Перейти к содержимому

Дубора ба сӯяш ҳама меравем

Мо ҳама аз Худоем ва дубора ба сӯяш ҳама меравем.” (Сураи Бақара, ояти 156)

Хабари даргузашти ногаҳонии Абдураҳмон Назарзода, низомии тоҷики муқими Русия ва яке аз афроди бисёр фаъол дар Фейсбук, ки бошандагони дунёи маҷозӣ ӯро хуб мешиносанд, бароям бисёр такондиҳанда буд. Зеро то яке ду рӯз пеш буд, ки ӯ фаъол буд ва менавишт. Аммо, чӣ кунем, ки аз марг гурезе нест ва ҳамаи мо рӯзе чашм аз ин дунё хоҳем баст. Худо ғариқи раҳматаш кунад!

Тибқи он чи бархе аз дӯстонаш бароям нақл карданд, марҳум Абдураҳмон Назарзода — ки ҳирфааш иқтизо мекард ё дар ин кишвар бошад ва ё дар он кишвар – пас аз бозгашт аз Ироқ, ки ахиран дар он ҷо машғули хидмат будааст, дар манзилаш дар шаҳри Смоленски Русия дучори сактаи қалбӣ мешавад ва дере намепояд, ки ҷон ба ҷонофарин месупорад ва дигар коре аз дасти пизишкон ҳам сохта набудааст. Сипас ҷасади ӯро ба зодгоҳаш Тоҷикистон мунтақил мекунанд ва ташйеъи ҷанозааш ҳамин имрӯз (ё дирӯз) баргузор шудааст.

Дар бораи марҳум ва шарҳи ҳолаш, чизи зиёде намедонам, ба ҷуз он чи дар сафҳааш дар Фейсбук омада, ки мутаваллиди 16 марти соли 1959 ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мутаъаҳҳил (хонадор) будааст. Ӯ дорои рутбаи низомии сарҳанги дуввум (подполковник) ва дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия ифои вазифа мекардааст ва медоли “Заслуги перед отечеством” барояш эъто шуда. Марҳум ба забони арабӣ тасаллут дошта. Аз назари гароишҳои сиёсӣ, худро ба Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) наздик медонистааст.

Дар сафҳааш, дар бораи гароишҳо ва дидгоҳҳои сиёсии худ ҳамчунин навишта: “демукросӣ, озодии баён, истиқлоли расона ва матбуот ва рӯзноманигории бетараф”.

Шодравон Абдураҳмон Назарзода дар фазои маҷозӣ (Фейсбук) бисёр фаъол буд ва ҳар аз гоҳе таҳлилу дидгоҳҳояш дар расонаҳо ба унвони коршиноси умури низомӣ ҳам нашр мешуданд, ки ба назарам, охиронаш дар сойти Паём буд роҷеъ ба моҷарои ҳамла ба гардишгарон дар Данғара, ки бад-ин шарҳ аст:

Аз лаҳзаҳои аввалини ин ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ман хулосаи худро навишта будам. Ин амали нангинро на ДОЪИШ кардаасту на ҲНИТ. Ин тӯҳматпарокании нанговар иштибоҳи бузурги сиёсӣ ва низомӣ аст. Чуноне, ки маълумоти дақиқ ҳаст, чанде аз он ҷавонон аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба тозагӣ ба кишвар баргашта буданд. Дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки фазои нобоварӣ нисбати ҳам ҳукмфармост, ин ҷавонон дар як муддати кӯтоҳ ба ҳам бовар карда, сарҷамъ шуданашон ва ҳукуматро ғофилгир намуданашон ба воқеъият наздик нест. Ба назари ман, ин ҷо метавонад танҳо як фарзия вуҷуд дошта бошад ва он ҳам мазҳакаи навбатии номуваффақи режими ҳукмрони Тоҷикистон.

Аз захмҳои кӯҳнаи ҷасадҳо ва асари латукӯби чандрӯзи пеш дар симои дастгиршуда, дақиқан фаҳмида мешавад, ки ин ҷавонони бечора, баъди иҷрои мазҳака бераҳмона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳукумат мехост бо ин амалиёт диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намояд ва осебпазирии худ аз таҳдидҳои терроризму экстремизм дар минтақаро ба намоиш гузорад.

Агар мақомоти Тоҷикистон ба ин мазҳакаи худ ҷаҳониёнро бовар кунонида метавонист, аз ду ҷиҳат бурд мекард. Якум инки маблағи  бе дарди миён ҷамъ мекард ва дувум ин ки латма ба обрӯи рақиби сиёсии худ мезад. Ин албатта аз рӯи тасаввуру фаҳмиши мақомоти Тоҷикистон. Аммо дар асл кайҳост, ки мақомоти Тоҷикистон тавони дарки воқеъиятро надорад ва бехабар аз ин ҳастанд, ки кишварҳои мутараққӣ вобаста ба шинохти экстремизм ва тероризм садҳо институтҳои тадқиқотӣ доранд, ки ба зудӣ таҳқиқ мекунанд.

Аз ин рӯ мутаассифона, бо ҳамин тасаввуроти ақибмонда, мақомоти Тоҷикистон ба амалҳои оқибаташ нанговар даст мезананд ва онҳоро ҳеҷ кас бовар намекунад.

Банда, бевосита иштирокчии амалиётҳои зидди террористӣ будаму ҳастам. Ҳукумати Тоҷикистон,то ҳол бо террористони воқеъӣ садама нахурдааст ва хаёлан онҳоро меҷӯяд. Худо кунад, ки дар кишвари азизамон ҳамеша тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад!

* * *

Даргузашти ин марди муборизро ба хонаводаи ӯ ва ҳамаи дӯстонаш таслият мегӯям ва барояш раҳмату мағфирати илоҳиро хоҳонам.

Руҳаш шод ва ҷойгоҳаш биҳишт!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар поён, бархе аз ёддоштҳои кӯтоҳи шодравон ба нақл аз сафҳааш дар Фейсбук ва низ тасовире аз ӯро мегузорам:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: