Перейти к содержимому

Нишасти намояндагони Толибон ва давлати Афғонистон дар Арабистони Саудӣ

Аъзои Толибон муддаӣ шуданд, ки чанде пеш миёни намояндагони ин гурӯҳ ва намояндагони давлати Афғонистон дар Арабистон нишасте дар ростои ҳалли бӯҳрони фимобайн баргузор шудааст.

Дар ҳоле, ки наздик ба як ҳафта ба интихоботи порлумонии Афғонистон мондааст, чанд тан аз аъзои гурӯҳи теруристии Толибон аз ҳузур дар Арабистони Саудӣ ва дидор бо намояндагоне аз давлати Афғонистон хабар доданд.

Ба навиштаи рӯзномаи Алараб, дар ин нишаст, ки чанде пеш баргузор ва таърихи он дақиқан зикр нашудааст, дар хусуси иҷрои интихоботи порлумонӣ ва озодии чанд тан аз зиндониён баҳсу гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Се тан аз масъулони Толибон ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки намояндагони ин гурӯҳ дар ҳафтаи гузашта бо ҳайъати давлати Афғонистон дидор кардаанд ва онҳо аз ҳайъати Толибон хостаанд, то давлатро дар иҷрои интихобот ёрӣ кунанд.

Ба иддаои ин се нафар, давлати Афғонистон низ бо озодии зиндониёни Толибон мувофиқат кардааст.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шудааст, ки интихоботи порлумонии Афғонистон қарор аст дар таърихи 20 октябр баргузор шавад ва ба навиштаи рӯзномаи Алараб, ҳузури намояндагони Толибон нишон аз таҳаввул дар мавзеъи ин гурӯҳ дар қиболи раванди сиёсӣ аст ва метавонад рахнае умедворкунанда дар парвандаи бӯҳрони тӯлонимуддати Афғонистон бошад.

Алараб дар идома навишт, ки Арабистон дорои вазни сиёсӣ ва диплумотик аст ва метавонад воситаи мавриди қабул барои тарафайни низоъ дар Афғонистон бошад; ба хусус пас аз ин ки талошҳо барои найл ба сулҳ бо воситагарии Қатар ба шикаст мунҷар шуд ва Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури вақти Афғонистон дар хусуси бетарафии Дуҳа тардид дошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: