Перейти к содержимому

Муомилаи Тромп бо валиаҳди саудӣ дар қазияи Хошуқҷӣ

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, охирин қисмат аз сериёли ҷиноии рабуда шудани Ҷамол Хошуқҷӣ ва албатта муҳимтарин сенориюи онро бозӣ кард. Хошуқҷӣ, нависандаи машҳур ва муъоризи арабистонӣ аст, ки сешанбеи ҳафта гузашта бо вуруд ба консулгарии кишвараш дар Истонбул, нопадид шуда ва ҳанӯз нишонае аз хуруҷи зиндаи ӯ ё ҷасади қитъа-қитъашудааш аз он ҷо вуҷуд надорад.

Қабл аз ин ки дар бораи суханони Тромп — ки барои мо ва шояд хелеҳо ҳайратовар буд — сӯҳбат кунем, мехоҳем таъкид кунем, ки раисиҷумҳури Омрико рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи маҳбуби худ, Fox News, ду бор дурӯғ гуфт: нахуст, ҳангоме, ки гуфт, муҳаққиқони омрикоӣ дар ҳоли ҳамкорӣ бо Онкоро ва Риёз ҳастанд, то ба ҳақоиқе дар бораи сарнавишти Хошуқҷӣ даст ёбанд. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Туркия билофосила иддаои раисиҷумҳури Омрикоро такзиб ва таъкид карданд, ки ин имкон вуҷуд надорад, ки ба муҳаққиқони омрикоӣ ё дигарон барои мушорикат дар раванди таҳқиқот дар бораи сарнавишти Хошуқҷӣ иҷозаи вуруд диҳем, чун муҳаққиқони туркияӣ барои ин кор кифоят мекунанд.

Аммо масъалаи дуввум ин ки: ҳамдардии ӯ бо қурбонӣ сард ва холӣ аз ҳар гуна ҳаяҷону эҳсос буд, илова бар ин ки ошуфтагии каломаш ҳам комилан ошкор буд, зеро аз ҳамкорӣ бо Туркия ва Арабистон мегӯяд, дар ҳоле, ки ҳатто то кунун чизе аз таҳқиқоти Арабистон дар бораи қазияи Хошуқҷӣ нашунидаем, далеле барои гиҷӣ ва дастпочагии Тромп ва бемайлии ӯ дар ба забон овардани як ҳарфи муфид ва таъйинкунанда дар бораи ин нависандаи барҷастаи арабистонӣ вуҷуд надорад.

Раисиҷумҳури Омрико дар бораи ин моҷаро, амалан ба ин қазия иктифо кард, ки аз Хадиҷа Чингиз, номзади Хошуқҷӣ, барои рафтан ба Кохи сафед ва акс гирифтан бо ӯ дар он ҷо даъват ба амал оварад.

* * *

Мо ба муҳимтарин нуқта бозмегардем, ки таъйид мекунад, давлати Тромп дар тангно гирифтор омада ва намехоҳад иқдоме алайҳи Арабистони Саудӣ анҷом диҳад, ҳатто агар дахолати саудӣ дар ин қазия собит шуда бошад.

Дар ҳамин мусоҳиба, раисиҷумҳур Тромп дар мавриди хостаи сенотурҳо барои таваққуфи фурӯши силоҳ ба Риёз гуфт: “Фикр мекунам, ин ба мо латма мезанад… Алъон кишвар эҳтимолан дар вазъияти иқтисодии беҳтар аз замони дигаре аст. Бахше аз он, ба воситаи системҳои дифоъии мост ва ҳама ба дунболи харидани онҳо ҳастанд, ва сареҳ бигӯям, ки фикр мекунам, ин (дархости сенотурҳо) қурсе аст, ки ҳазми он барои кишвари мо бисёр-бисёр душвор хоҳад буд…”

Тромп афзуд: “Манзурам ин аст, ки (сенотурҳо) бо ин кор, бар мо асари манфӣ мегузоранд… Ман бояд аввал бифаҳмам, ки чӣ иттифоқе афтодааст ва дорем ин корро анҷом медиҳем. Дигарон ҳам доранд ин корро мекунанд, туркҳо доранд баррасӣ мекунанд, чанд кишвари дигар ҳам доранд баррасӣ мекунанд, афроде бисёр омода. Таҳу туяшро дархоҳем овард… Аз ин ки худамонро пойбанд кунем, хушам намеояд, хеле зуд аст.”

Ин ибороте, ки дар суханони Тромп омада, бисёр муҳим аст ва нишон медиҳад, талоши воқеии кунунӣ, авлавиятро ба ин додааст, ки як муомилаи маҳрамонае бар сари ҷасади қитъа-қитъашудаи Хошуқҷӣ сурат гирад, на ин ки муаммои он ҳал шавад.

Аз ин рӯ, як коноли тамоси фаъоле байни се мақоми омрикоӣ бо Муҳаммад бен Салмон — валиаҳди саудӣ эҷод шуда, ки аз тарафи омрикоӣ Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллӣ, Ҷуред Кушнер, домоди Тромп ва мушовири вай ва Моёк Помпео, вазири хориҷаро шомил мешавад.

Ҳамзамон, як коноли тамоси маҳрамонае ҳам байни Туркия ва Арабистон барқарор аст ва ахбори расида ҳокӣ аз ин аст, ки давлати Туркия ба дунболи тақобул бо Арабистон дар қазияи Хошуқҷӣ нест, балки дар садади дастёбӣ ба роҳи ҳалли миёнае барои файсала додан ба ин масъала аст.

Нигоҳе ба вокуниши матбуоти Туркия ба қазияи Хошуқҷӣ нишон медиҳад, ки матбуоти наздик ба Ҳизби адолат ва тавсиъаи ҳоким бар ин кишвар, бар хилофи матбуоти омрикоӣ дар бархӯрд бо ин ҷиноят ва таҳаввулоти перомуни он тайи ду рӯзи гузашта, оромтар шудааст.

Рӯзномаи “Сабоҳ”-и Туркия дар шумораи рӯзи панҷшанбеи худ навишт: “Дар чамадони тими амниятии Арабистон — ҳангоме, ки фурудгоҳи байналмилалии Истонбулро бо ду ҳавопаймои ихтисосӣ тарк мекарданд — аз сӯи дурбинҳои контроли амниятии фурудгоҳ асаре аз тиккаҳои ҷасади инсонӣ мушоҳида нашудааст.” Бо ин ҳисоб, таҳқиқоти нимакомилшуда дар бораи эҳтимоли қитъа-қитъа шудани ҷасади Хошуқҷӣ, ба ҳам рехта ва ба дунболи сохтани сенориюҳои ҷадид ҳастанд.

Шабакаи NBC-и Омрико низ рӯзи панҷшанбе ба нақл аз се манбаъи огоҳ ба раванди таҳқиқоти Туркия дар бораи қазияи Хошуқҷӣ, гуфт: “Онкоро ба Вошингтун паём дода, ки дастгоҳҳои шунуд дар дохили консулгарии Арабистон дар Истонбул ва садоҳои забтшуда аз он ҷо, собит мекунад Хошуқҷӣ ба дасти як тими амниятии мутахассиси саудӣ, ки аз Риёз барои анҷоми ин маъмурият омада буданд, кушта шуд.”

Гузоришҳои дигар ҳокӣ аст созмони иттилооти Туркия мустароҳҳо ва лӯлаҳои фозилоби консулгарии Арабистонро мавриди баррасии комил қарор дода ва ба мадорику шавоҳиди ҷиноие даст ёфта, ки эҳтимолан аз асари хун дар он ҷо будааст.

Муҳимтарин масъала ин аст, ки созмони иттилооти Туркия номҳо ва тасвирҳои тими амниятии саудиро мунташир кардааст, ки муҳимтарини он, як коршиноси пизишкии қонунӣ аст, ки ба унвони пизишки қонунӣ дар Вазорати кишвари Арабистон кор мекунад, чеҳраи ӯ дар сафҳаи Фейсбукаш бо аксе, ки аз ӯ ҳангоми вуруд ба консулгарӣ ва хуруҷаш аз он ҷо гирифта шуда муқоиса шуда, ки бо якдигар татобуқ доштааст.

Ҳузури ин пизишк аломати суолҳои зиёдеро дар бораи нақши вай дар қазияи нопадид шудани Хошуқҷӣ матраҳ мекунад: оё ӯ барои колбадшикофӣ ё буридани ҷасади Хошуқҷӣ ба он ҷо омада ё маъмур буда сӯзандоруи беҳушӣ ба Хошуқҷӣ тазриқ кунад, то назири шоҳзодагони мӯътариз ва дигар муъоризон ӯро иншаклӣ ба Риёз интиқол диҳанд?!

* * *

Хулоса ин ки: ду эҳтимол то ҳоли ҳозир дар бораи сарнавишти Хошуқҷӣ матраҳ аст, ки севвумӣ надорад: нахуст ин ки: оқои Хошуқҷӣ кушта шуда, аммо сарнавишти ҷасад ва макони он ҳамчунон номаълум аст.

Дуввум ин ки: ӯ зинда рабуда шуда ва ба Риёз интиқол дода шудааст ҳамчун иттифоқе, ки барои бархе шоҳзодагони мӯътариз ва муъоризони саудӣ то кунун рух дод ва бархе аз онҳо сипас ба қатл расида ва бархе дигар таҳти иқомати иҷборӣ қарор гирифтанд.

Як дӯсти бисёр наздик ба Хошуқҷӣ – ки аз асрори ӯ аз ҷумла асрори бисёр шахсии ӯ бохабар аст — бо итминони комил, бароямон таъкид кард, ки далели аслии ин ки созмони иттилооти Арабистон тасмим ба аз байн бурдани Хошуқҷӣ гирифт, тамоюли вай барои таъсиси як ниҳоди ҳуқуқи башарӣ бо номи “Алфаҷр” буд, ки қарор шуда буд мақарри он Истонбул бошад ва худи Хошуқҷӣ дабири кулли он шавад, ба тавре, ки шумори зиёде аз шахсиятҳои арабӣ ва арабистонии муъориз дар он ҳузур дошта ва таҳти назорати расмии мақомоти аршади Туркия кор кунанд.

Мақомоти Арабистон бар ин боваранд, ки гузари замон ва ба дарозо кашидани раванди таҳқиқот дар бораи қазияи Хошуқҷӣ, аз шиддати таваҷҷӯҳоти ҷаҳонӣ, арабӣ ва расонаӣ ба ин ҷиноят, кам мекунад ва ба назар мерасад Тромп ва мушовиронаш ҳам ин муҳосиботро таъйиду ташвиқ мекунанд.

Ғарбиҳо ба дунболи манофеъи худашон ҳастанд; Олмон аз Арабистон узрхоҳӣ кард, Испониё аз тасмими худ дар таваққуфи фурӯши силоҳ ба Риёз дар эътироз ба ҷанги Яман, мунсариф шуд ва Конодо ҳам ба зудӣ ҳамин роҳро дунбол мекунад, он ҳам пас аз ин ки сафири он дар Риёз аз дахолати давлаташ дар умури дохилии Арабистон аз ҷумла дархост барои озодии зиндониҳо, узрхоҳӣ кард.

Ба таври хулоса бояд гуфт: назди бештари давлатҳои ғарбӣ бидеҳ бистонҳо бар ҳуқуқи башар тақаддум дорад агар нагӯем аслан эҳтироме ба ҳуқуқи башар вуҷуд надорад, ва агар истисноҳое ҳам вуҷуд дорад, бисёр андак аст. Касоне, ки ба ғайри ин мӯътақиданд, ҳукуматҳои ғарбӣ ва ба хусус Омрикоро намешиносанд. Агар тардид доранд, бори дигар ба айни изҳороти рӯзи панҷшанбеи Тромп муроҷиа кунанд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: