Перейти к содержимому

Гузарномаи жопунӣ мӯътабартарин дар ҷаҳон // Тоҷикистон дар рутбаи 83 (ҷадвал)

Дар ҷадидтарин радабандии ҷаҳонӣ, гузарномаи жопунӣ тавонист дар садри феҳристи мӯътабартарин гузарномаҳои ҷаҳон қарор бигирад.

Бо истифода аз гузарномаи жопунӣ метавон бидуни визо ба 190 кишвари ҷаҳон сафар кард. Дар ин рутбабандӣ 201 кишвар лиҳоз шудаанд.

Гузарномаи тоҷикистонӣ дар ин феҳрист, ҳамроҳ бо Муритонӣ ва Музомбик бо имкони вуруди бидуни визо ба 58 кишвари ҷаҳон, дар рутбаи 98 қарор дорад. Дар ин рутбабандӣ 143 кишвар қабл аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Ин феҳрист бо истифода аз иттилооти дарёфтӣ аз Анҷумани байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ (IATA) таҳия ва тавассути сойти интернетии Муассисаи Henley Passport мунташир шудааст.

То қабл аз ин, гузарномаи сингопурӣ дар рутбаи аввал қарор дошт, ки бо он метавон ба 189 кишвари ҷаҳон сафар дошт, аммо ҳамакнун гузарномаи сингопурӣ ба рутбаи дуввуми феҳрист коҳиш ёфтааст.

Бартарии гузарномаи жопунӣ бар гузарномаи сингопурӣ пас аз он сурат гирифт, ки дар моҳи гузашта, Жопун тавонист мувофиқати Миёнмор (Бирма)-ро барои сафар бидуни визои шаҳрвандон ба ин кишвар касб кунад.

Дар рутбаи севвум ҳам ба сурати муштарак се кишвари Олмон, Фаронса ва Куреи ҷанубӣ қарор доранд, ки дорандаи гузарномаи ҳар кадом аз ин 3 кишвар, метавонад бидуни ниёз ба визо, ба 188 кишвари дунё сафар дошта бошад.

Мӯътабартарин гузарнома дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз они Қазоқистон аст, ки дорандаи он метавонад бидуни ниёз ба визо, ба 76 кишвари ҷаҳон сафар кунад.

Эрон дар ин феҳрист дар ҷойгоҳи 98, Ӯзбекистон дар ҷойгоҳи 82, Қирғизистон 78, Туркманистон дар рутбаи 88 ва аммо Афғонистон ва Ироқ ҳар ду дар рутбаи 106 яъне охирин рутба қарор доранд ва дорандагони ин гузарномаҳо метавонанд бидуни визо ба 30 кишвари ҷаҳон сафар кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: