Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (9)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ахборигарӣ

وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا

Он чиро Паёмбар ба шумо дод, онро бигиред, ва аз он чи шуморо боздошт, бозистед…” (Сураи Ҳашр, ояти 7)

Дишаб баҳси мо ин буд, ки ҳамон тавре, ки обе, ки аз чашмае берун меояд, дар ибтидо софу пок аст, на олудагии маҳсус ва на олудагии номаҳсус дорад, вале тадриҷан, ки дар бистарҳое қарор мегирад, мумкин аст олудагиҳое пайдо кунад, ва низ об ин хоссиятро дорад, ки мумкин аст ба васоиле онро тасфия кард ва олудагиҳоро аз он гирифт; ҳамин тавр дини муқаддаси ислом дар ибтидо, ҳам соф буда ва ҳам пок, вале хоҳ нохоҳ дар тӯли 14 қарн, ки дар бистари афкори мардум қарор гирифта, олудагиҳое дар он пайдо шудааст. Вале он чи, ки мояи хушвақтӣ аст ин аст, ки дастгоҳи тасфия барои пок кардани ин олудагиҳо вуҷуд дорад. Дастгоҳи тасфия дар дараҷаи аввал, худи Қуръон аст, ки масуну маҳфуз аз ҳар гуна тағйире, дар даст аст. Дигар, суннати қатъии Пайғамбари Акрам аст, ки аз он ҳам ба миқдори кофӣ дар даст дорем. Севвум, ақл аст, ки дини муқаддаси ислом ақлро ҳуҷҷат ва мӯътабар шинохтааст. Мо агар ин се миқёсро ба кор бибарем, метавонем худамонро аз ҳар гуна лағзишу ғалате масун бидорем ва инҳирофоту иштибоҳотеро, ки пайдо шудааст, аз миён бибарем.

Дар таърихи ислом ҷараёнҳои зиёде пайдо шудааст, ки дар афкори мусалмонон асар гузоштааст. Худи мо ва шумо, ки алъон ин ҷо нишастаем, эй басо таҳти таъсири як ҷараёни фикрӣ ҳастем, ки дар чандин сол пеш ба вуҷуд омада ва моро таҳти таъсири худаш қарор додааст ва мо намедонем, ки ин ҷараёни фикрӣ аз ислом нест ва аз ҷойи дигаре аст…

Дар миёни мо шиъаён дар ҳудуди чаҳор қарн пеш ҷараёне ба вуҷуд омад ба номи ахборигарӣ. Имрӯз ахборигарӣ хеле кам вуҷуд дорад. Афроде, ки акнун ахборимаслак ҳастанд, хеле каманд. Вале ин ҷараён тақрибан ду се қарн бар афкори мардум ҳукумат кард ва чӣ ҷангҳое, одамкушиҳое эҷод накард! Нуқтаи муқобили ахборигарӣ иҷтиҳод аст. Мо ва шумо иҷтиҳоду тақлидро қабул дорем ва ақида дорем, ки инсон ё бояд муҷтаҳид бошад ё амал ба эҳтиёт бикунад ва ё тақлид кунад, ва мегӯем, қатъан тақлид кори дурусте аст. Ахборигарӣ нуқтаеро, ки бомбборон мекард, иҷтиҳоду тақлид буд. Мегуфтанд, иҷтиҳоду тақлид бидъат аст. Мегуфтем, пас мардум чӣ бояд бикунанд? Мегуфтанд, бояд мустақиман ба ахборе (ривоятҳое), ки дорем, муроҷеа кард ва дастури динро аз онҳо гирифт.

Муҷтаҳидон нуқтаи муқобили ахбориҳо буданд ва ҳарфи мантиқӣ доштанд; мегуфтанд, изҳори назар кардан дар масоили динӣ тахассус мехоҳад. Инсон бояд дарс хонда бошад, то битавонад дар масоили динӣ назар бидиҳад. Ҳамон тавре, ки табобат илм мехоҳад, фатво додан ҳам илм мехоҳад. Ахбориҳо мегуфтанд, на, ҳеч дарс хондан намехоҳад ва иҷтиҳод аз аҳли тасаннун пайдо шудааст.

Дар ҳамин Теҳрон, дар замони Фатҳалишоҳ марде буд ба номи Мирзо Муҳаммади Ахборӣ ва чӣ ҷору ҷанҷоле сари ин мард пайдо шудааст! Аслаш ҳиндӣ аст, муддате дар Нишопур буд ва баъд ба Теҳрон омад. Охирҳои умраш сафаре ба атабот кард ва дар он ҷо ӯро куштанд.

Ахборигарӣ аз куҷо ва чӣ замоне пайдо шуд? Ахборигарӣ се чаҳор қарн бештар аз умраш намегузарад. Ин нағмаро аввалин бор марде ба номи Мулло Амини Астарободӣ — ки солҳо дар Макка ва Мадина муҷовир буд — баланд кард ва бо вуҷуде, ки худаш шиъа буд, ба уламои бузурги шиъа монанди Шайх Тӯcӣ ва Аллома Ҳиллӣ ва Муҳаққиқ Ҳиллӣ ва махсусан ба Аллома Ҳиллӣ шадидан ҳамла кард. Чун Аллома мегуфт, ахборе, ки мо алъон дорем, ҳама мӯътабар нест ва ахборро (ривоятҳоро) аз назари санад тақсим кард ба ахбори саҳеҳ, ахбори мувассақ, ахбори ҳасан ва ахбори заъиф. Ахбори саҳеҳ ахборе аст, ки тамоми ровиёнаш мардумони мувассақ будаанд. Ахбори ҳасан ахборе аст, ки касоне, ки онҳоро нақл кардаанд, ашхосе ростгӯ будаанд, вале собит нашудааст, ки ровиёнаш афроди хуб бошанд. Ривоятҳои заъиф яъне ривоятҳое, ки афроде, ки онҳоро ривоят кардаанд ё лоақал як нафар аз онҳо маълум аст, ки одами дурусте нест. Таърих, аҳволи ровиёнро каму беш нишон додааст. (Албатта афроде ҳам ҳастанд, ки маҷҳуланд). Натиҷа ин мешавад, ки ахборе, ки мо дар даст дорем, ҳама қобили эътимод нест. Мо бояд бибинем, чӣ касоне нақл кардаанд.

Мулло Амин гуфт, Аллома бо ин кор, ривоятҳои моро даста-даста кард ва иддае аз ривоятҳои моро андохта. Ҳар чӣ ривоят дорем, ҳама якҷо дуруст аст. Агар бигӯем, ривояте заъиф аст, ин тавҳине аст ба Имом Содиқ. Магар мешавад ривояте аз Имом Содиқ бошад ва заъиф бошад, хусусан ривоятҳои китобҳои арбаъа, яъне ривоятҳое, ки дар “Кофӣ”-и Шайх Кулайнӣ ва ё “Таҳзиб”-и Шайх Тӯcӣ ва “Истибсор”-и Шайх Тӯcӣ ва “Ман ло яҳзуруҳул фақиҳ”-и Шайх Садуқ омадааст?! Агар ривояте дар ин чаҳор китоб бошад, дигар ҷойи гуфтугӯ нест.

* * *

Намунаҳое аз ҷаъли ҳадис

Муҷтаҳидон онҳое ҳастанд, ки дар ин назар тобеъи Алломаанд. Дар ҳамин китоби “Кофӣ” ва китобҳои дигар, ривоятҳое ҳаст, ки агар ба мазмуни онҳо нигоҳ бикунем мефаҳмем, ки музахраф аст. Баъзе ҳам санадашон заъиф аст. Масалан, чанде пеш буд, ки доштам масоили марбут ба риборо мутолеа мекардам, дидам ривояте аст, ки дар он марде ба номи Алӣ ибни Алҳадид мегӯяд: Салсабил — ки номи зане аст — аз ман чунин пуле хоста ва ман мехоҳам ин пулро ба ӯ бидиҳам ва аз ӯ ба фалон ҳила рибҳ (суд) бигирам, ин дуруст аст ё на? Иттифоқан, китоби “Таҳзиб”-ро мехондам, ба ривояти дигаре расидам, дидам, номи ин шахсро овардааст. Шайх Тӯcӣ дар он ҷо мегӯяд: “Музаъафун ҷиддан.” (Яъне, хеле заъиф аст) Ҳоло чун Шайх Кулайнӣ дар “Кофӣ” ин ривоятро нақл кардааст, бояд бигӯем, дуруст аст? На. Пас, қобили қабул нест. Масалан, афроде, ки ағрози бахусус доштаанд, инро ҷаълу вазъ кардаанд, ки дар замони ҳазрати Содиқ сақфи ҳарами Пайғамбарро таъмир мекарданд. Касе мегӯяд, мо чанд нафар будем ва бо ҳам баҳс мекардем: ҳоло, ки сақфро бардоштаанд, оё ҷоиз аст аз боло қабри Пайғамбарро мушоҳида бикунем ё на? Яке гуфт, ҷоиз аст, дигаре гуфт, ҷоиз нест. Чаро ҷоиз нест? Гуфт: шояд Пайғамбар бо яке аз занҳояш хилват карда бошад ва мо ӯро бо занаш бибинем! Бибинед, ин ҳарфе аст, ки аслан оё мумкин аст як мусалмони оддӣ бигӯяд, ки Пайғамбар масалан зинда шуда ва дорад дар он ҷо бо занаш ишқбозӣ мекунад?! Оё бигӯем, чун дар китоби “Кофӣ” аст, дуруст аст? Инҳо (ахбориҳо) мегӯянд, ҳар чӣ “Кофӣ” навишта бошад, саҳеҳ аст. Муҷтаҳидон мегӯянд, на, мисли ин ашхос ҳазорҳо одами ҷаъъоли ваззоъи каззоб будаанд.

Марде буд ба номи Абулхаттоб. Ин мард, мулҳиду зидди ислом буд. Ташти расвоиаш билохира аз бом афтод. Вақте мехостанд эъдомаш кунанд, гуфт:

ولقد وضعت في أخباركم أربعة آلاف حديث

Ман чаҳор ҳазор ҳадис дар ахбори шумо (ривоятҳои шумо) вазъ кардам.” Муҷтаҳидон мегӯянд, вақте якчунин ҷараёнҳое дар таърих вуҷуд доштааст, чӣ тавр мо метавонем бигӯем, ҳар чӣ ҳадис нақл шудааст, дуруст аст?!

Марде буд ба номи Юнус ибни Абдурраҳмон, ки аз бузургон аст. Мегӯяд, ман кӯшиш мекардам, ки ҳамеша ривоятҳои мӯътабарро бинависам ва нақл бикунам. Ҳамаро навиштам ва ба сурати китобе даровардам. Як вақте хидмати ҳазрати Имом Ризо (а) расидам ва китоби ривоятамро ба ҳазрат арза кардам ва гуфтам, ки тамоми ривоятҳоро аз падарони шумо навиштаам. Дидам, ҳазрат бисёре аз онҳоро хатт зад ва гуфт, инҳо дурӯғ аст.

* * *

Муборизаи муҷтаҳидон бо ахбориҳо

Вале ахбориҳо зери бори ин ҳарфҳо нарфтанд. Як муборизаи бисёр шадиде миёни муҷтаҳидон ва ахбориҳо сурат гирифт. Ахбориҳо мазҳари комили ҷумуданд. Эй кош ба ин ҷумуд қаноат мекарданд! Инҳо як таъассуби аҳмақонае роҷеъ ба ахбору ривоятҳо доранд. Омаданд дар се заминаи дигар хадша карданд. Он шаб арз кардем, ки мо чаҳор далел дорем: Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл. Инҳо ба воситаи як таъассуби шадид ва аҳмақонае, ки пайдо карда буданд, барои ин ки он се далели дигарро аз ҳуҷҷият биандозанд, гуфтанд, шумо мегӯед чаҳор далел дорем. Иҷмоъ, ки моли сунниҳост… (Муҷтаҳидҳо посухашонро доданд. Аммо ба ақл часпиданд. Гуфтанд:) шумо ақлро дар кори дин дахолат медиҳед. Аслан ин фузулиҳо ба ақл наомадааст. Ақл ҳазорон хато мекунад, ақл иштибоҳ мекунад, ақл ҳақ надорад дар кори дин дахолат кунад. Инсон бояд ақли худашро тахтиъа кунад (ба хато нисбат диҳад). Мо агар ҳадисеро дидем, ҳар чӣ ҳам ақли мо дод бикашад, ки ин дуруст нест, бояд бигӯем: ақл! Ту ҳақ надорӣ дахолат бикунӣ.

Ин, дуруст ҳарфи масеҳиҳост. Масеҳиҳо гуфтанд, ақл ҳақ надорад дар ҳавзаи дин дахолат кунад. Мегуфтанд, Худо Исо шуд, Исо Худо шуд ва ҳамин! Маншаи олам (Худо) яке аст ва дар айни яке, се чиз аст. Охир чӣ тавр мешавад, ҳам яке бошад ва ҳам се то?! Ақл мегӯяд, инчунин нест, вале мегӯянд ақл ҳаққи чунин дахолатеро надорад.

Ахбориҳо мегуфтанд, асосан ақл ҳақ надорад дар мавзӯоти динӣ дахолат кунад. Ҳар ҷо, ки истидлоли ақлӣ ба кор меомад, мегуфтанд, ақл ҳақ надорад дахолат кунад. Масалан, агар дар як ҷо гуфта мешуд як дарё об дар як финҷон ҷой гирифт, ин бо ақл ҷур дарнамеояд, вале мегуфтанд, ақл ҳақ надорад фузулӣ бикунад. Аз ин ҳарфи инҳо, мардуми ҳуққабози зирак ҳам истифода карданд. Ҳар дурӯғе, ки мехостанд ҷаъл кунанд, ҷаъл карданд ва дар ихтиёри онҳо қарор доданд. Як чизҳое яҳудиҳо ва муғризон ҷаъл карданд ва ба инҳо доданд ва ин хушбоварҳо ҳеч нагуфтанд. Масалан, ҳадисе нақл кардаанд ба номи ҳадиси “Силсилатул-ҳимор”, ки рӯзе Пайғамбари Акрам омад ва ба улоғе бархӯрд кард… то охир. Инҳо воқеан асбоби нанг аст ва агар муҷтаҳидон набуданд, имрӯз ин ҷараён асбоби заҳмат барои мусалмонон буд.

* * *

Бархӯрди ахбориҳо бо Қуръон

Расидем ба Қуръон. Ҳоло Қуръонро чӣ гуна аз байн бибаранд барои ин ки ба ахбор ҳуҷҷият бидиҳанд? Қуръонро, ки наметавонистанд бигӯянд китоби Худо нест. Гуфтанд, Қуръон мақомаш болотар аз ин аст, ки афроди оддии башар онро бифаҳманд. Қуръонро фақат имомон ҳақ доранд бифаҳманду бас. Қуръон нозил шудааст барои он ки онҳо бифаҳманд. Мо бояд бибинем дар ахбори имомон чӣ омада. Гуфтанд, зоҳири Қуръон ҳуҷҷат нест. Масалан, агар Қуръон мегӯяд:

إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنصَابُ وَالأَزْلاَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ

(Сураи Моида, ояти 90) ва мо маънии онро ин медонем, ки шаробу қимор ҳаром аст, мегӯянд, на, ту бояд ба ахбор муроҷеа кунӣ бибинӣ, ки оё дар ахбор омадааст, ки шаробу қимор ҳаром аст ё на? Мегӯянд, асосан мухотаби Қуръон, мо нестем.

Ба ин тартиб, барои мардум Қуръонро ҳам аз эътибору ҳуҷҷият андохтанд, то ин тавр фикр кунанд, ки танҳо марҷаъе, ки бояд ба он руҷӯъ кард, ахбору ривоятҳост ва иҷтиҳод дигар маънӣ надорад, чун иҷтиҳод яъне инсон эъмоли фикр ва эъмоли назар кунад. Маънои иҷтиҳод ин аст, ки бибинем Қуръон чӣ гуфтааст, аҳодис кадомаш саҳеҳ ва кадомаш заъиф аст, ақлро ба кор бурда бибинем, чӣ ташхис медиҳад, бибинем уламо иҷмоъе доранд ё на? Гуфтанд, ҳамаи ин ҳарфҳоро бирезед дур. Он вақт дар ахбор чизҳое ҳаст, ки аҳёнан худи Қуръонро аз эътибор меандозад. Масалан, фалон кас омада гуфтааст, ки сураи Ҳамд ин ҷур нест, ки шумо мехонед, ҷури дигаре аст. Шумо мехонед:

صِرَاطَ الَّذِينَ أَنعَمتَ عَلَيهِمْ غَيرِ المَغضُوبِ عَلَيهِمْ وَلاَ الضَّالِّينَ

Мегуфтанд, дар ҳадис омадааст:

صراط من أنعمت عليهم غير المغضوب عليهم ولا الضالّين

… ва бояд ин тавр хонд. Он гоҳ калимоти қуръонҳои худашонро дар ҳошияи онҳо иваз мекарданд. Чанд сол пеш инҳо машғул шуданд ба чоп кардани Қуръони худашон, Оятуллоҳ Буруҷердӣ мутаваҷҷеҳ шуданд ва фавран ҷилави чопашро гирифтанд ва бурданд дар дарё рехтанд. Вой ба ҳоли ин ки Қуръонҳо чоп мешуд ва ба дасти яҳудиҳо ва масеҳиҳо мерасид ва мегуфтанд, мусалмонҳо, ки мегӯянд Қуръони мо таҳриф нашудааст, ҳоло худашон як Қуръони дигар даровардаанд, ки бо Қуръоне, ки доранд хеле ихтилоф дорад.

Чанд сол пеш талабае буд дар Қум ва дар он мавқеъ чизе, ки ман дар қиёфаи ӯ намедидам, наҷобат буд. Медидам, ҳама аз ӯ дурӣ мекунанд, ва то ҳудуди “Мутаввал” ҳам бештар нахонд ва баъд рафт. Як вақт мо мутаваҷҷеҳ шудем, ки дар ободаи Шероз барои худаш… (афтодагӣ дар навори суханронӣ)

Ин ҷур зарбаҳо инҳо ба пайкари дин заданд. Гуфтанд, Қуръон эътибор надорад. Албатта нагуфтанд Қуръонро нахонед; гуфтанд, Қуръонро бихонед, Қуръонро бибӯсед, аммо Қуръонро нафаҳмед. Ин як зарбаи бузурге ба олами ислом махсусан ба олами ташайюъ зад… Ҷараёни ахборигарӣ, ин таъассуби ифротии аҳмақонае, ки роҷеъ ба ахбор (ривоятҳо) пайдо карданд, ки саҳеҳу заъифро бо ҳам яке донистанд, яке аз он ҷараёнҳои фикрии хатарноке аст, ки дар дунёи ислом пайдо шуд ва асараш ҳам ҷумуди фикрӣ аст; ҳамон чизе, ки алъон мо ба он мубтало ҳастем. Инҳо ба олами ташайюъ сироят мекунад.

* * *

Сухани Оятуллоҳ Буруҷердӣ

Ман ин ҳарфро дар мавқеъе, ки Оятуллоҳ Буруҷердӣ дар Буруҷерд буданд ва хидматашон расида будем, аз эшон шунидам ва баъд ҳам аз каси дигаре нашунидам ва хеле таъассуф хӯрдам, ки чаро суол накардам. Эшон барои пайдоиши ин ҷараёни фикрӣ як решаи дигаре ба сурати эҳтимол ва ҳадс ба даст медоданд, мегуфтанд, ман ҳадс мезанам, ки фикри ахборигарӣ дар миёни Машриқзамин ношӣ аз фикри моддигарӣ дар Мағрибзамин будааст. Чун муқорин бо пайдоиши ахборигарӣ, дар Мағрибзамин иддае пайдо шуданд, ки фалсафаи ҳиссиро ибдоъ карданд ва гуфтанд, мо ҷуз он чи ба чашм бибинем ё ба васоили дигар ба вуҷуди он пай бибарем, ҳеч чизи дигар ҳатто ақлро қабул надорем, тарафдори ҳисс ва мухолифи ақл шуданд. Ва ин дар ҳамон замоне будааст, ки равобит байни Эрони Сафавӣ ва давлатҳои Урупо ба наҳви шадид барқарор буд ва иттифоқан муқорини ҳамин қарнҳо дар ин ҷо ҳам наҳзати зидди ақлӣ пайдо шуд, вале на ба он сурат, балки ба унвони тарафдорӣ аз ахбор; гуфтанд, аслан ақл дар кори дин ҳаққи дахолат надорад ва ин мутаассифона осори зиёде дар фикри мо гузошт.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: