касоне рафт, ки:

قائم الليل وصائم النهار

Яъне мардумоне, ки аз сари шаб то субҳ ибодат мекарданд ва рӯзҳо рӯзадор буданд ва дар пешонии онҳо осори саҷда буд:

جباها قرحة

Пешониҳое, ки аз бас саҷда карда буданд, қарҳадор шуда буд. Чӣ касе ҷуръат дошт бо инҳо биҷангад?! Фақат Алӣ метавонист, чун ба зоҳир нигоҳ намекард, бо ин ки Алӣ иқрор мекунад, ки инҳо мардумоне мутазоҳиру дурӯғгӯ набуданд. Умда ин аст. Агар мунофиқ мебуданд, муҳим набуд, вале хайр, инҳо шабҳо намоз мехонданд ва рӯзҳо рӯзадор буданд, аммо вуҷудашон барои ислом хатар аст, ҷомидҳое ҳастанд, ки барои ислом зарарашон аз душманони ислом бештар аст. Ва агар Алӣ дар он рӯз шамшер ба рӯи Хавориҷ накашида буд ва агар шахсияти Алӣ набуд ва он нассҳое, ки Пайғамбар дар бораи Алӣ кард ва агар он мақоми Алӣ, имони Алӣ, зуҳду тақвои Алӣ набуд, баъд аз Алӣ ҳам ҳеч халифае қудрат надошт бо Хавориҷ биҷангад, ҳеч сарбозе ҷуръат намекард ба ҷанги Хавориҷ биравад. Вале чун Алӣ пешқадам шуда буд, онҳо ҳам бо Хавориҷ меҷангиданд. Мегуфтанд, инҳо касоне ҳастанд, ки Алӣ бо инҳо ҷангидааст, агар ҷангидан бо инҳо хилофи ҳақ буд, Алӣ бо инҳо намеҷангид.

Навиштаанд, ки як шаб ҳазрати Алӣ (а) дар миёни кӯчаву бозор бо яке аз асҳоб убур мекард. Як вақт замзамаи сӯзноки дилрубое аз Қуръон шуниданд, ки ин оятро мехонд:

أَمَّنْ هُوَ قَانِتٌ آنَاء اللَّيْلِ سَاجِدًا

Ё он касе, ки ӯ дар тӯли шаб дар саҷдаву қиём итоати Худо мекунад…” (Сураи Зумар, ояти 9) Касе, ки ҳамроҳи ҳазрат буд, поҳояш хушк шуд, гуфт: ин чӣ марди саодатманде аст! Хушо ба ҳоли ӯ! Ҳазрат фармуд: хайр, ғибта ба ҳоли ӯ нахӯр… Баъд аз муддате, ки ҷараёни Хавориҷ пеш омад, иттифоқан ҳамон шахс хидмати ҳазрат буд. Дар миёни куштагон убур мекарданд. Ба ҷанозаи марде расиданд. Ҳазрат ба он шахси саҳобӣ фармуд: ин ҳамон марде аст, ки он шаб тиловати Қуръон мекард.

Ақидаи инҳо дар боби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар (мантиқи аҷибе доштанд, аслан эҳтиётро лозим намешумурданд). Ин мантиқро, ки мо дорем, ки боисте ақлро дахолат дод ва фикри суду зарарро кард ва агар дидӣ судаш аз зарараш зиёдтар аст, иқдом кун, Хавориҷ мегуфтанд, ин ҷур нест, бояд амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бикунем ҳар ҷур, ки бишавад. Як нафар танҳо меомад дар ҳузури як халифаи саффок монанди Абдулмалик меистод, бо илм ба ин ки як пул асар намебахшад, бо илм ба ин ки ин ҳарфе, ки мезанад, мумкин аст боиси кушта шуданаш бишавад ва ҳеч фоидае ҳам надорад, ба ӯ фуҳш медод ва баъд ҳам кушта мешуд ва тамом мешуд.

Алӣ сабаби инқирози онҳо шуд. Бузургтарин иллати инқирози онҳо ин буд, ки мантиқро дар кори худашон махсусан дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дахолат намедоданд, ва ҳол он ки бояд мантиқро дахолат дод.

Аввалин ҷараёни ҷумуде, ки дар дунёи ислом пеш омад, ҳамин ҷумуде аст, ки инҳо ба харҷ доданд. Агар бихоҳед бифаҳмед ҷумуд бо дунёи ислом чӣ кардааст, ҳамин мавзӯъро дар назар бигиред, ки Алӣ ибни Абӯтолибро чӣ кушт? Як вақт мегӯем, Алиро кӣ кушт, ва як вақт мегӯем, чӣ кушт? Агар бигӯем, Алиро кӣ кушт, албатта Абдурраҳмон ибни Мулҷам (яке аз Хавориҷ). Ва агар бигӯем, Алиро чӣ кушт, бояд бигӯем, ҷумуду хушкмағзӣ ва хушкмуқаддасӣ. Ҳаминҳое, ки омада буданд Алиро бикушанд, аз сари шаб то субҳ ибодат мекарданд. Воқеан хеле таъассуровар аст. Алӣ ба ҷаҳолат ва нодонии инҳо тараҳҳум мекард, то охир ҳам ҳуқуқи инҳоро аз байтулмол медод ва ба инҳо озодии фикрӣ медод. Билохира тавтиъа чиданд, ки се нафарро аз байн бибаранд, ҳамон ҷараёни тавтиъае, ки медонед. Танҳо касе, ки муваффақ шуд, Абдурраҳмон ибни Мулҷам буд ва албатта ӯ аз дигарон ҳам кӯмак гирифт.

Ибни Абилҳадид (шореҳи Наҳҷул-балоға) мегӯяд: агар мехоҳед бифаҳмед, ки ҷумуду ҷаҳолат чист, ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунед, ки инҳо вақте, ки қарор гузоштанд ин корро бикунанд, махсусан шаби нуздаҳуми Рамазонро интихоб карданд. Гуфтанд: мо мехоҳем Худоро ибодат бикунем ва чун мехоҳем амри хайреро анҷом бидиҳем, пас беҳтар ин аст, ки ин корро дар яке аз шабҳои азиз қарор бидиҳем, ки аҷри бештаре бибарем.

Дар шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон он кореро, ки набоистӣ бикунанд, карданд. (Яъне, Алиро куштанд.)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: