Перейти к содержимому

Содироти силоҳи Омрико аз 55 милёрд дулор гузашт

Ожонси ҳамкории амнияти дифоии Пентогун (DSCA), рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, содироти низомии Вошингтун дар соли 2018, ба беш аз 55 милёрду 660 милюн дулор расид.

Дар иттилоияе, ки Ожонси ҳамкории амнияти дифоии Пентогун (DSCA) мунташир кард, 47 милёрду 710 милюн дулори он аз сӯи муштариҳои Вошингтун пардохт шудааст.

Ин ожонс эълом кард, ки мизони содироти силоҳ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2017, 33 дар сад рушд нишон медиҳад.

Аз сӯи дигар, бар асоси иттилоияи ин ожонси вобаста ба Пентогун, аз маҷмӯи даромадҳои ҳосил аз фурӯши силоҳ, 3 милёрду 520 милюн дулорро Вазорати умури хориҷа ва 4 милёрду 420 милюн дулори дигарро Вазорати дифои Омрико ва дар чорчӯби барномаи кӯмакҳои низомии хориҷии Вошингтун пардохт кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори расмӣ, кулли фурӯши низомии хориҷии Омрико дар соли гузашта, 41 милёрду 930 милюн дулор буд.

Гуфтанист, бисёре аз ин силоҳҳои омрикоӣ дар ҷангҳои минтақа аз ҷумла дар Сурия, Яман, Афғонистон сарфи куштани ғайри низомиёни бегуноҳ мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: