Перейти к содержимому

Кашиши омрикоӣ дар Туркия озод шуд

Ондру Брунсун (Andrew Brunson), кашиши омрикоӣ, ки ба иттиҳоми ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои теруристӣ дар шаҳри Измири Туркия боздошт шуда буд, бо ҳукми додгоҳ озод шуд.

Дирӯз (12.10.2018) бо баргузории чаҳорумин ҷаласаи додгоҳи ин ҷосуси омрикоӣ, ки дар қолаби кашиш, аз ҳудуди 20 сол пеш дар Туркия зиндагӣ ва фаъолият мекард, ҳукми ҳабси хонагӣ ва мамнӯъулхуруҷии вай низ лағв шуд. Вай, пас аз моҳҳо кашмакаш байни Туркия ва Омрико, баъд аз ду соли боздошт ва ҳабси хонагӣ, озод шудааст.

Бархе расонаҳои Туркия эълом карданд, ки пас аз озодии Брунсун, таҳримҳои Омрико алайҳи Туркия низ лағв мешавад.

Ондру Брунсун, кашиши омрикоӣ, дар шаҳри Измири Туркия таҳти муҳокима буд ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо кудетогарони Туркия, ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои теруристӣ, ҳамкорӣ бо гурӯҳи Гулен ва ПКК ва низ ҷосусӣ ба нафъи Омрико ва ба 35 сол зиндон маҳкум шуда буд ва аз 9-уми декабри 2016 то кунун дар боздошти муваққат буд.

Туркия борҳо ба дархости Омрико ва вакилони дифоъи ин кашиши маҳбус мабнӣ бар озодии вай аз зиндон, посухи манфӣ дод.

Брунсун дар ҳоле даврони боздошти муваққати худро мегузаронд, ки додгоҳи шаҳри Измири Туркия миёнаҳои моҳи август бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти ҷисмонии ӯ, ҳукми зиндони вайро ба ҳабси хонагӣ табдил кард.

Дар пайи табдили ҳукми боздошти муваққат дар зиндон ба ҳабси хонагии ин кашиш, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар паёми твиттерӣ таҳдид кард, ки ба далели боздошти тӯлонимуддати ин кашиш, Туркияро ҳадафи таҳримҳои сангин қарор медиҳад.

Вошингтун ба иллати озод нашудани Ондру Брунсун, ин кашиши омрикоии боздоштшуда дар Туркия, Абдулҳамид Гул, вазири додгустарӣ ва Сулаймон Суйлу, вазири кишвари Туркияро, ки нақши меҳварӣ дар боздошт ва муҳокимаи ин кашиш доштанд, таҳрим кард ва Онкоро низ ба таври мутақобил вузарои кишвар ва додгустарии Омрикоро таҳти таҳрим қарор дод.

Ройзанӣ ва музокираи мақомоти Туркия ва Омрико барои ҳалли ихтилофи ба вуҷуд омада дар пайи зиндонӣ шудани ин кашиши омрикоӣ ва иқдоми мутақобили ду кишвар дар таҳрими вузарои кишвар ва додгустарии ҳамдигар идома ёфт, вале бо радди дархости аввали Омрико барои озодии вай аз сӯи додгоҳ ва низ давлати Туркия, раисиҷумҳури Омрико таърифаи воридоти фӯлод ва олуминиюм аз Туркияро дубаробар карда ва бар шиддати танишҳо афзуд.

Боло гирифтани таниш дар равобити Онкоро ва Вошингтун, хасорати сангин бар бозори Туркия ворид ва арзиши пули миллии ин кишвар дар баробари арзҳои хориҷӣ ба вежа дулор ва евро ба шиддат коҳиш ёфт, ба тавре, ки тайи ин муддат, қимати ҳар дулор ба нархи бесобиқаи 7 лир ва евро ба 8 лир расид, ки ин мизон дар муқоиса бо қиматҳои аввалҳои соли ҷорӣ аз коҳиши беш аз 80 дарсадии қимати лир дар баробари дулор хабар медод.

Музокироти тарафайн ва суханони нарми Ардуғон ва ҳамчунин иттихози тадобири иқтисодӣ аз сӯи Онкоро ва эҳтимоли озодии Брунсун, мӯҷиб шуд, то ҳудуде аз илтиҳоби бозори арз коста шавад ва имрӯз қимати дулор 5.9 ва қимати евро 6.8 лир дар саррофиҳо хариду фурӯш мешавад.

Пешбинӣ мешавад, дар сурати озодии Брунсун, арзиши лири Туркия миқдоре тақвият шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: