Перейти к содержимому

Истифода аз равишҳои омӯзишии Шӯравии собиқ мутаваққиф шавад

Раисиҷумҳури Қирғизистон бо ишора ба ин ки дар кишварҳои созмони ҳамсуд ҳамчунон равишҳои омӯзишии Шӯравии собиқ истифода мешавад, гуфт: “Равишҳои омӯзишӣ бояд ислоҳ шавад.”

Сооронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар панҷумин давраи иҷлоси намояндагони ҳавзаи омӯзишу парвариши созмони ҳамсуд дар Бишкек, бо ишора ба ин ки дар фазои ин созмон ҳанӯз ҳам абзорҳои омӯзишии Шӯравии собиқ истифода мешавад, изҳор дошт: “Аз он даврон вазъият дар бозорҳои корӣ ва муомилоти иқтисодӣ тағйир ёфтанд ва ислоҳоти ҳавзаи омӯзишӣ ниёзи имрӯз аст.”

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Бишкек, раисиҷумҳури Қирғизистон идома дод: “Низоми омӯзишии Шӯравии собиқ ба ниёзҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мудирияти давлатӣ ва дифоъии он замон посух медод ва зарфияти рақобатӣ дар сатҳи ҷаҳониро дошт ва табодули таҷриба фақат байни кишварҳои Шӯравии собиқ сурат мегирифт.”

Ҷеенбеков хотирнишон кард: “Дар ҳоли ҳозир, бисёре аз мавзӯъоти муҳим тағйир ёфтанд, ки ҳамроҳ бо фарояндҳои сиёсӣ, низоми омӯзишии Шӯравӣ низ аз ҳам пошид ва мардум бо падидаҳои ҷадиде монанди тиҷорати озод ва тағйироти бозори кор, рӯ ба рӯ шуданд, ва ин таҳаввулот эҷоди низоми омӯзишии ҷадидро металабад.”

Вай афзуд: “Дар ҳоли ҳозир, кишварҳои созмони ҳамсуд аз босаводтарин кишварҳои ҷаҳон ҳастанд ва бояд ба тавсиъаи ин бахш идома дод, зеро давлатҳои кишварҳои мухталиф ба дунболи равишҳои навин барои беҳбуд бахшидан ба омӯзишу парвариш ҳастанд ва Қирғизистон низ чунин иқдомотеро анҷом медиҳад.”

Гуфтанӣ аст, панҷумин нишасти намояндагони ҳавзаи омӯзишӣ бо ҳадафи табодули иттилоот ва ҳамоҳангӣ барои ислоҳоти ин бахш баргузор мешавад ва тайи 2 рӯз мутахассисон масоили мазкурро мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор медиҳанд.

Иттиҳодияи кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Олмотӣ тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Мулдови, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Укройн имзо шуд.

Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳодия ба дунболи тасмими расмии русои ҷумҳури кишварҳои узв дар 3 декабри 1993 ва ба дунболи дархости Шеворднодзе, раисиҷумҳури вақти Гурҷистон, дар 8 октябри 1993 сурат гирифт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: