Перейти к содержимому

Озодихоҳони тоҷик ва қабилаи Аче

Муҳиддин Кабирӣ

Солҳои 70 -уми асри 20 охирин намояндагони қабилаи Аче, яке аз қабилаҳои бумии Амрикои лотиниро дар мамнӯъгоҳе ҷой карданд, чун онҳо дигар қолибилияти мустақилона зинда монданро аз даст дода буданд.

Аче тӯли чанд насл алайҳи испониҳо барои сарзамину ҳуввияташон меҷангиданд, мағлуб мешуданд, сулҳ мекарданд ва… боз қиём мекарданд. То лаҳзае, ки дигар муқоваматро алайҳи испониҳо як кори беҳуда донистанд. Чун мардҳо аксаран нобуд шуда буданд, сол ба сол сарзамини бештарро испониҳо ишғол мекарданд ва онҳо аз чарогоҳҳо, ҷангалҳо ва сарватҳои ғизоӣ бештар маҳрум мешуданд. Маҷбур буданд ба кӯҳҳо ва дараҳо паноҳ бибаранд, ки имконияти каме барои зистан ва муқовамат дошт.

Сол то сол ин қабилаи мубориз рӯҳияи худро барои бозгардонидани истиқлолият аз даст медод. Дар ниҳоят рафтору гуфтори онҳо нисбати ишғолгарон тағйир кард ва на танҳо ҳокимияти испониҳоро пазируфтанд, балки бо итоаткориву ҳамкории худ испониҳоро ба таъаччуб оварданд. Қаблан сарчашмаҳои испонӣ ин қабиларо одамони ‘’ваҳшӣ’’, ‘’ҷинояткор’’, ‘’роҳзан’’ ва ‘’саркаш’’ мехонданд. Бархе дигар сарчашмаҳо аз онҳо як қавми ‘’мубориз’’, ҷасур’’, “озодихоҳ’’ ва ‘’ватандӯст’’ ном мебурданд.

Антропологҳо мушоҳидаҳои аҷиберо дар бораи рафторҳои солҳои охири ин қабила сабт кардаанд. Ва саволи асосии онҳо ин буд, ки чӣ гуна ин қавми як умр мубориз ва то ҷое хашину тунд якбора табдил ба як қавми зоҳиран сархам ва тобеъ шуд?

Он табиати тунду хашин, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар ин қабила шакл гирифта буд, куҷо рафт? Чаро онҳо якбора мӯътадил шуданд? Таҳқиқоти марҳала ба марҳалаи зиндагӣ ва робитаҳои дохилиқабилагии онҳо аз тарафи олимон нишон дод, ки он табиат аз байн нарафтааст, балки самтва мавзӯъи (объекти) корбурдашро иваз кардааст. Қаблан ин кавм нисбати бегонаҳо тунду хашин буда, вале дар рафторҳои дохилиқабилаӣ яке аз беҳтарин фарҳанги ҳамзистӣ ва ҳамкориро дошт. Дар мубориза алайҳи душманон ҷасорат, зиракӣ ва оштинопазирии хос нишон медод, аммо дар баробари ҳамқабилаи худ вафодор ва ҷавонмардона рафтор мекард.

Расидан ба истиқлолият ва озодӣ, ки ҳадафи олии ин қабила дар солҳои мубориза бо испониҳо буд, робитаҳои дохилии қабиларо мустаҳкамтар мекард ва тамоми нерӯи онҳо барои расидан ба ҳадаф сарф мешуд. Бо тағйири ҳадаф рафтори қабила ҳам тағйир кард. Тундӣ ва хушунат аз берун ба дохили қабила кӯчид. Ваҳдат ва ҳамбастагии ачиҳо сол ба сол заъифтар мегашт.

Қабилаи бузург ба гурӯҳҳо, хонаводаҳо ва оилаҳои хурд тақсим шуд. Муҳаққиқон ҳолатҳоеро мушоҳида мекарданд, ки дигар ачиҳо дар симои якдигар рақибро барои сарватҳо, чарогоҳҳо ва бешаҳои маҳдуд медиданду халос. Дигар як ачи барои ачии дигар ҳамсангар алайҳи испониҳо набуд, балки касе буд, ки як тика гӯштро, як бурда нонро, як каф гандумро аз захираи қабила камтар мекунад. Майдони шикор ва чарогоҳро тантар мекунад. Ҳатто, дар масъалаи наздик шудан ба испониҳо ҳам рақобат огоз гашт. Як хонавода хонаводаи дигарро мекушт, як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар ҳуҷум мекард. Ва ҷолибтарин мушоҳида ин аст, ки гурӯҳи аз ҳама созишкортар ва мӯътадилтар бо испониҳо аз ҳама хашинтар дар муносибат бо ҳамқавмҳои худ буда….

Ин қабила , ки бо ҳамбастагии худ маъруф буд, боре ҳангоми кӯчидан ба ҷои нав тасмим гирифт нафари бемореро аз худ зери дарахте бимонанд, то бимирад. Чун як хӯрандаи зиёдатӣ маҳсуб мешуд. Каргасхои лошахур ва одаткарда алакай болои у парвоз мекарданд. Кабила аз назар нопадид гашт. Аз казо мард вазъаш бех шуд ва худро аз каргасхо рахонд ва ба кабила расид. Шурои кабила, ки дигар танхо дар фикри оромишу зинда мондани худ буд, карор баровард, ки дигар ин мард хаки зистан дар кабилаи Ачеро надорад. Чун, дар баданаш саргини каргасро мушохида карданд…

Вазъи озодихоҳони тоҷикро ман тақрибан ба вазъи солҳои ахири зиндагии қабилаи Аче монанд мебинам. Ҳади ақал, қисме аз онҳоро.

Чизе тағйир накардааст. Ишғолгар ҳамон ишғолгар. Сарзамини ишғолшуда ҳамон сарзамин. Ҳуввияти азбайнраванда ҳамон. Ғасби сарватҳои як сарзамин аз тарафи як гурӯҳ идомаи ҳамон қисса. Муборизаи тӯлонӣ барои истиқлолият, сарзамин ва озодӣ ҳамон таърихи муборизаи қабилаи Аче. Ва билохира, ноумедӣ аз мубориза, заъфи ҷисмониву маънавӣ, роҳатталабӣ ва тарси аз даст додани охирин чарогоҳу шикоргоҳ ва … раҳо кардани ишғолгарону дарафтидан ба ҳамсангари худ.

Қабилаи Аче дар Парагвай аз байн рафт, аммо шабаҳи ин қабила дар байни мо ҳамоно парвоз мекунад. Табдили ҳадаф онҳоро аз як қавми мубориз ба бошандаи резервуар табдил кард, аммо охири кори мо, ‘’ачехои’’ тоҷикро ба куҷо мекашонад, Худо медонад.

Манбаъ: сойти Паём

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: