Перейти к содержимому

Зане манфуртар аз Ҳейлӣ назди мусалмонон нест

Як расонаи арабзабон, бо ишора ба сиёсатҳои исломситезона ва нажодпарастонаи Никки Ҳейли, ба нафрати амиқи ҷаҳони араб ва ислом аз вай пардохта ва ин занро ҳомии ҷиноятҳои “Исроил” ва ҷангафрӯзӣ зидди Эрон донистааст.

Рӯзномаи Раъюл-явм, дар матлабе, бо ишора ба истеъфои Никки Ҳейли, намояндаи Омрико дар Созмони Милали Муттаҳид, аз вай ба унвони нажодпараст, ҳомии ҷиноятҳои “Исроил” ва ҷангафрӯзӣ зидди Эрон, Фаластин ва ба хусус Ҳамос ёд карда, овардааст: “Дар дунё зане манфуртар аз Никки Ҳейли назди арабҳо ва мусалмон ба хотири ҳимояташ аз “Исроил”, ки рӯзи сешанбе аз симати худ ба унвони намояндаи Омрико дар СММ истеъфо кард, нест.”

Ин расона менависад: “Ин зан, ки волидайнаш аз ҳиндиҳои муҳоҷир ҳастанд, авҷи пастӣ, нажодпарастӣ ва ифротгарӣ буд ва ҳомии ҳамаи сиёсатҳои Тромп дар бар табли ҷанг кӯбидан зидди Эрон ва интиқоли сафорати Омрико аз Телавив ба Қудс ва ба расмият шинохтани он ба унвони пойтахти “Исроил” ва ҷанги Сурия ва ҳифзи нерӯҳои омрикоӣ дар Сурия буд.”

Раъюл-явм навишт: “Гувоҳи ин низ, сухане аст, ки вай дар нишасти лобии яҳудӣ дар Омрико дар апрели соли ҷорӣ гуфт аст, ки гуфта буд: “Ман кафши пошнабаландро ба хотири мӯд намепӯшам, балки барои ин аст, ки ҳар фарде, ки аз “Исроил” интиқод кард, бо он бар сараш бикӯбам.”

Ин расона дар идома меафзояд: “Мо иллати воқеии истеъфои ногаҳонии Ҳейлиро намедонем, аммо он чи медонем ин аст, ки андак афроде дар Созмони Милал аз рафтанаш мутаассиф хоҳанд шуд, ки он, аъзои ҳайати исроилӣ дар ин созмони байналмилалӣ ҳастанд.”

Раъюл-явм менависад: “Баъид нест, ки Ҳейли ба хотири ихтилоф бо Помпео, вазири хориҷаи кунуии Омрико — мушобеҳи ихтилофе, ки бо Рикс Тилерсон, вазири хориҷаи қаблӣ дошт — истефъо карда бошад, ё шояд омодаи ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда, ки ду соли дигар баргузор мешавад аст.”

Ин расона навишт: “Истеъфои Ҳейли аз симаташ ба ин мафҳум нест, ки фарде, ки ҷонишинаш мешавад, аз вай дар безорӣ аз мусалмонон ва ҳимоят аз ҷиноятҳои “Исроил”, ки аз усули сиёсатҳои Тромп шудааст, беҳтар хоҳад буд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: