Перейти к содержимому

Имом Суютӣ; донишманде, ки афзун бар 600 китоб таълиф кард

Ба баҳонаи зодрӯзи Имом Ҷалолуддини Суютӣ

Ҳофиз, Абулфазл Абдурраҳмон ибни Камолуддин Абӯбакр ибни Муҳаммад Собиқуддини Хузайрии Асютӣ, маъруф ба Ҷалолуддини Суютӣ (849 ҳиҷрӣ/1445 мелодӣ – 911 ҳиҷрӣ/1505 мелодӣ), яке аз бузургтарини олимон, муҳаддисон, муаррихон ва муфассирон ва адибони олами ислом ба шумор меравад, ки беш аз 600 унвон китоби бузургу кучак дар заминаҳои мухталифи улуми исломӣ таълиф кардааст ва аз ин рӯ ба Ибнул-Китоб (яъне фарзанди китоб) лақаб ёфтааст.

Ӯ дар Асют (аз шаҳрҳои перомуни Қоҳираи Миср) мутаваллид шуд ва дар ҳамон ҷо рушд ёфт. Камтар аз 8 сол дошт, ки кулли Қуръонро ҳифз кард ва дар навҷавонӣ китобҳои “Умдатул-аҳком”, “Ал-минҳоҷ”-и Нававӣ, “Алфия”-и Ибни Молик ва “Ал-минҳоҷ”-и Байзовиро низ ҳифз кард.

Ӯ дар фиқҳ, пайрави мазҳаби шофеӣ буд ва албатта уламо ӯро соҳибназар ва муҷтаҳид донистаанд. Суютӣ то синни 40-солагӣ ба таҳсили улум пардохт ва сипас аз ҷомеа канора гирифт, то ба тадвину таълифи китоб бипардозад ва дар ҳар як аз риштаҳои илмӣ мисли тафсир, ҳадис, фиқҳ, таърих, луғат ва адабиёти араб, беш аз 10 китоб таълиф кард. Ӯ ду китоб дар бораи шахсияти худ навиштааст: “Аттаҳаддус биниъматиллоҳ”, ва дигаре “Ҳуснул-муҳозара фи ахбори Мисра ва Қоҳира”.

Суютӣ барои касби улуми гуногун ба шаҳрҳои мухталифи манотиқи исломӣ мусофират кард ва аз ҳузури бисёре аз уламои барҷастаи исломӣ баҳра бурда, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз: Шайх Муҳаммад Маҷзуб, Шайх Шаҳобуддин Мишории Масоҳӣ, Шайхулислом Аламуддини Билқинӣ, Шайхулислом Шарафуддини Мановӣ, Аллома Тақиюддини Субкии ҳанафӣ, Муҳйиддини Кофиҷӣ, Сайфуддин Муҳаммади ҳанафӣ, Маҷдуддин ибни Ассибоъ, Иззуддин ибни Муҳаммади Миқотӣ, Иззуддини Кинонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳими Даввонӣ, Тақиюддин Аҳмади Шумуннӣ, Абдулқодири Убодӣ ва ғайра…

Суютӣ бештар ба таълифи китоб иштиғол дошт, то тарбияти шогирд, аммо бархе аз шогирдони ӯ иборатанд аз: Абдулқодири Шозилӣ, Муҳаммад ибни Аёс ва Муҳаммади Довудӣ.

Ӯ таълифоти фаровоне дошт ва ба ҳамин далел уламои зиёде бар ӯ ҳасодат карда ва иттиҳомоти фаровоне ба ӯ нисбат додаанд; бархе аз касоне, ки бо ӯ уқдаву кина доштанд, иборатанд аз: Саховӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Алиф, Бурҳонуддин ибни Каракӣ, Аҳмад ибни Муҳаммади Қасталонӣ, Шамсуддини Ҷавҳарӣ ва ғайра, ки Суютӣ дар мақоми радди иттиҳомот ва хӯрдагириҳои онон, мақолаҳоеро танзим ва мунташир карда буд.

Манобеъ:

1) Аъломи Заркалӣ;

2) Алмуҳозарот вал-муҳовароти Суютӣ.

Муҳимтарин таълифоти ӯ иборатанд аз:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: