Перейти к содержимому

Ҳол бархез, ки фардо, ба Худо, дер шавад

Зафари Сӯфӣ, акс аз пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ

Зафари Сӯфӣ

Ҳол бархез, ки фардо, ба Худо, дер шавад.

Орзу кӯҳна шавад, ҳавсала ҳам пир шавад.

Гар ҷавонмард замингир шавад, сабр чаро,

Бояд он тӯдаи номард замингир шавад.

Гуфт Ҳофиз ҳамаро бар хари худшон бинишон,

Тарси мо баҳри чӣ таъбир ба тадбир шавад.

Ҳол, ки беруни хокем бишав даст ба кор,

Хок кай дидаӣ аз наъши башар сер шавад?

То ки тағйир кунад ҳолати ӯ, қавли Худост,

Қавм бояд, ки худаш аз пайи тағйир шавад.

Айби тақдири азал нест, ки тақсир зи мост,

Марги мо, нохалафе бар сарамон мир шавад.

Бишканем он қаламе, к-аз ғами мардум нанавишт,

Он қалам сабз, ки пирӯз ба шамшер шавад.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: