Перейти к содержимому

Баргузории шашумин Кунграи раҳбарони адёни ҷаҳон дар Қазоқистон (тасовир)

Шашумин кунграи раҳбарони адёни ҷаҳонӣ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Шашумин Кунграи раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннатӣ бо ҳузури Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Александр Вучич, раисиҷумҳури Сербистон, раҳбарони динӣ, шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ аз 46 кишвари ҷаҳон ва ҳамчунин масъулони созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Назарбоев тайи суханоне дар ин нишаст гуфт: “Аз баргузории нахустин Кунграи раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннатӣ дар Қазоқистон 15 сол мегузарад ва тайи ин муддат ин кунгра дар шаклгирии равобит байни адёни мухталиф нақши муҳимме ифо кардааст.

Раисиҷумҳури Қазоқистон, аз раҳбарони адёни ҷаҳонӣ хост, то барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ иқдомоти муштарак анҷом диҳанд.

Вай идома дод: “Олудагии муҳити зист, рӯёрӯиҳои мазҳабӣ, ҷанг, даргириҳо ва таҳримҳо мӯҷиби нигаронии давлати Қазоқистон аст.”

Назарбоев афзуд: “Бархӯрд миёни тамаддунҳо дар ҷаҳони илмӣ ва фанноварии имрӯз пучу бемаънӣ аст.”

Вай бо ироаи пешниҳоди эҷоди пойгоҳ интернетӣ барои ин кунгра, ҳадаф аз ин иқдомро кӯмак ба мутолеа ва корбурди равишҳои муқобила бо ифротгароии мазҳабӣ тавсиф кард.

Дар ин нишаст раҳбарон ва намояндагон адён низ талошҳои муштарак барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалиро як зарурати ғайриқобили инкор донистанд.

Баҳс ва суханрониҳои ширкаткунандагони ин кунгра перомуни мавзӯъҳои: “Баёнияи қарни 21-ум ба унвони мафҳуми амнияти ҷаҳонӣ” ва “Адён дар як чашмандози жеупулитики дар ҳоли тағйир; фурсатҳои ҷадид барои иттиҳоди башарият”, “Мазҳаб ва ҷаҳонӣ шудан: чолишҳо ва роҳкорҳо” ва “Раҳбарони мазҳабӣ ва сиёсатмадорон: рафъи ифротгароӣ ва теруризм” сурат гирифт.

Дар бахши поёнии нишасти умумӣ низ ба бархе аз меҳмонон нишону лавҳи вежаи кунгра эъто ва ҳамчунин музейи сулҳу маваддат муташаккил аз 5 бахш ифтитоҳ шуд, ки ба муаррифии адёни ҷаҳонӣ мепардозад.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: