Перейти к содержимому

Коризмо; ташхиси он аз таърифаш роҳаттар аст

Мақолае аз профессор Ҷон Путс (John Potts)

Ташхиси коризмо (харизма) аз таърифи он роҳаттар аст. Мақолоти рӯзномаҳо ва маҷаллот ҳамеша дар пайи ташхиси раҳбарони коризмотик мисли Ҷон Кенедӣ, Мортин Лутер Кинг ва Борок Убомо ҳастанд, аммо ҳамаи он мақолот, ба нудрат ба ин нукта мепардозанд, ки коризмо воқеан чист?

Баҳс бештар бар сари ин аст, ки оё коризмо барои раҳбарони инқилобӣ зарурӣ аст ё на, дар ҳоле, ки тамоми китобҳо хушбинона иддао мекунанд, ки “рози коризмо”-ро бармало хоҳанд кард. Дастае аз мардум эътиқод доранд, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавон коризморо рамзгушоӣ кард ё онро кашф кард, зеро ин вежагӣ зотӣ аст ва фақат дар афроди бисёр каме зоҳир мешавад.

Пас, як бори дигар ин суол матраҳ мешавад, ки коризмо чист?

Хостгоҳи калимаи коризмо дар номаи Повели қиддис (Апостол Павел), ки дар ҳудуди соли 50 мелодӣ навишта шуда шинохта шудааст. Ин аввалин корбурди калимаи коризмо аст, ки аз калимаи юнонии Charis ба маънии “ҷаззобият” гирифта шудааст. Аз назари Повел, коризмо ба маънии “мавҳибате аз ҷазабаи Худованд” ё “мавҳибате (ҳадяе) руҳонӣ” аст. Дар номаҳои Повел ба ҷомеаҳои тозабунёди масеҳӣ, ки дар сар то сари имперотурии Рум пароканда шуда буданд, омадааст, ки: коризмо ё мавҳибате руҳонӣ, барои тамоми афроди ҷомеа қобили дастрасӣ аст. Ӯ 9 навъ коризморо аз ҳам ташхис медод, ки шомили пешгӯӣ, шифо додан, мавъиза, нафсири оёт, таълим ва хидмат буд, ки ин мавҳибатҳо, ҳам фаротабиӣ ва ҳам корбурдӣ буданд.

Аз назари Повел, коризмо як мафҳуми асроромез буд: мавҳибате (ҳадяе), ки ба ақидаи ӯ, ҳар фард метавонист бидуни ниёз ба султаи калисо ё як фирқа, онро ба даст оварад. Ва ҳеч коризмое барои раҳбарӣ кардан вуҷуд надорад: коризмои иттиҳод ба маънии хидмат ба ҷомеа бидуни ниёз ба таҳмили як раҳбар аст. Бо ин ҳама, калисо то қарни чаҳоруми мелодӣ ба таври васеъе бо мафҳуми коризмо, ки ҳосили иртиботи мустақим бо Руҳулқудс буд, мухолифат кард.

Дар он замон, силсиламаротибе аз раҳбарони калисо вуҷуд дошт, ки дар раъси онҳо усқуф ҷой мегирифт ва тафсири қавонини мазҳабӣ дар китоби муқаддасро ҷуз аз тариқи ин силсила мамнӯъ эълом мекард. Мафҳуми коризмо фақат дар миёни бидъатгузарон яъне “паёмбароне”, ки иддао мекарданд бидуни воситаи калисо ва Инҷил таҳти илҳоми мустақими илоҳӣ ҳастанд, ба ҳаёти худ идома дод. Чунин бидъатгузориҳое ба шиддат тавассути калисо саркӯб мешуд.

Идеяи коризмо аз он пас барои қарнҳо ба таври комил ба фаромӯшӣ супурда шуд. Саранҷом, дар навиштаҳои Мокс Вебер (Max Weber), ҷомеашиноси олмонӣ, дар қарни бистум дубора мутаваллид шуд. Дар ҳақиқат, мо маънии имрӯзии коризморо мадюни Вебер ҳастем; касе, ки идеяи мазҳабии Повелро ба мафҳуме ҷомеашинохтӣ табдил кард ва онро дар ҳавзаи ҷомеашиносии султа ва раҳбарӣ ба кор гирифт. Аз назари Вебер, се навъ султа вуҷуд дошт: ақлӣ-қонунӣ, суннатӣ ва коризмотик. Вебер мушоҳида кард, ки шакли коризмотики султа ба шакли инқилобӣ, ҳатто бесуботи он, подзаҳри “қафаси оҳанин”-и сохтори ақлонӣ дар ҷаҳони сархӯрдаи муосир аст. Ӯ ақида дошт, ки чизе қаҳрамонона дар раҳбари коризмотик вуҷуд дорад; касе, ки бо корҳои бузург ё бо коризмои забон, пайравони худро дар суханрониҳои таъсиргузор таҳрик мекунад.

Вебер коризморо ин гуна таъриф мекард: “Як кайфияти муайян аз шахсияти фарде, ки хориқулъода аст ва аз ҷониби як қудрат ё кайфияти фаротабиӣ, мофавқи инсонӣ ё ҳаддиақал ба таври хосси истисноӣ эҳдо шудааст.” Ӯ раҳбарони коризмотикро дар таърих ва дар миёни ашхосе, ки раҳбарони низомӣ ё динии бузурге буданд, мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин пешбинӣ кард, ки раҳбари коризмотик ҳатто дар ҷаҳони мудерне, ки ба лиҳози брукротик аз қонунмандии болое бархӯрдоранд низ зоҳир хоҳад шуд.

Вебер дар соли 1902 даргузашт ва он қадр зинда намонд, то корбурди назарияи худро дар сиёсат ва фарҳанги муосир бибинад. Шояд барои ӯ беҳтар буд, чаро ки аввалин раҳбарони сиёсӣ, ки коризмотик хонда шуданд, Мусилинӣ ва Ҳитлер буданд. Аз назари бисёре аз равшанфикрони урупоӣ, ин мавзӯъ ин ҳиссро ба вуҷуд овард, ки султаи коризмотик ҷанбаҳои шуме дар пай дорад. Намунаи сиёҳе аз раҳбарони коризмотик муддати зиёде тӯл кашид: дар даҳаи 1960 раҳбарони фирқаҳои динӣ мисли Ҷорлз Монсун (Charles Manson) бо таъсири сеҳромез бар пайравонашон, ба роҳатӣ коризмотик хонда шуданд. Пеш аз ин давра осори Вебер тарҷума шуда буданд ва ба ҳамин далел вожаи коризмо дар ҷаҳони ангилисизабон дар даҳаи 1950 фарогир буд.

Аввалин сиёсатмадороне, ки расонаҳо аз онҳо ба унвони коризмотик дар маънои мусбат ва на дар маънои манфии он ёд карданд, Ҷон Кенедӣ ва бародараш Роберт Кенедӣ буданд. Пас аз даҳаи 1960, вожаи коризмо бештар барои афроди барҷаста истифода мешуд, то барои раҳбарони сиёсӣ. Барои мисол, шояд битавон Муҳаммадалӣ Клейро коризмотиктарин фард донист.

Дар ҳоли ҳозир вожаи коризморо барои афроди мухталифе назири сиёсатмадорон, чеҳраҳои машҳур ва раҳбарони тиҷорӣ ба кор мебаранд. Мо аз вожаи коризмо кайфияти вежа ва зотиро мефаҳмем, ки афроди хоссеро мутамойиз (ҷудо) мекунад ва дигаронро ба самти ӯ мекашонад. Ин вежагӣ кайфияте нодир ва худододӣ аст. Гуфта мешавад, ки дар саҳнаи сиёсати Омрико, Бил Клинтун ҳамонанди Убомо шахсияте коризмотик доранд ва фаъолони сиёсии ахир ҳеч каси дигареро дорандаи чунин вежагие намедонанд. Дар ҳавзаи тиҷорат, Стив Ҷобз (Steve Jobs) як улгуи раҳбарии коризмотик аст: хаёлпардоз, худсохта, дар айни ҳол интиқодпазир. Дар заминаи шӯҳрат, коризмо нишонае аз як эътибори бесобиқа аст. Бахши азиме аз санъати саргармӣ дар талош ҳастанд, то аз тариқи барномаҳое назири Idols ё The Voice шахсиятҳои машҳури сохтагӣ бисозанд. Аммо коризморо наметавон аз тариқи телевизиюн тавлид кард.

Оё коризмо дар сиёсатмадорони имрӯзӣ ҳам матлуб аст? Дэвид Борнет (David Barnett), зиндагиноманависи ҳавзаи сиёсат, ҷое гуфта буд, ки коризмо “яке аз хатарноктарин мафоҳим дар баҳси демукросӣ аст”. Зеро раҳбарони коризмотик бо забон метавонанд бар тарафдорони худ таъсир бигузоранд, ки ин таъсир метавонад мӯҷиби таҷзия ё аз байн рафтани дороиҳои як гурӯҳ ё як миллат шавад. Гурӯҳҳои сиёсӣ маъмулан муташаккил аз раҳбарони маҳбуб ва хушмашраб ҳастанд, ки мардуми оддӣ аз онҳо тарафдорӣ мекунанд. Дар Устролиё Пол Китинг (Paul Keating) як раисиҷумҳури коризмотик ва руъёӣ буд, бо ин ҳол ӯ як раҳбари тафриқаандоз ҳам буд, ки бисёре аз иттиҳодияҳои коргариро бо ғурураш аз ҳам дур кард.

Ҷон Ҳуворд (John Howard), ҷонишини ӯ, ба таври куллӣ фоқиди коризмо буд, аммо маъмулӣ будани ӯ мӯҷиб шуд, то бузургтарин муваффақиятҳояшро ба даст оварад. Сабки раҳбарии ӯ бештар итминонбахш буд, то таҳдидомез. Дар зимн, Силвиу Берлускуни (Silvio Berlusconi) дар Итолиё, як раҳбари коризмотик ва популист буд, ки даврони тасаддиаш ба унвони нахуствазир, ба демукросии Итолиё осеб расонд. Раҳбари коризмотик мумкин аст, ки ҳаяҷонангез ё ҳатто фиребанда бошад, аммо натоиҷи раҳбарии ӯ ҳатман гурӯҳҳои сиёсӣ ё раванди демукросиро бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад кард.

Идеяи коризмо ба 2000 сол қабл бармегардад. Аммо оё шабоҳате миёни мафҳуми имрӯзии коризмо ба унвони шакли хоссе аз тасаллут, ва коризмои мазҳабӣ дар замони Повел вуҷуд дорад? Ин шабоҳат, дар мафҳуми зотӣ будани ин мавҳибат нуҳуфтааст. Повел мӯътақид буд, ки ҳеч усқуф ё калисое, масъули эҳдои коризмо нест: ин вежагӣ ба унвони як мавҳибати руҳонӣ ба афрод дода мешавад. Имрӯза коризмо як омили мубҳаму ношинохта ва ба навъе сахтфаҳм аст. Ҳеч кас намедонад, ки чаро афроди ангуштшуморе аз мавҳибати коризмо бархӯрдоранд. Мисли ҳамеша ин мавзӯъ ба унвони як падидаи асроромез боқӣ мемонад.

Aeon

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: