Перейти к содержимому

90 дар сади мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро доранд”

Иззат Амон, фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Русия, акс аз сойти интернетии Радиои Озодӣ

Иззат Амон, фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Русия, дар ёддоште дар Фейсбук, ба нақл аз яке аз дӯстонаш, ки муддате дар Тоҷикистон дорои мақоми давлатӣ буда ва инак барои дарёфти шаҳрвандии Русия аз Иззат Амон кӯмак хостааст, навишт, ки дӯсташ гуфтааст: “90 дар сади ҳукумат шаҳрвандии Русияро доранду гӯш ба қимор нишастаанд.”

Дар ин ёддошт, ки таҳти унвони “Ғайр аз фирор чорае нест?” мехонем:

Имрӯз яке аз дӯстонам, ки бо ҳам панҷ сол дар шӯъбаи рӯзонаи факултаи менеҷменти Донишгоҳи давлатӣ таҳсил мекардем, аз Тоҷикистон тамос гирифт.  Ӯ баъди хатми донишгоҳ ба кори давлатӣ рафту дар зинаҳои баланди ҳукуматӣ кору фаъолият мекард. Банда таҳсилро дар хориҷ аз кишвар давом додам.

Дӯстам хоҳиш мекард, то дар кӯчиданаш аз Тоҷикистон ба Россия ва ба даст овардани шаҳрвандии рус кӯмак намоям.

Гуфтам, чӣ шуда, ки ин ҳама дору дастгоҳро партофта ба қавли баъзе аз фейкҳои ҳукуматӣ, “хоҷаи хориҷӣ” мегирӣ? Мегуфт, бовар кун 90 дар сади ҳукумат шаҳрвандии Россияро доранду гӯш ба қимор нишастаанд.

Тибқи оморҳои расмии хадамоти муҳоҷирати рус дар як соли нотамоми 2018 ҳудуди 200 000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии русро қабул кардаанд.

Аксарияти мардуми кишвар бо барномаи «переселение» дар манотиқи дурдасти Россия муҳоҷир гашта дар як сол шаҳрвандиро дарёфт менамоянд.

Агар ҳол ба ҳамин минвол давом ёбад, оқибати кишвар ва мардум чӣ мешуда бошад? Оё касе дар зинаҳои баланди ҳукуматӣ дар ин бора фикр карда аст? Ё мисли ҳамеша аз рӯи шиъори ”баъди ман ҳама хокистар”, ва ё “як рӯзаму хурӯсам” ба сар мебаранд?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: