Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (329)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (72)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (8)

* * *

Аввало бишнав, ки халқи мухталиф,

Мухталифҷонанд то “ё” аз “алиф”.

Аввалан, ин нуктаро бишнав, ки офаридагон ва халоиқ ҳама бо ҳам ихтилоф доранд монанди ҳуруф, ки аз “алиф” то “ё” аз ҳайси шакл бо якдигар ихтилоф доранд.

Нукта: Ҳуруф, бо ин ки дар шаклу савт бо ҳам тафовут доранд, вақте, ки дар канори ҳам таркиб шаванд, бар маънои воҳиде далолат мекунанд. Пас, агар ҳар як аз он ҳуруфро ҷудогона бингарем, бо ҳам тағоюру ихтилоф доранд, вале агар бо ҳам таркиб шаванд ва муттаҳид гарданд, мақсуди воҳидеро баён медоранд. Ҳамин тавр, мазоҳиру падидаҳои ҷаҳони офариниш агарчӣ дар зоҳир ихтилофу чандгунагӣ доранд, вале рӯи ҳам, пайкараи азими ҷаҳони офаринишро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, мебинем, ки дар пушти ин зоҳири мухталиф, ботине муттаҳиду ягона вуҷуд дорад. (Муқтабас аз Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1204)

Дар ҳуруфи мухталиф шӯру шакест,

Гарчӣ аз як рӯ, зи сар то по якест.

Ин ҳуруфи мухталиф, ки дар касе боиси парешонии хотиру тардид мешаванд, агар ба эътибори ваҳдат нигоҳ кунӣ, хоҳӣ дид, ки ҳамагии онҳо яке ҳастанд ва иттиҳод доранд; зеро асли ҳамаи он ҳуруф, яке аст. Ва низ ин ҳуруф, рӯи ҳам бар як маънои воҳид далолат доранд. Пас, ба эътиборе, ҷузъ-ҷузъ ва мухталифанд, ва ба эътиборе, воҳиду ягона.

Шӯр: изтироб ва нигаронии хотир.

Аз яке рӯ зидду як рӯ муттаҳид,

Аз яке рӯ ҳазлу аз як рӯй ҷид.

Аз як ҷиҳат, зидди якдигаранд, ва аз ҷиҳате, бо ҳам иттиҳод доранд. Аз як ҷиҳат, беҳуда ва ҳазланд, ва аз ҷиҳате, нофеъу ҷиддӣ.

Ҳазл: шӯхӣ, сухани ёва. Ҷидд: ростӣ ва ҳақиқат, зидди ҳазл.

Нукта: Дониши асрори ҳуруф, мавриди таваҷҷӯҳи қудамо буда ва дар ин боб таълифоте дар даст аст, аз он ҷумла Ибни Арабӣ дар ибтидои “Футуҳоти Маккия” баҳсе муфассал дар асрори ҳуруф дорад. Ин дониш дар назди эшон, иборат аст аз “тасарруф кардани нуфуси раббонӣ дар олами табиат ба кӯмаку ёрии асмоуллоҳ, ки аз ҳуруф ношӣ мешавад”. Ва ин ҳуруф ба асроре, ки дар коинот ҷорӣ аст, иҳота доранд. Дар назди онҳо, ҳуруф бар асоси табиатҳои чаҳоргона, ба чаҳор навъ тақсим мешаванд, ки иборатанд аз: 1) ҳуруфи оташӣ (ҳо, то, мим, фо, шин ва зол); 2) ҳуруфи ҳавоӣ (бо, вов, ё, нун, со, зод ва зо); 3) ҳуруфи обӣ (ҷим, зо, коф, син, қоф, то ва зо) ва 4) ҳуруфи хокӣ (дол, ҳо, лом, ъайн, ро, хо ва ғайн).

Ҳуруфи оташиро ба дафъи бемориҳои сард ихтисос додаанд ва ҳуруфи обиро низ ба дафъи бемориҳои гарм монанди анвоъи табҳо ва ғайра…

Албатта донистани асрори ҳуруф ва таркиботи онҳо, амре содда ва истидлолӣ нест, зеро ин дониш аз ҷумлаи донишҳои кашфӣ ва завқӣ аст ва бояд мушоҳида ва тавфиқи раббонӣ бо одамӣ ёр бошад. Агар касе бо таҳзиби нафс ва риёзати мудовим ва бо қалбе пок ва зудуда аз ғубори ваҳму гумону худбинӣ, ба арсаи ин дониш гом гузорад, метавонад ба василаи ин ҳуруф ва асмое, ки аз онҳо таркиб ёфта, дар табиат тасарруф кунад ва корҳои хориқулъода анҷом диҳад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.853)

Пас қиёмат рӯзи арзи акбар аст,

Арз ӯ хоҳад, ки бо карру фар аст.

Пас, рӯзи растохез, рӯзи намудор шудани ҳамаи ҳақоиқ аст, ва ин рӯзро касе мехоҳад ва онро дӯст дорад, ки ботинаш ба зевари камолот ва аъмоли солеҳу маориф ороста шуда бошад.

Нукта: Ишора аст ба ояти 18 сураи Ҳоққа:

يَوْمَئِذٍ تُعْرَضُونَ لَا تَخْفَى مِنكُمْ خَافِيَةٌ

Дар он рӯз шумо (ба пешгоҳи Худо) арза мешавед ва пӯшидае аз шумо пӯшида намемонад.”

Ҳар кӣ чун ҳиндуи бадсавдоӣ аст,

Рӯзи арзаш навбати расвоӣ аст.

Ҳар кас монанди ҳинду, сияҳчурда аст, яъне ботинаш сиёҳу тира аст, рӯзи растохез, ки ҳамаи ҳақоиқи ниҳон ошкор мешавад, расво мегардад, зеро зиштӣ ва қабоҳати ботиниаш ба зуҳур мерасад.

Чун надорад рӯйи ҳамчун офтоб,

Ӯ нахоҳад ҷуз шабе ҳамчун ниқоб.

Он ки чеҳраи ботиниаш равшан нест ва монанди офтоби оламтоб намедурахшад ва ба сиёҳии куфру исён тира шудааст, ҷуз шабе, ки ҳамчун ниқоб ҳама чизро мепӯшонад, чизи дигаре намехоҳад. Зеро шаб, рӯпӯше аст, ки сиёҳӣ ӯро мепӯшонад. (Дар ин ҷо, шаб киноя аз дунёст, ки қабоҳатҳо ва расвоиҳои табаҳкоронро мепӯшонад.)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: