Перейти к содержимому

Оё қаҳвахӯрҳо бештар умр мекунанд?

Тибқи таҳқиқоти ахир дар Ангилис, нӯшидани қаҳва сабаби коҳиши мизони маргу мир мешудааст.

Ба гузориши New York Times, муҳаққиқони бритониёӣ рӯи 498,134 фард бо миёнгини 57 сол озмоиш гузарониданд. Дар тайи 10 сол, 14,255 мавриди маргу мир сабт шуд. Баррасиҳо нишон дод, ки хатари марг ба ҳар далеле, ба хусус аз саратон ва бемориҳои қалбӣ, бо афзоиши масрафи қаҳва коҳиш ёфт.

Хатари марг дар афроде, ки рӯзона як финҷон қаҳва масраф мекарданд, нисбат ба афроде, ки камтар аз ин мизон қаҳва мехӯрданд, 6 дарсад камтар буд. Афроде, ки рӯзона 8 финҷон ё бештар қаҳва менӯшиданд, 14 дарсад камтар аз дигарон дар хатари марг ва ибтило ба бемориҳои кушанда қарор доштанд.

Оё натоиҷи ин таҳқиқот бад-ин маъност, ки ҳама бояд қаҳва бихӯранд? Эрико Луфтфилд (Erikka Loftfield), сарпарасти тими таҳқиқӣ, дар посух ба ин суол мегӯяд: “На. Натоиҷи таҳқиқ дар ин марҳила барои қаҳвахӯрҳо навъе итминони хотир фароҳам мекунад, на як роҳнамо. Натоиҷ нишон надода, ки мардум бояд барои саломатӣ, шурӯъ ба нӯшидани қаҳва кунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: