Перейти к содержимому

Шайх Халил Афро: “Аҳли суннати Эрон аз вазъияти бисёр хубе бархӯрдоранд”

Дар остонаи баргузории Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Эрон, Шайх Халил Афро, аз уламои аҳли суннати ин кишвар, дар мусоҳибае, бо баёни ин ки “аҳли суннат дар Эрон аз вазъияти бисёр хубе бархӯрдоранд”, пешниҳод дод: “Уламо ва андешамандони кишварҳои исломӣ, ки барои баргузории ин конфронс ба Эрон меоянд, баъд аз поёни кори ин ҳамоиши чандрӯза, ба шаҳрҳои суннинишини Эрони Исломӣ сафар кунанд, то аз наздик бо фаъолиятҳо, имконот, барномаҳо ва таъаддуди масоҷиди аҳли суннат рӯ ба рӯ шаванд.”

Ба гузориши хабаргузории Taghribnews, Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ аз ҷумлаи иқдомоте аст, ки ба сурати солона аз сӯи “Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ” баргузор мешавад ва тайи он, меҳмонони конфронс, ки ғолибан шахсиятҳои фарҳехта, вузарои кишварҳои исломӣ, уламо ва андешамандон ва мутафаккирони шиъа ва аҳли суннат ҳастанд, ба ироаи дидгоҳҳо ва назароти худ дар хусуси аҳаммияти ваҳдати уммати исломӣ ва роҳкорҳои дастёбӣ ва тадовуми ин муҳим мепардозанд.

Баррасии муҳимтарин масоили ҷаҳони ислом бо меҳвари ваҳдати мусалмонон, аз дигар мавзӯъҳои муҳимми ин иҷлоси солона аст, ки баъзан бо интиқодҳое мувоҷеҳ мешавад. Албатта, бархе аз коршиносон низ бар ин ақидаанд, ки дар шароити кунунӣ, ки ақоиди динӣ ва исломӣ бо ҳаҷмаҳои мухталифе мувоҷеҳ аст ва расонаҳои мухталиф бо тавлиди барномаҳои мутанаввеъ саъй дар тарвиҷи андешаҳои такфирӣ доранд ва аз ҳеч кӯшише барои илқои тафаккуроти ифротӣ ба номи дини ислом фурӯгузор нестанд, зарурати баргузории ин конфронсҳо дучандон мешавад.

Дар ҳамин росто, Шайх Халил Афро, аз уламои аҳли суннати Эрон ва раиси ҳайъати фатвои аҳли суннати Бушеҳр, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Taghribnews, бо баёни ин ки “Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ дар соли 1990 ба ибтикори Оятуллоҳ Хоманаӣ ба вуҷуд омад, гуфт: “Ин маҷмаъ ӯҳдадори талошҳои тақрибӣ дар ҷаҳони ислом аст, ки ҳамасола бо ширкати андешамандони исломӣ дар Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ ҳамоишҳои ваҳдатофарин баргузор мекунад.”

Ин донишманди барҷаста, бо таъкид бар ин ки Конфронси ваҳдат то кунун дар роҳи наздик кардани мазоҳиб ба якдигар муваффақ амал кардааст, гуфт: “Беш аз 30 сол аст, ки мусалмонони ҷаҳон дар Эрони Исломӣ дар ин айём даври ҳам ҷамъ шуда ва дар бораи масоил ва мушкилоти худ ба баҳсу табодули назар мепардозанд ва саъй дар наздикии ҳар чи бештари мазоҳиб доранд.”

Шайх Халил Афро, бо таъкид бар ин мавзӯъ, ки дар ин конфронси исломӣ, кулли кишварҳои исломӣ дар зери парчами “Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун расулуллоҳ” ҳастанд, афзуд: “Ваҳдат фақат марбут ба имрӯз нест ва дар Қуръон аз он ёд шудааст, аз ин рӯ дар айёми иҷлос низ ҳамаи мусалмонон муштаракоти худро ёдовар мешаванд.”

Вай идома дод: ”Худованд дар Қуръон мусалмононро ба иттиҳоду ваҳдат амр, ва аз тафриқа наҳй мекунад, ваҳдат низ замоне намоён мешавад, ки ҳамроҳу ҳамсадо дар канори якдигар бошем ва аз ихтилофу тафриқа дурӣ кунем.”

Ин донишманди аҳли суннати Эрон гуфт: “Душманони ислом дар тӯли сол саъй мекунанд, ки моро аз муштаракоти худ ғофил кунанд ва аҳаммияте ба ваҳдат, ухувват ва бародарӣ надиҳем, вале тамоми заҳматҳои онон дар ин чанд рӯзи баргузории иҷлоси ваҳдат беасар мешавад.”

Шайх Халил Афро, бо баёни ин ки мутаассифона шабакаҳое монанди “Калима” барои эҷоди тафриқа миёни шиъаён ва аҳли суннат барномарезӣ мекунанд, тасреҳ кард: “Аҳли суннат дар Эрон аз вазъияти бисёр хубе бархӯрдоранд ва ба ҷуръат метавон гуфт, ки теъдоди масоҷиди мо аз баъд аз инқилоб, чанд баробар шудааст.”

Вай гуфт: “Ба назари банда, бояд аз афроди шохиси кишварҳои исломӣ даъват шавад ва илова бар нишасти умумӣ, нишасти хусусӣ ҳам бо ин афрод гузошта шавад, то битавонанд роҳат ва бидуни ҳеч нигаронӣ, мушкилоти худро бозгӯ кунанд.”

Шайх Халил Афро дар поён пешниҳод дод: “Уламо ва андешамандони кишварҳои исломӣ, ки барои баргузории ин конфронс ба Эрон меоянд, баъд аз поёни кори ин ҳамоиши чандрӯза, ба ҳамроҳи намояндае аз Маҷмаъ ҷаҳонии тақриб ба шаҳрҳои суннинишин сафар кунанд, то аз наздик бо фаъолиятҳо, имконот, барномаҳо ва таъаддуди масоҷиди аҳли суннат рӯ ба рӯ шаванд.”

Филме аз вазъияти аҳли суннати Эрон, ки аз сӯи як коргардони мисрӣ таҳия шудааст:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: