Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (10)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Машрутият

إِنِ الْحُكْمُ إِلاَّ لِلّهِ

Ҳукм ҷуз ба дасти Худо нест…” (Сураи Анъом, ояти 57)

Дар ду шаби гузашта ба ду ҷараёни фикрӣ, ки дар таърихи ислом рух дода ва ҳар ду ҷараён ҷумудомез будааст, ишора кардем. Яке аз ин ду ҷараён, ҷараёни Хавориҷ буд. Хавориҷ мазҳари ҷумуди фикрӣ дар асри худашон буданд. Пайдоиши Хавориҷ ба дунболи ин фикр буд, ки гуфтанд, ҳакамияти ҳакам барои ин ки халифаро таъйин кунад, ин ки ҳакам ҳукм кунад миёни ду нафар, ки муддаии хилофат ҳастанд, бар хилофи ислом аст; зеро Қуръон фармудааст:

إِنِ الْحُكْمُ إِلاَّ لِلّهِ

Ва худашон, ки ибтидо ин корро карда буданд, худро тахтиъа карданд ва ҳазрати Амирро ҳам — ки ба иҷбор водор ба ин кор карда буданд — тахтиъа карданд ва гуфтанд, ин кор куфр будааст, мо тавба кардем, ту ҳам тавба кун. Ҳазрат фармуд: ин кор хато буд ва маншаи ин хато шумо будед, на ман, вале ба ҳар ҳол куфр набуд ва ман хатое муртакиб нашудаам.

Ҷараёни дигар, ҷараёни ахборигарӣ аст. Ин ду ҷараён хеле шабеҳи якдигар ҳастанд. Роҷеъ ба ахборигарӣ арз кардам, ки хеле тафовутҳо миёни равиши ахбориҳо ва равиши муҷтаҳидон аст, вале агар бихоҳем асосро ба даст биёварем, ки руҳи ахборигарӣ чист, мебинем, руҳи ахборигариро ҷумуд ташкил додааст. Ҷумуд ин аст, ки мегӯяд, иҷтиҳод, ки изҳори назар аст, тафаккур аст, таҷзияву таҳлил аст, ва ба иборати дигар, ақлро дар дин дахолат додан аст, дуруст нест. Ва гуфтанд, Қуръон ҳам барои фаҳмидан нест, мо ҳақ надорем мустақиман ба Қуръон муроҷеа кунем, он барои имомон аст ва мо бояд ба ахбору ривоятҳо муроҷеа кунем.

Ҷараёни дигаре ҳам ҳаст, ки марбут ба замони худамон аст, ва он, ҷараёни машрутият аст. Машрутият, ки ба Эрон омад — агар таърихашро хонда бошед — мардуми Эронро ба ду қисм мунқасим кард: гурӯҳе тарафдори истибдод, ва гурӯҳе тарафдори машрутият. Ҳам сиёсатмадорон мунқасим шуданд ва ҳам руҳониҳо, он ҳам руҳониҳои бузург. Иддае ҳомии машрутият шуданд ва сахт аз он ҳимоят карданд, ва иддае дигар бо машрутият мухолифат карданд, ба тавре, ки махсусан мухолифон дар ҳар ҷо, ки буданд дар ҳавзаҳои илмия фузало, мударрисон ва туллоберо, ки тарафдори машрутият буданд, аз худ намедонистанд. Яъне агар мефаҳмиданд фалон шахс тарафдори машрутият аст, ба ҳеч ваҷҳ ба ӯ шаҳрия намедоданд. Кам-кам кор ба ҷое расид, ки ҳар даста, дастаи дигарро такфиру тафсиқ мекарданд ва воқеан фитнаи бузурге дар дунёи руҳоният ба вуҷуд омад. Чун мавзӯъ ин ҷур набуд, ки масалан сиёсатмадорони мамлакат тарафдори як фикр бошанд ва руҳониҳо ҳама тарафдори фикри дигар, балки худи руҳониҳо мунқасим ба ду даста шуданд: баъзе тарафдори машрутият, ва баъзе мухолиф. Дар ин ҷо ман қабл аз ин ки матлабро шурӯъ бикунам, нуктаеро тазаккур медиҳам:

Дар ҷараёни машрутият ду матлаб аст, ки мо ба яке аз онҳо кор надорем ва рӯи дигарӣ баҳс мекунем. Яке ин аст, ки аз назари иҷтимоӣ ва сиёсӣ чӣ омилҳое дар эҷоди машрутияти Эрон дахолат дошт ва чӣ омилҳое (омилҳои сиёсии хориҷӣ) мухолиф буд? Ба таври қатъ, сиёсатҳои бузурги он рӯзи дунё рӯи машрутияту истибдод назар доштанд. Яъне яке аз сиёсатҳои бузурги он рӯзи дунё тарафдори машрутият буд ва кӯшиш мекард машрутият дар Эрон эҷод бишавад, ва як сиёсати бузурги дигари дунё аз истибдод ҳимоят мекард ва кӯшиш мекард, ки ҷилави машрутиятро бигирад. Чаро? Барои ин ки он ки тарафдори машрутият буд, мехост баъд аз машрутият сиёсати худашро бар Эрон таҳмил кунад (камо ин ки ҳамин корро кард), ва он ки мухолиф буд, нуфузе дошт ва мехост ҷилави нуфузи рақибро бигирад. Бинобар ин, агар касоне бо машрутият мухолиф буданд, аз ин назар буд, ки дастҳои хориҷиро медиданд ва медонистанд ва пешбинӣ мекарданд, ки манзур, машрутияти воқеӣ нест, балки як сиёсати хориҷии дигаре дар кор аст. Ё агар касе мухолифи истибдод буд, аз он ҷиҳат буд, ки он сиёсатҳоеро, ки тарафдори истибдод буданд мешинохт ва зарарҳои сиёсати онҳоро медонист. (Русҳо тарафдори истибдод буданд ва ангилисҳо тарафдори машрутият.)

* * *

Мувофиқон ва мухолифони машрутият

Марди бузурге мисли марҳум Охунди Хуросонӣ сахт ҳомии машрутият буд ва воқеан ин миқдор, ки банда таҳқиқ кардаам, марҳум Охунди Хуросонӣ яке аз бузургони уламои шиъа будааст ва мешавад гуфт, дар дунёи шиъа мударрисе ба хубии марҳум Охунд наомадааст. Ҳавзаи дарси 1200-нафарӣ доштааст ва шояд 300 нафар муҷтаҳиди мусаллам пойи дарси ин мард менишастаанд ва эшон фавқулъода марди боимону ботақвое будааст. Дар ин ки ин мард мунтаҳои ҳусни ниятро доштааст, шакке нест. Ҳоло агар касе гуфт, ман бо машрутият мухолифам, маънояш ин нест, ки — алъёзу биллоҳ! — марҳуми Охундро тахтиъа мекунад. Аз он тараф, дар раъси мухолифон як фақеҳи бисёр бузурге буда мисли марҳум Оқо Сайидкозими Яздӣ, ки дар фақоҳат камназир будааст. Агар касе бо истибдод мухолиф ва тарафдори машрутият бошад, маънояш ин нест, ки марҳуми Яздиро тахтиъа мекунад. Шояд марҳуми Яздӣ, ки мухолиф бо машрутият буд, медонист, ки дастҳои хориҷӣ дахолат дорад ва баъд ҳам чунину чунон мешавад. Бинобар ин, баҳси тасвиб ё тахтиъаи уламои бузург нест, чун мавзӯъ як ҷиҳат надорад. Агар мавзӯъи машрутияту истибдод як масъалаи илмӣ буд, як ҳарфе буд. Масъалае буда, ки омилҳои зиёде дар он дахолат доштааст. Мо аз ин ки кадом дасти сиёсат чӣ дахолате доштааст, сарфи назар мекунем ва бо мухолифу мувофиқ коре надорем. Қароин ҳам нишон медиҳад, касоне, ки мухолиф бо машрутият буданд, мегуфтанд, ин машрутият, ки мехоҳад биёяд, ғайр аз он машрутияте аст, ки доранд сӯҳбаташро мекунанд, машрутаи машрӯъа — ба истилоҳ — нест ва нахоҳад омад, монанди марҳум Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ.

Ба ҳар ҳол, якчунин ҷараёне ба вуҷуд омад ва чӣ ҳаводиси талху хунине ба вуҷуд овард! Муҷтаҳидон кушта шуданд, марде монанди Оқо Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ ба дор зада шуд. Ин як амри кучаке нест. Марҳуми Нурӣ марди бузурге буд, муҷтаҳиди мусаллам ва то ҳудуде, ки шунидаем, марди бисёр поку ботақво ва одиле буд, муҷтаҳиди мусалламуладола ва одили мусалламулиҷтиҳод буд.

Мо матлабро аз як зовияи бахусусе мехоҳем мутолеа кунем, яъне онро тафкик мекунем аз омилҳои хориҷӣ ва аз ин ҷиҳат, ки оё Эрони он рӯз омодаи машрутият буд ё набуд? Ҷое ғайр аз мамлакати худамон ва замоне ғайр аз замони худамонро фарз мекунем, яъне як кишвари исломиро фарз мекунем, ки дар он мардум омода ҳастанд яъне мефаҳманд, ки машрутият яъне чӣ, чун дар он мавқеъ ағлаби мардум намедонистанд, ки машрутият чист. (1) Омода набудани миллат яъне ин ки намефаҳмид. Мо мехоҳем фарз кунем як кишвареро, ки мардумаш мефаҳманд. Ҳамчунин фарз кунем, ки омилҳои хориҷӣ вуҷуд надорад, суинияте дар кор нест. Оё машрутият бо қонуни ислом интибоқ дорад ё на? Ин, яке аз он масоиле аст, ки то мо онро баррасӣ накунем, он ҷараёни ҷумуду ҷаҳолате, ки арз кардем комилан ҳаллоҷӣ намешавад.

Баъзеҳо аз ҳамин назар, қатъи назар аз омилҳои хориҷӣ, мегӯянд машрутият бар хилофи дини ислом аст, яъне дини ислом бо машрутият созгор нест. Ночор бояд бигӯянд, бо истибдод созгор аст ё лоақал бо истибдод созгортар аст. Чаро? То таъриф нашавад, ки машрутият чист, намешавад баҳс кард.

* * *

Таърифи машрутият

Маънои машрутият ин аст, ки мамлакат эҳтиёҷ ба як силсила тасмимот дорад, яъне мамлакат эҳтиёҷ дорад ба ҳукумат яъне дастгоҳе, ки маҷмӯан амри мамлакатро идора кунад, чунонки як муассисаи фарҳангӣ ё як ширкати тиҷоратӣ эҳтиёҷ ба мудир ё ҳайъати мудира дорад. Ҳарфи аввал ин аст, ки ҳар мамлакате эҳтиёҷ ба ҷамъе дорад, ки идоракунандаи мамлакат бошанд. Агар мо гуфтем, хайр, асосан вуҷуди мудир ё ҳайъати мудира хатост ва набояд бошанд, ҳам машрутиятро рад кардаем ва ҳам истибдодро; чун истибдод маънояш ин аст, ки як фард ҳукумат мекунад, машрутият шакли дигар аст. Пас, истибдодаш ғалат аст, машрутияташ ҳам ғалат аст. Агар бигӯем, чаро? Мегӯянд, мамлакат ҳамин қадр, ки дин дошта бошад, дин мардумро бениёз мекунад аз ин ки ҳукумат дошта бошанд.

Иттифоқан ин ҳамон ҳарфе аст, ки Хавориҷ мегуфтанд. Онҳо мегуфтанд:

إِنِ الْحُكْمُ إِلاَّ لِلّهِ

Ҳукм ҷуз ба дасти Худо нест…” (Сураи Анъом, ояти 57) Дар “Наҳҷул-балоға”, ҳазрати Алӣ (а) дар мавриди ин сухан мефармояд:

كلمة حقّ يراد بها الباطل

Яъне, ин ҳарфи дурусте аст, аммо ин ҷур, ки инҳо қасд мекунанд, ғалат аст. “Ло ҳукма илла лиллоҳ” ҳукм аз ноҳияи Худо бояд бошад, ҳарфи дурусте аст, аммо инҳо ин ҳарфи дурустро дар мавриди ғалат ба кор мебаранд.

ولكن هؤلاء يقولون: لا إمرة الاّ لله

Яъне мегӯянд, амирии мардум бояд бо Худо бошад. Ин ки намешавад.

ولا بدّ للناس من أميرٍ برٍّ أو فاجرٍ

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 40) Яъне, мардум эҳтиёҷ ба амиру ҳоким доранд, ҳоло ё хуб бошад ё бад. Яъне дар дараҷаи аввал, бояд хуб бошад ва дар дараҷаи дуввум, бад буданаш аз набуданаш беҳтар аст… Ва аз ин рӯ, масъалаи хилофатро, ҳам мо шиъаҳо ва ҳам сунниҳо ҳар ду қабул дорем. Ҳатто Хавориҷ ҳам ибтидо гуфтанд, ки эҳтиёҷ ба халифа надоранд, вале баъд худашон омаданд бо як халифа байъат карданд. Пас, шиъа ва суннӣ дар ин ҷиҳат иттифоқ доранд, ки дин доштан маънояш ин нест, ки ҳоло, ки дин дорем, пас дигар ҳукумат лозим нест. Ҳар ду мегӯянд, ҳукумат мехоҳем, мунтаҳо дар ҳукумати баъд аз Пайғамбар сунниҳо аз як роҳ рафтанд ва шиъаҳо гуфтанд, касе лоиқ аст, ки Пайғамбар ӯро таъйин карда бошад.

Фарзи дуввум ин аст: ҳоло, ки мо эҳтиёҷ ба ҳукумат дорем, оё эҳтиёҷ дорем ба ин ки ба як таъбир як идда тасмим бигиранд ва дигарон иҷро кунанд ё на, ҳамон касе, ки тасмим мегирад, иҷро ҳам бикунад? Истибдод маънояш ин аст, ки ҳамон касе, ки тасмим мегирад, иҷро ҳам бикунад. Машрута маънояш ин аст, ки як идда тасмим бигиранд ва иддаи дигар иҷро кунанд, ва бояд онҳое, ки тасмим мегиранд, худи мардум интихобашон карда бошанд. Намояндагони мардум тасмим бигиранд, ҳайъати давлат иҷро кунад. Ва тоза, ҳайъати давлатро ҳам бояд намояндагон таъйин карда бошанд, то дар натиҷа ҳама чизро мардум таъйин карда бошанд ва дар воқеъ мардум худашон бар худашон ҳукумат карда бошанд. Вале мухолифони машрута мегуфтанд, хайр, шумо ин ҷо муғолата мекунед ва мегӯед, маънои истибдод ин аст, ки як нафар тасмим бигирад ва ӯ ҳам иҷро кунад ва маънои машрутият ин аст, ки намояндагони мардум тасмим бигиранд ва ҳайъати давлат иҷро кунад. Ин ҷо сирфи тасмим нест, агар сирфи тасмим буд, мо мухолиф набудем. Ва рост ҳам мегуфтанд. Мегуфтанд, агар машрутият ин тавр буд, ки мардум намояндагонро интихоб мекарданд, ки намояндагон қувваи муҷрияро интихоб кунанд, ва низ намояндагон тасмим бигиранд, ҳайъати давлат ҳам иҷро кунад, вале ин тасмим барои ин бошад, ки бибинанд қонуни Худо чӣ гуфтааст ва қонуни дигар вазъ накунанд, ҳар чӣ қонуни Худо гуфтааст, мутобиқи он тасмим бигиранд ва давлатро муваззаф ба иҷрои он кунанд, хуб буд, аммо машрутият, ки ин нест. Шумо як калимаи қашангеро ба кор мебаред барои иғфоли мо. Машрутият маънояш ин аст, ки миллат намояндагонро интихоб кунад ва намояндагон тасмим бигиранд. Калимаи қашанге аст, вале айни ҳақиқат нест. Намояндагон қонун вазъ кунанд, тасмим бигиранд, на ин аст, ки мутобиқи қонунҳои илоҳӣ тасмим бигиранд ва қонун вазъ кунанд, ки ҳайъати давлат иҷро кунад.

Боз дар ин ҷо мантиқи мустабиддин, мантиқи машрутийинро шикаст медиҳад. Аммо боз машрутийин ҷавобе доранд, ки дар муқобили он, ҷавоби дигаре вуҷуд надорад.

* * *

Мантиқи мувофиқон

Мегӯянд, мо қабул дорем, ки машрутият — ки мегӯем, намояндагони мардум тасмим бигиранд — маънояш ин нест, ки муҷтаҳиде, ки мехоҳад истинботи аҳком бикунад, бибинад қонуни Худо чист, айни ҳамон қонунро ба давлат иблоғ кунад ва давлат ҳам иҷро кунад. Мо ҳам қабул дорем, ки ин ҷур нест. Намояндагони мардум қонун вазъ мекунанд, вале магар ҳар қонуни вазъкарданӣ мамнӯъ аст? На. Мо як қонуне дорем ба номи қонуни дин. Дин таклифи мардумро барои ҳамаи замонҳо равшан кардааст, қонунҳои куллӣ баён кардааст. Вале бархе мавориди ҷузъӣ пеш меояд, ки дар он маворид, мардум ҳақ доранд бо таваҷҷӯҳ ба қонуни куллии илоҳӣ қонун вазъ кунанд. Аз ин рӯ, мо мегӯем, қонуни асосӣ дорем. Дар қонуни асосии мо қатъӣ ва мусаллам шудааст, ки як ҳайъате, ки аз панҷ нафар камтар набошад ва афроди он муҷтаҳид ва ориф ба муқтазаёти замон бошанд, бояд нозир бошанд, ки қонунҳое, ки маҷлис (порлумон) тарҳ мекунад, интибоқ бо қонунҳои исломӣ дошта бошад. Қонуне, ки вазъ мешавад, агар хилофи қонуни асосӣ буд, ҷилавашро бигиранд, ва агар мувофиқ буд, на. Ва мисол зикр мекунанд, мегӯянд: маънои қонуни исломӣ ва қонуни динӣ ин нест, ки мардум дар тамоми ҷузъиёти зиндагии худ бояд бираванд бибинанд, ки дар Қуръон ё суннат ин ҳукм чӣ гуна баён шудааст. Масалан, авзоъи шаҳрҳо тағйир мекунад, васоили нақлияи ҷадиде ба кор меояд. Мардум эҳтиёҷ доранд қонунҳое дошта бошанд, ки он қонунҳо вазъи ронандагиро муназзам кунад, чун агар бино бишавад ронандагӣ қонун надошта бошад, ҳар лаҳза ҳазорҳо тасодуф рух медиҳад. Бояд қонун дошта бошад. Инҳо ҷузъи умуре аст, ки ислом онҳоро ба худи мардум тафвиз кардааст. Назири ин аст, ки падар дар дохили хонаводаи худаш ҳақ дорад як силсила муқаррарот вазъ кунад. Қонуни Худо ин аст, ки падар раиси хонавода аст ва ҳама бояд амри ӯро итоат кунанд. Қонуни дигар ин аст, ки падар ҳаққи ҳукумат дорад, вале ҳаққи таҳаккум надорад; раиси хонавода аст, ҳақ дорад дар ҳудуди масолеҳи хонаводагӣ амру наҳй кунад, вале ҳаққи зӯргӯӣ надорад, яъне ҳақ надорад, ки бар хилофи масолеҳи хонаводагӣ рафтор кунад. Аммо оё Худо дар мавриди умури ҷузъии дохили хонавода ҳам қонун вазъ кардааст, ки масалан падар ин корро бикунад ва он корро накунад? На, Худо мегӯяд: эй фарзандон! Аз падаронатон итоат кунед, ва эй падарҳо! Одилона бо афроди хонавода рафтор кунед.

Мисоли дигар: аз қадим дар ҳаммомҳо ҳаммомиҳо барои худашон қонун вазъ кардаанд, ки вақте мехоҳед дохили хазона бишавед, ин корро бикунед. Оё ҳаммомӣ ҳақ дорад барои дохили ҳаммомаш қонун вазъ кунад ё бояд бигӯем:

إِنِ الْحُكْمُ إِلاَّ لِلّهِ

Яъне, қонунро бояд Худо вазъ кунад? Ҳаммомӣ дар дохили ҳаммомаш ҳам наметавонад қонун вазъ кунад? Бале, қонунро бояд Худо вазъ кунад. Худо мегӯяд, агар касе раиси як муассисае буд, ҳақ дорад бар тибқи масолеҳи худаш, барои он муассиса муқаррароти оқилонае вазъ кунад. Бар мардуми дигар ҳам лозим аст, ки он муқарраротро итоат кунанд.

Инҳо дар умури ҷузъӣ аст. Аммо дар умури куллӣ, ҳамон тавр, ки гуфтем, ҳар мамлакате эҳтиёҷ ба мудир ё ҳайъати мудирае дорад. Ин ки он ҳайъати мудира бихоҳанд қонунҳоеро дар муқобили қонунҳои Худо вазъ кунанд (мисли ин ки Худо гуфтааст, ихтиёри талоқ бо мард аст, ва қонун ихтиёри талоқро ба зан бидиҳад) дуруст нест. Аммо инҳо дар ҳудуде, ки таклиф иқтизо мекунад, ҳақ доранд муқарраротеро вазъ кунанд, ки дар воқеъ вазъи қонуни ҷузъӣ аст, ки бо қонуни куллии илоҳӣ татбиқ кунад. Бале, агар бихоҳанд ба он ихтиёри вазъи қонун бидиҳанд ба тавре, ки қонунҳои илоҳиро дар назар нагирад, саҳеҳ нест. Вале бо дар назар гирифтани қонуни илоҳӣ, вазъи қонун барои мавзӯоти ҷузъӣ монеъе надорад. Масалан, қонуне вазъ мекунанд, ки оё муҳассил ба хориҷ бифиристем ё на? Ин чизе нест, ки ҳукмаш дар ислом баён шуда бошад, вале Қуръон як усули куллӣ зикр кардааст. Масалан, дар боби илм аз он ҷиҳат, ки илм аст, баён шудааст, ки оё илмро агар дар дасти ғайримусалмон дидем, метавонем бигирем ё на? Дар ин маврид як ҳадис нест, балки даҳҳо ҳадис аст, ки мегӯяд, бигир:

الحكمة ضالّة المؤمن

Ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст…”

يأخذها أينما وجدها

Ҳар ҷо онро бибинад, мегирад.” Дар баъзе ҷоҳо тасреҳ дорад, ки ҳикматро ҳар ҷо дидед, бигиред —

ولو من مشرك

Агарчӣ дар дасти кофир бошад.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 80, қариб ба ин иборат) Ин ҷо таклиф муайян аст. Он вақт мавзӯоти дигаре пеш меояд. Масалан, фарз кунед, мо вақте муҳассил ба хориҷ мефиристем, он ҷо гумроҳ мешаванд. Ин ҷо бояд дид, иллати гумроҳ шуданашон чист. Тантовӣ дар тафсираш (ба нақл аз як устоди ғарбӣ) мегӯяд: як вақте бо иддае аз шогирдони араб — ки гӯё мисрӣ будаанд — сару калла мезадам. Як рӯз рафта будем берун. Замистон буд ва ҳаво хеле сард буд ва яхи нисбатан захиме баста шуда буд. Як вақт дидам дар ин ҳавои сард, ин донишҷуён дастҳоро боло заданд, яхҳоро шикастанд ва дар он оби сард аввал дасташонро шустанд, баъд сураташонро ва баъд ин дасту он даст, ва дасте ба сар кашиданд ва поҳоро ҳам шустанд ва баъд ҳам истоданд ба анҷоми як амале, ки ибодаташон буд… (афтодагӣ дар навор) Баъд гуфт: эй вой! Инҳо омадаанд илми моро бигиранд, дини худашонро ҳам ҳифз кардаанд. Инҳо як ҳисоби дигаре аст.

Агар башар ҳатто ин миқдор ҳам ҳаққи вазъи қонун дар масоили ҷузъиро надошта бошад, ин дигар ҷумуд аст ва дуруст мисли ҳарфи ахбориҳо аст, ки мегӯянд: мо эҳтиёҷ ба муҷтаҳид надорем ва ба ахбор муроҷеа мекунем. Дар ахбор, куллиёти масоил баён шудааст ва муҷтаҳид бояд фикрашро ба кор биандозад ва ба ҳамон наҳв дар масоили ҷузъӣ ҳукм бидиҳад.

Пас, агар ҳайъати мудирае бихоҳанд барои худашон низомномае тибқи қонунҳои куллӣ вазъ кунанд, ин аз назари мо ишколе надорад. (2)

* * *

Поварақӣ:

(1) Меомаданд дари хонаи мардум, мегуфтанд, оё медонед машрутият чист? Агар мамлакат машрута бишавад, нонҳои сангаки бузург бо кабоб ба хонаи шумо меоваранд. Як марди соддалавҳе мегуфт: аҷаб! Машрута яъне шумо мехоҳед Машрутахонумро биёваред ин ҷо ва ӯро подшоҳ кунед! Ва аз ин ҷараёнҳо зиёд будааст, ки на он касе, ки ба нафъи машрутият мубориза мекард, мефаҳмид чӣ мегӯяд ва на он касе, ки ба нафъи истибдод кор мекард, мефаҳмид дунболи чӣ меравад.

(2) Хонандаи мӯҳтарам таваҷҷӯҳ дорад, ки дар ин баҳс, манзур аз машрутият, низоми ҳукуматӣ аст, ки дорои маҷлиси қонунгузорӣ аст, на машрутаи салтанатӣ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: