Перейти к содержимому

Мизони талоши мо барои озодӣ, ба миқдори эҳсоси ниёзамон ба он аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Як лаҳза худро дар биёбоне беобу алаф, ташна ва бо лабони хушк тасаввур кунем.

Дар чунин ҳолат, саъйу талоши мо барои расидан ба оби гуворо чӣ гуна хоҳад буд? Оё ин ташнагӣ моро ба ҳар тараф барои пайдо кардани об нахоҳад кашонд? Оё бо тамоми тавон дар ҷустуҷӯи об нахоҳем кӯшид?

Бале, то ҷон дар бадан дорем, барои расидан ба оби гуворо талош хоҳем кард; бо тамоми мушкилиҳо мубориза хоҳем бурд ва ҳар монеъеро аз сари роҳи худ хоҳем бардошт.

Чаро? Чун ташнаи об ҳастем ва медонем, ки ҷисми мо ба об сахт ниёз дорад ва бидуни он хоҳем мурд.

Яъне, мо, инсонҳо ҳар гоҳ ниёзманд ва ташнаи чизе бошем, барои ба даст овардани он саъйу талош хоҳем кард. Ва мизони саъйу талошамон ҳам, ба миқдори ниёзамон хоҳад буд.

Пас, агар касе барои ба даст овардани чизе талоше намекунад, маълум мешавад, ки ё аз он чиз саршору сероб аст ва ё онро аслан барои ҳаёти худ нолозиму нодаркор ва худро аз он бениёз медонад.

Бинобар ин, агар ҷомеъае барои озодиву сарбаландӣ талоше намекунад, натиҷа мегирем, ки ё зиндагӣ ва шароити феълии худро таъминкунандаи ниёзаш ба озодиву сарбаландӣ мебинад, ва ё аслан озодиву сарбаландиро барои зиндагии худ як чизи нолозиму нодаркор мешуморад ва худро бениёз аз он медонад.

Пас, мизони талоши мо барои расидан ба озодӣ, ба миқдори эҳсоси ниёзамон ба он аст.

Агар мо имрӯз озод нестем, ё онро дорем ва дигар талоше намекунем, ё онро надорем ва аслан лозимаш намешуморем.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: