Перейти к содержимому

Қатли Хошуқҷӣ барои Арабистон ва ҳамаи кишварҳои арабӣ фоҷеабор хоҳад буд

Мақолае аз Тумос Фридман (Thomas L. Friedman) дар рӯзномаи New York Times

7 ноябр ман мақолае дар бораи Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ҷадиди Арабистон навиштам. Он мақола ин гуна поён ёфт: “Як рӯзноманигори кӯҳнакори саудӣ бо ишора ба бен Салмон гуфт: “Ин фард, Арабистонро аз марги тадриҷӣ наҷот дод, аммо бояд пойгоҳи худро густурдатар кунад. Хуб аст, ки ӯ дорад режими Оли Саудро аз нуфузи руҳониҳои ваҳҳобӣ озод мекунад, аммо иҷозаи ҳеч гуна изҳори назар дар бораи тасмимҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро ҳам намедиҳад.”

Фикр намекунам он рӯзноманигори саудӣ — ки дӯсти ман ҳам буд — аз ин ки акнун ҳувияти ӯро фош кунам, нороҳат шавад. Он рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ буд.

Ҷамол чанд рӯз қабл аз он, барои гуфтугӯи муфассал дар бораи Арабистони Саудӣ ва Муҳаммад бен Салмон, ба дафтари ман омада буд. Дидгоҳҳои ман дар бораи Арабистон барои худам аст, аммо Ҷамол рӯи ин дидгоҳҳо бисёр таъсир гузошт. Ӯ дар дохили давлат (Арабистон) будааст. Ӯ медонист, ки ҳаргиз авзоъ дар он ҷо олӣ набуда; шумо маҷбуред бо он чи ки ҳаст, канор биёед. Ӯ ошиқи кишвараш буд ва мехост муваффақияти кишварашро бибинад; мӯътақид буд, ки Муҳаммад бен Салмон метавонад авзоъро дигаргун кунад ва ислоҳоти решаии лозимро иҷро кунад. Аммо ӯ дар айни ҳол мӯътақид буд, ки Муҳаммад бен Салмон ниёз ба омӯзишҳои зиёде дорад, чаро ки ӯ ҷанбаи шахсиятии баде ҳам дорад ва дар ҳалқаи кучаки ҳоким бисёр мунзавӣ аст.

Бо гузари замон, Ҷамол ба ин натиҷа расид, ки ҷанбаи шахсиятии бади Муҳаммад бен Салмон комилан зимоми умурро дар ихтиёр дорад. Охирин бор, ки ба сурати тасодуфӣ ҳамдигарро дар моҳи август дар хиёбонҳои 17 К дар Вошингтун дидем, ӯ ба ман гуфт, ки қарор аст бо як зани туркияӣ издивоҷ кунад ва дар ҳоли ҳозир наметавонад ба Арабистон бозгардад ва ин ки ман бояд дар хусуси саркӯбҳои шадид ва дастгирии мунтақидон – чӣ чапгаро, ростгаро ва миёнарав — дар Арабистони Саудӣ, занги хатарро ба садо дарбиёварам.

Дар натиҷа, дар рӯзи 4 сентябр ман мақолае навиштам, ки дидгоҳеро, ки дар як соли гузашта дар бораи Арабистони Саудӣ ва Муҳаммад бен Салмон ироа карда будам, таъйид ва тақвият мекард.

Ман дар он мақола тавзеҳ додам, ки ҳаргиз бовар намекунам, ки демукросӣ дар дастури кори Муҳаммад бен Салмон бошад, аммо ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ва муҳимтар аз ҳама, мазҳабӣ, дар дастури кори ӯ қарор дорад. Ва аз назари ман, ислоҳоти мазҳабӣ муҳимтар аз ҳама аст, аммо ба пешбурди ду ислоҳоти қаблӣ (иҷтимоӣ ва иқтисодӣ) бастагӣ дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба нақши фавқулъода харобкоронае, ки Арабистони Саудӣ пас аз соли 1979 бо шурӯъи тарвиҷи шакли хушкмуқаддасонаи ислом дар ҷаҳони араб ифо кард — ки ба бурузи ҳамалоти 11 сентябр ҳам кӯмак кард — идеяи мабнӣ бар ин ки Арабистон ҳокиме дошта бошад, ки ин кишварро аз исломи ваҳҳобӣ ба сӯи масири бозтару фарогир тағйир диҳад ва исломгароёни ифротиро мунзавӣ ва миёнаравҳоро дар ҳама ҷо тақвият кунад, бисёр ба нафъи Омрико буд. Ин кор бояд аз Арабистон, ки Макка ва Мадина дар он воқеъанд, оғоз мешуд.

Ман дар он мақола тасреҳ кардам, ки бо ин ҳама, равшан аст, ки Муҳаммад бен Салмон дар моҳҳои ахир силсилагомҳои насанҷидае бардошта, ки ба зарари худи вай, Арабистон ва мост. Ман тавзеҳ додам, ки Муҳаммад бен Салмон мушовирони тундраве дорад, ки аз ӯ мехоҳанд “улгуи Чин”-ро дунбол кунад. Бинобар ин, замоне, ки Конодо аз як мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ ба оромӣ интиқод кард, Муҳаммад бен Салмон рӯйкарди Чинро дар пеш гирифт, хашми худро эълом кард ва равобити худро бо Конодо қатъ кард. Ин як вокуниши “тунди аҳмақона” буд. Арабистон, Чин нест. Ин кишвар ниёз ба дӯст дорад ва бояд қудрати нарми бештар ва зӯргӯии камтаре дошта бошад.

Ман дар ин мақола афзудам, ҳар эътиборе, ки Муҳаммад бен Салмон бо иҷозаи ронандагӣ ба занон аз моҳи июн ба даст оварда буд, бо иқдоми вай дар дастгирии фаъолони мудофеъи ҳаққи ронандагии занон ба иттиҳоми иртибот бо бархе гурӯҳҳои зидди саудӣ дар Ландан, тазъиф шуд. Ман ин суолро матраҳ кардам, ки: оё воқеан Арабистони Саудӣ дар маърази таҳдиди фаъолони мудофеъи ҳаққи ронандагии занон қарор дорад? Ҳамчунин ҷанги Арабистон ва Аморот дар Яман ба қадре бад пеш рафта, ки саудиҳо муттаҳам ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ шудаанд.

Суботи ояндаи Арабистони Саудӣ ва кулли кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, ба муваффақияти раванди ислоҳот дар Арабистон бастагӣ дорад, ва ин раванд бидуни сармоягузории қобили таваҷҷӯҳи хориҷиҳо ва иқдоми саудиҳо дар эҷоди бахши хусусии пӯётар ва мутанаввеътар, муваффақ намешавад; бахши хусусие, ки битавонад шуғлҳои муносибе ба ҳамаи духтарону писарони ҷавони саудӣ, ки аз донишгоҳҳои дохилу хориҷ фориғуттаҳсил мешаванд, ироа кунад. Муҳаммад бен Салмон ҳанӯз дар миёни бисёре аз ин ҷавонон тарафдор дорад, аммо агар онҳо натавонанд шуғле барои худ биёбанд, ифротгароёни Арабистон метавонанд шумори зиёде аз онҳоро ҷазби худ кунанд.

Аммо чанд далели хуб, сармоягузорони саудӣ ва хориҷиро нигарон кардааст. Онҳо ба вежа дар шаш моҳи гузашта, шоҳиди ташдиди хушунат — ба тавсияи мушовирони тундрави Муҳаммад бен Салмон барои дар авлавият қарор додани масоили “амниятӣ” ба ҷойи лузуми ҷазби сармоягузорон — ҳастем. Бо таваҷҷӯҳ ба ин иқдом, ба ҷойи ин ки пул ба кишвар ворид шавад, хориҷ шудааст.

Ман натиҷагирӣ кардам, ки ҳар як аз иқдомоти Муҳаммад бен Салмон шояд ба сурати ҷудогона муваҷҷаҳ бошад, аммо дар маҷмӯъ нишон медиҳад, ки сарриштаи кор аз дасти ӯ хориҷ шуда; ӯ ба ҷойи ҷалби эҳтиром, мӯҷиби бесуботии бештар шудааст. Тромп ва гурӯҳи вай намефаҳманд, ки: Омрико фақат наметавонад аз Арабистон суфориш барои бастани қарордод бигирад ва чекҳои сафеди онро пур кунад. Дар воқеъ лозим аст, ки мо барои сарони ин кишвар хатти қирмиз ҳам тарсим кунем, то битавонанд ба ифротгароёни худ бигӯянд, ки: мо бо шумоем, аммо омрикоиҳо намегузоранд кореро шумо мехоҳед бароятон анҷом диҳем!

Вақте рӯзномаро бардоштам ва дидам, ки Арабистон муттаҳам ба рабудан ё қатли Ҷамол Хошуқҷӣ пас аз муроҷиаи вай ба консулгарии Арабистон дар Истонбул шудааст, ибтидо шука шудам, аммо таъаҷҷуб накардам. Мо ҳанӯз ниёз ба мадорику шавоҳиди мустадал барои дуруст будани ин иттиҳомот дорем. Ман воқеан умедворам ин иттиҳомот сиҳҳат надошта бошад. Аммо бӯи хубе ба машом намерасад.

Агар авомили давлати Арабистон Хошуқҷиро рабуда ё ба қатл расонда бошанд, барои Муҳаммад бен Салмон фоҷеабор, ва барои Арабистон ва ҳама кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс як трожедӣ (трагедия) хоҳад буд. Ин иқдом ба маънии нақзи шадиди ҳинҷорҳои марбут ба усули инсонӣ ҳатто бадтар аз ҷанги Яман — на аз назари теъдод, балки аз назари усул — хоҳад буд. Агар собит шавад, ки давлати Муҳаммад бен Салмон Ҷамолро рабуда ё куштааст, кадом як аз сарони ғарб ва чӣ теъдод аз сармоягузорони ғарбӣ моил хоҳанд буд дар канори вай биистанд?

Бинобар ин, барои Ҷамол дуо мекунам. Ҳар кишваре ниёз ба мунтақидони созанда дорад. Доруе, ки онҳо арза мекунанд, ба мазоқи бештари сарон хуш намеояд, аммо саранҷом боиси саломати онҳо мешавад. Муҳаммад бен Салмон ҳам бояд барои ӯ дуо кунад.

New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: