Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (8)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Омилҳои тасфияи тафаккури исломӣ

وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُواْ شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا

Ва бад-ин гуна шуморо уммате миёна қарор додем, то бар мардум гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад…” (Сураи Бақара, ояти 143)

Обе, ки аз чашма берун меояд дидаед, ки чӣ қадр софу покиза аст! Ҳамин обе, ки ин қадр покиза аст, ҳамин ки дар бистару маҷрое қарор гирифт ва ба истилоҳ, дар ҷӯй ҷорӣ гардид, тадриҷан мумкин аст олудагиҳое пайдо кунад; олудагиҳои маҳсус ва олудагиҳои номаҳсус. Олудагиҳои маҳсус монанди хоку гил аст, ки дохили об бишавад ё об аз ҷойе бигузарад, ки дар он ҷо масалан гӯсфанде бошад ва бо пишгили гӯсфанд махлут шавад, ки дар натиҷа ранги об иваз мешавад. Ин олудагӣ маҳсус аст.

Мумкин аст олудагии номаҳсус дошта бошад. Яъне вақте, ки ба он об нигоҳ мекунед, мебинед софу зулол аст, он чи ба чашм дида мешавад гӯӣ бо чашма фарқе накардааст, вале агар як нафар Худой нохоста масалан ба вабо мубтало бошад ва дар ҷӯй, ки мардуми шаҳре аз он истифода мекунанд, ғӯта бихӯрад, мумкин аст мардуми он шаҳр ин маразро пайдо кунанд, дар сурате, ки дар об чизе дида намешавад, вале микробҳои резе, ки фақат бо чашми мусаллаҳ метавон онҳоро дид, дохили об шуда ва онро олуда кардаанд. Мутақобилан, мумкин аст дастгоҳҳои тасфияе вуҷуд дошта бошад, ки ин оби олударо тасфия кунад.

Айни ин ҳолат дар умури маънавӣ вуҷуд дорад. Яъне як чашмаи маънавӣ, ки дар рӯзи аввал софу пок аст ва олудагӣ ҳам надорад, тадриҷан, ки дар бистари афкори дигарон қарор мегирад ва насле баъд аз насле, онро ба давраҳои баъд мунтақил мекунанд, ин имкон вуҷуд дорад, ки он ҷараёни маънавӣ як олудагии маҳсус пайдо кунад, ки дида бишавад ва ё як олудагии номаҳсус пайдо кунад, ки фақат уламо — яъне касоне, ки олоти заррабинӣ доранд — битавонанд онро бибинанд. Ва боз ҳамон тавре, ки дар як шаҳр мумкин аст дастгоҳи тасфия барқарор кард, ки обро пок кунад, дар ҷараёнҳои маънавӣ ҳам ҳамин тавр аст.

Бузургтарин ҷараёни маънавии дунё, ислом аст. Ислом, ки ҷараён пайдо кардааст, мо мехоҳем бибинем дар ин бистаре, ки қарор гирифтааст, дар ин чаҳордаҳ қарн то ба мо расидааст, оё имкони олудагӣ, назири олудагии об, барои ин ҷараёни маънавӣ будааст ё на? Ва агар имкони ин олудагӣ будааст, чӣ ҷараёнҳое дар дунёи ислом ба вуҷуд омадааст, ки ин оби софро олуда кардааст?

Қабл аз ин ки ин матлабро арз бикунам, нуктаеро барои шумо арз мекунам:

Мардуми оммӣ, мардуме, ки аҳли таҳқиқ нестанд, ҳамеша дар миёни ҳаводис, ҳаводисеро муҳим мешумуранд, ки аз назари таърих муҳим бошад. Ғолиби ашхос, агар шумо ба онҳо бигӯед, ҷараёнҳои муҳимми таърихи исломро бигӯ, аввалин ҷараёни муҳимме, ки ба зеҳнаш меояд, ҳамлаи муғул аст. Рост аст, ҳамлаи муғул хеле муҳим аст, ҳам аз назари хасоратҳои моддӣ, аз назари инсонҳое, ки кушт ва ҳам аз назари хасоратҳои маънавӣ, ба ин маънӣ, ки чӣ қадр китобҳо ва китобхонаҳоро аз байн бурд ва уламоро кушт. Ҳамлаи муғул барои дунёи ислом фавқулъода гарон тамом шуд. Чӣ қадр аз уламо кушта шуданд, чӣ қадр аз мусалмонҳо кушта шуданд, чӣ қадр шаҳрҳо хароб шуд! Баъзе аз шаҳрҳоро чунон аз миён бурданд, ки аслан асаре аз онҳо боқӣ намонд, аз ҷумла шаҳри Нишопур, ки Чингиз дастур дода буд, аслан зиҳаёте набояд дар ин шаҳр боқӣ бимонад. Ин як ҳодисае аст, муҳим ҳам ҳаст, вале ба ҳамон андоза, ки муҳим аст, худаш худашро нишон медиҳад, мисли олудагии маҳсуси об мебошад. Аммо баъзе аз ҷараёнҳо дар дунёи ислом пайдо шудааст, ки ҳаҷми зоҳирияш хеле кучак аст, монанди микроби рез, ки ба чашм намеояд, вале хатараш аз ҳамлаи муғул агар бештар набудааст, камтар ҳам нест. Мисолҳояш бимонад то баъд арз бикунам.

Аввалан, бояд бибинем, барои ислом якчунин ҷараёнҳое вуҷуд доштааст ё на? Албатта, то ҳудуде имкон надошта, вале аз он ҳадд, ки бигузарем, имкон доштааст. Он ҳадде, ки имкон надоштааст ҳамон аст, ки мегӯед, китоби осмонии мо, Қуръон, ки сутуни фақарот ва такягоҳи ислом аст, маҳфузу масуну пок боқӣ мондааст ва ҳеч дасте ва ҳеч қудрате натавониста дар худи ин китоб дахлу тасарруфе бикунад:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ

(“Бе тардид, мо ин Қуръонро ба тадриҷ нозил кардаем ва қатъан нигаҳбони он хоҳем буд.” (Сураи Ҳиҷр, ояти 9)) Қуръонро Худо бо як фасоҳату балоғате ва бо як маънавияте нозил кард, ки аз ҳамон аввал дар синаҳо ҳифз мешуд, ба илова ба амри Пайғамбар навишта мешуд. Ҳеч дасте, чӣ аз ноҳияи дӯстони нодон ва чӣ аз ноҳияи душманони зирак, натавонист дар ин китоби муқаддас тағйиру табдиле эҷод кунад, ва ҳамин аст, ки ҳукми дастгоҳи тасфияро дорад.

* * *

Олудагиҳои фикрӣ дар дунёи ислом

Аз ин яке, ки бигузарем, дар соири қисматҳо ин имкони олудагӣ будааст, аз ҷумла дар суннати Пайғамбари Акрам. Далелаш, гуфтаи худи Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аст. Ин ҳадисро шиъа ва суннӣ ривоят кардаанд, ки Пайғамбар фармуд:

كثرت عليّ الكذابة

Дурӯғбандҳое ба ман зиёд шудаанд.” (Кофӣ, 1/62) Ва агар аз ман ҳадисе шунидед, онро бар Қуръон арза кунед; агар дидед мухолифи Қуръон аст, бидонед аз ман нест ва ба ман бастаанд. Инро худи Пайғамбар дар замони худашон фармуданд, бо вуҷуди ин ки ҳанӯз аввали ислом буд. Маълум мешавад, ки як идда дурӯғгӯ пайдо шуда буданд. Иддаи онҳо дар он замон шояд он қадр зиёд набуд ва Пайғамбар пешбинӣ кард, ки дар давраҳои баъд зиёд хоҳад шуд. Зиёд ҳам шуд. Дар замони Пайғамбар агар касе дурӯғе ба Пайғамбар мебаст, барои як амри кучак ва як ғарази шахсӣ буд. Мехост, ҳарфи худашро ба курсӣ биншонад; мегуфт, ман аз Пайғамбар ин тавр шунидаам. Аммо дар замонҳои баъд дурӯғ бастан ба Пайғамбар ҷанбаи иҷтимоӣ пайдо кард, яъне абзоре шуд дар дасти сиёсатмадорон. Халифаҳои вақт аз ин мавзӯъ ба нафъи сиёсатҳои худашон истифода мекарданд, пулҳо харҷ мекарданд, муҳаддисонеро, ки имонашон суст буд ва бандаи динору дирҳам буданд пайдо мекарданд ва пулҳо медоданд, ки масалан дар фалон мавзӯъ як ҳадис нақл кун. Самура ибни Ҷундаб, ҳашт ҳазор динор Муовия ба ӯ дод, ки гуфт, ман аз Пайғамбар шунидам, ки ояти:

وَمِنَ النَّاسِ مَن يَشْرِي نَفْسَهُ ابْتِغَاء مَرْضَاتِ اللّهِ

(“Ва аз миёни мардум касе аст, ки ҷони худро барои талаби ризои Худо мефкрӯшад…” (Сураи Бақара, ояти 207)) дар шаъни Абдурраҳмон ибни Мулҷам (қотили ҳазрати Алӣ) нозил шудааст. Дар замони Маҳдӣ, халифаи севвуми аббосӣ, писари Мансур — ки яке аз одатҳояш кабӯтарбозӣ буд ва дар ин кор мусобиқа медод — як нафар аз ҳамин муҳаддисон назди ӯ омад; барои ризои хотири Маҳдӣ гуфт: ман аз фалон шахс шунидам, ки Пайғамбар фармуд:

لا سبق الاّ في خفّ أو حافر أو طائر

Ӯ “тоир” (паранда)-ро аз худаш изофа карда буд. Маҳдӣ хеле хушаш омад ва пули ҳисобӣ ба ӯ дод.

Ин ҷур ҷараёнҳо дар дунёи ислом зиёд пайдо шудааст. Дар мавзӯъи вазъу ҷаъли ҳадис, ибтикор дар дасти яҳудиҳо буд. Яҳудиҳо афкору мӯътақадоти худашонро дар миёни мусалмонон ба сурати ҳадис дароварданд. Инҳо дар нифоқ ҳам аҷиб буданд. Ба зоҳир мусалмонӣ мекарданд ва бо мусалмонҳо рафту омад менамуданд, вале афкори худашонро ба сурати ҳадис дар миёни мусалмонон роиҷ мекарданд ва дар ин кор бисёр маҳорат доштанд. Албатта масеҳиҳо ва монавиҳо ҳам ин корро кардаанд, вале яҳудиҳо хеле зиёд кардаанд, чун инҳо маҳораташон дар тазоҳур фавқулъода аст, ки гоҳе мусалмонҳо онҳоро аз худашон мусалмонтар медонистанд. Шахсе нақл мекард, ки собиқан яҳудӣ будааст. Ӯ духтаре дошт. Ҷавоне, ки собиқан яҳудӣ буд ва мусалмон шуда буд, аз духтари ин шахс хостгорӣ кард ва ӯ намедод. Гуфтанд: чаро намедиҳӣ? Гуфт: ман худам, ки мусалмон шудам, то 15 сол дурӯғ мегуфтам, ҳоло бовар намекунам, ки ин ҷавон рост бигӯяд, барои ин ки 7 сол аст, ки ислом овардааст.

* * *

Дастгоҳҳои тасфияи фикри исломӣ

Инҳо ҳамон олудагиҳое аст, ки дар бистари афкор пайдо мешавад. Ислом дастгоҳи тасфияӣ қарор додааст, ки бо он мешавад ин олудагиҳоро пок кард. Дар дараҷаи аввал, худи Қуръон аст, мо бояд бар он арза бидорем. Як дастгоҳи дигар, ақл аст, ки Қуръон ақлро ҳуҷҷат қарор додааст. Дастгоҳҳои тасфияи дигар, аҳодис ва суннатҳои мутавотири Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ё имомон алайҳимус салом аст…

Пас, худи Қуръони Карим як миқёс ва як дастгоҳи тасфияӣ аст барои олудагиҳое, ки дар тӯли таърих пайдо шудааст. Мояи хушвақтии мо ин ду се чиз аст. Ин аст, ки касе наметавонад бигӯяд, дини шумо мисли адёни дигар дар ибтидо ҳар чӣ буд вале дар тӯли таърих ҷараёнҳое пеш омад, ки онро фосид кард; ҳамин ҷур, ки алъон роҷеъ ба дини Зардушт аслан намешавад ба даст овард, ки китоби аслии Зардушт чӣ будааст. Намешавад асосан фаҳмид Зардушт дар чӣ солҳое дар дунё будааст. То чанд сол пеш дар вуҷуди якчунин одаме шакку тардид буда, ҳанӯз ҳам он қадрҳо мусаллам нест, ки Зардушт назири Рустаму Исфандиёр як шахсияти афсонаӣ аст ё як шахсияти воқеӣ. Гирам як рӯз таълимоти дурусте доштааст. Калимаи: “Гуфтори нек, кирдори нек, пиндор нек”, ки таълимот нашуд. Аслан, кучактарин ҳарфе, ки дар дунё вуҷуд дорад ин аст, чун ба қадре куллӣ аст, ки аслан ҳеч маъноеро дарбар надорад, мафҳуме надорад. Ҳар касе ҳарфи худашро нек медонад, ҳар касе навъи кирдорашро нек медонад. Ва ҳамин тавр дар мавриди пиндори нек, фикри нек. Ҳар як аз маслакҳое, ки дар дунё вуҷуд дорад, масалан дунёи сармоядорӣ, як силсила ҳарфҳо ва як саре корҳо ва як силсила фикрҳоро мегӯяд инҳо хуб аст. Дунёи кумунист равиши дигареро арза медорад. Ӯ ҳам мегӯяд, ҳарф ин аст, ки ман мегӯям. Он маслаке метавонад дар дунё маслак шумурда шавад, ки ба гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек қаноат накунад, балки бигӯяд, гуфтори нек ва баъд бигӯяд гуфтори нек ин аст, гуфтори хубро мушаххас кунад ва ҳамин тавр кирдори нек ва пиндори нек.

Дар масеҳигарӣ ва яҳудигарӣ ҳам ҳамин тавр аст. Ягона дине, ки метавон дар дунё усулашро нишон дод, ки ҳеч дасти олудае ба он нахӯрда ва пок мондааст, дини ислом аст. Сирри онро ҳам арз кардам. Намехоҳам бигӯям, дар дунёи ислом ҳеч ҷараёни олудае пайдо нашудааст. На, вале ҳар ҷараёни олудае, ки пайдо бишавад, ҷараёни поке дар ин дин вуҷуд дорад, ки метавонад он олудагиҳоро тасфия кунад. Аввалаш худи Қуръон аст. Миқёси бузург Қуръон аст. Аз Қуръон, ки бигузарем, суннати қатъӣ ва мутавотири Пайғамбар ва барои шиъаён ҳамчунин суннати қатъӣ ва мутавотири имомони атҳор аст. Яъне дар миёни ин ҳама аҳодиси машкуку мазнун, аҳодис ва суннатҳои қатъӣ дорем аз Пайғамбар ва имомони атҳор. Инҳо барои мо ҳуҷҷат аст ва метавонад меъёру миқёс воқеъ бишавад.

Дигар ин ки Қуръони Карим аз аввал ақлро ҳуҷҷат қарор додааст. Ислом алайҳи ақл қиём накарда. Агарчӣ ғалат аст инсон исми ин мардакро ҷузъи сарони адён ва адёни мансуха бибарад, вале ба унвони мисол Ҳусайналии Баҳо мегӯяд: кӯр шав, то ҷамоли маро бибинӣ, кар шав, то нағмаи маро бишнавӣ. Аҷаб коре аст! Ин чӣ ҷамоле аст, ки одам бояд кӯр бишавад, то онро бибинад, ва чӣ садое аст, ки одам бояд кар бишавад, то онро бишнавад?! Вале Қуръон мегӯяд, чашматро боз кун, то ҷамоли маро бибинӣ, гӯшатро боз кун, то садои маро бишнавӣ, фикратро боз кун, то ҳақоиқи маро дарк бикунӣ. Мазаммат мекунад онҳоеро, ки чашму гӯшу фикри худашонро ба кор намеандозанд ва як ҳолати таслиму таъаббуди аҳмақонае ба худ мегиранд.

* * *

Қуръон ва ақл

Қуръон ҳаргиз мардуми мусалмонро ҷуз ба номи “айюҳан-нос!” ё “айюҳал-муъминун!” хитоб намекунад; намегӯяд, “ағномуллоҳ” (гӯсфандони Худо), намегӯяд, шумо гӯсфандед ва мисли гӯсфанд бояд таслим бошед. Қуръон таърихро бо мантиқи ақлонӣ тафсир мекунад. Қуръон намозро, ки зикр мекунад, фалсафаи намозро ҳам зикр мекунад. Қуръон Худоро исбот мекунад бо мантиқи истидлолӣ ва ақлӣ. Қуръон мегӯяд:

وَلَقَدْ ذَرَأْنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرًا مِّنَ الْجِنِّ وَالإِنسِ لَهُمْ قُلُوبٌ لاَّ يَفْقَهُونَ بِهَا وَلَهُمْ أَعْيُنٌ لاَّ يُبْصِرُونَ بِهَا وَلَهُمْ آذَانٌ لاَّ يَسْمَعُونَ بِهَا

(Сураи Аъроф, ояти 179) Анбӯҳе аз мардум ба ҷаҳаннам мераванд: онҳое, ки дил доранд ва намефаҳманд, чашм доранд ва намебинанд, ва гӯш доранд ва намешунаванд. Қуръон хеле лаҳни муаддабе дорад. Ду се ҷост, ки Қуръон забон ба як таъбире мегушояд, ки тақрибан навъе дашном аст. Яке, он ҷое, ки башар ақлашро, ин ҳуҷҷати нотиқ ба қавли Имом Козим (а)-ро ба кор намебандад. Мегӯяд:

إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِندَ اللّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لاَ يَعْقِلُونَ

(Сураи Анфол, ояти 22) Бадтарини ҷунбандаҳо дар назди Худо чист? Инсонҳое ҳастанд, ки Худо ба онҳо забон дода вале лоланд, гӯш дода вале каранд, ақл дода вале тафаккуру таъаққул надоранд.

Ин миқёсҳо, миқёсҳое аст, ки ислом ба дасти мо додааст, ки мо битавонем озмоиш кунем. Ҳоло мо бояд ҷараёнҳоеро, ки дар таърихи ислом пайдо шудааст расидагӣ кунем. Ман имшаб хеле кӯшиш кардам, ки ин матлабро бифаҳмонам. Намедонам тавонистам хуб бифаҳмонам ё на, ки дар дини ислом дастгоҳи тасфия вуҷуд дорад. Вале инро бидонед, ҷараёнҳои олудакунанда ҳам аз садри ислом то кунун будааст. Агар мо он ҷараёнҳои олудакунандаро нашиносем, пас фоидаи дастгоҳи тасфия чист? Ин ҷараёнҳо аз ҷараёни ҳамлаи муғул агар болотар набошад, поинтар нест. Ҳамлаи муғул як олудагии маҳсус аст. Мо олудагиҳои номаҳсус ҳам дорем. Дишаб достони Хавориҷро арз кардам. Ин достон танҳо як ҷараёни низомӣ набуд, ки баъд ҳам ғоилааш хатм шуд ва аз байн рафт. Як ҷараёни динӣ ва мазҳабӣ буд, ранги мазҳабӣ дошт, аз худашон фиқҳ эҷод карданд, ва наметавон гуфт, фиқҳи Хавориҷ дар соири фирқаҳои исломӣ асар нагузоштааст…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: