Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (328)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (71)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (7)

* * *

Гар шавам машғули ишколу ҷавоб,

Ташнагонро кай тавонам дод об?

Агар ҳамчунон ба ин саргарм бошам, ки ба ишколоту эродот посух диҳам, пас кай бояд ба ташнагони ҳақиқат оби маърифат диҳам?

Гар ту ишколӣ ба кулливу ҳараҷ,

Сабр кун, “ассабру мифтоҳул-фараҷ”.

Агар саросари вуҷудатро ишколу гумон фаро гирифта ва аз он ба ранҷу тангно афтодаӣ, шикебо бош, ки “Шикебоӣ ва сабр, калиди дари растгорӣ ва наҷот аст”.

Эҳтимо кун, эҳтимо з-андешаҳо,

Фикр шеру гӯру дилҳо бешаҳо.

Аз андешаҳо парҳез кун, парҳез! Зеро ки дар масал, андеша шеру гӯрхар аст ва қалбҳо низ ба масобаи бешазорон аст.

Эҳтимо: худро аз чизе нигоҳ доштан, парҳез кардан.

Нукта: Қалбро бояд аз афкори ваҳшиву лаҷомгусехта ҳифз кунӣ, вагарна, дар арсаи қалбу маърифат табоҳиҳо анҷом хоҳанд дод ва таваҳҳумоту тардидҳои вайронгар ба бор хоҳанд овард.

Дар ин байт, фикр ба шер ташбеҳ шуда ва маъорифу маъонӣ ба гӯрхар, пас бузургтарин риёзат, нигаҳ доштани дил аст аз афкору хавотири парешон. Модом, ки бешаи дил аз шери фикру хавотир холӣ набошад, аз нахҷирони маъорифу ҳақоиқ хабаре нест, зеро ба воситаи ҳуҷум ва хатари шер, нахҷирон мераманд. (Иқтибос аз Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.213)

Эҳтимоҳо бар давоҳо сарвар аст,

З-он ки хоридан фузунийи гар аст.

Ба унвони мисол, парҳез кардан, аз даво додан бартару муассиртар аст, зеро ки ҳар чи бештар захми бемории калиро бихоронӣ, тӯлонитару вахимтар мешавад.

Нукта: Рафъи шубаҳоту шаккҳо ҷуз аз тариқи тахлияи дил аз фикрҳову хавотири музоҳим муяссар нест ва ҳар чи барои рафъи шак ба фикрҳои қосир такя шавад, бемории шак шадидтар мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.850)

Эҳтимо асли даво омад яқин,

Эҳтимо кун, қуввати ҷонат бибин.

Бегумон, парҳез кардан, аслу решаи ҳар давову илоҷе аст. Парҳез кун ва он гоҳ қудрати руҳиятро бозшинос.

Нукта: Зеро парҳез кардан аз ғизоҳои носолим ва афкори палид, худ нишонгари қудрати руҳии шахс аст ва ҳамчунин бо ин парҳез қудрати руҳ бештар мешавад.

Ин ду байт ишорат аст ба ривояти:

الحميّة رأس الدواء والمعدة بيت الداء

Парҳез кардан сарчашмаи ҳар дармон аст, ва шикамборагӣ маншаи ҳар беморӣ.” (Аҳодиси Маснавӣ, с.30)

Қобили ин гуфтаҳо шав гӯшвор,

То ки аз зар созамат ман гӯшвор.

Нукоте, ки бароят гуфтам, хуб гӯш кун ва қобилияти шуниданашро пайдо кун, то ман аз зарри ноби илмҳои ладуннӣ, бароят гӯшвора бисозам, яъне ба ту маърифати ҳақиқӣ ато кунам.

Ҳалқа дар гӯши маҳи заргар шавӣ,

То ба моҳу то Сурайё баршавӣ.

Агар мутеъи инсони комилу муршиди восил шавӣ, то моҳу Сурайё низ иртиқо хоҳӣ ёфт.

Нукта: Сурайё мусағғари Сарво ба маънии зани бисёр сарватманд аст, ва дар истилоҳи нуҷум, ситорае аст, ки ба форсӣ онро Парвин гӯянд. Ба пиндори тозиён, ҳар гоҳ ин ситора тулӯъ мекард, борон меборид, бад-ин ҷиҳат Сурайё дар назди онон, нишони фарохӣ ва арзонӣ аст. (Фарҳанги истилоҳоти нуҷумӣ, с.102)

Ҳалқа дар гӯш”: маҷозан, фармонбардорӣ ва итоат, зеро дар қадим, ба гӯши ғуломон ҳалқаи симин ва ё оҳанин меафканданд.

“Маҳи заргар”: маҷозан маъшуқу муршид аст ба муносибати он ки қудамо ранги маводди маъданиро аз таъсири нури офтобу моҳ тасаввур мекарданд, пас мурод аз он, валийи комиле аст, ки ба нури Ҳақ равшан шуда бошад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.851)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: