Перейти к содержимому

ТС ё чаро мо бояд забонамонро ҳафт ҷо бишканем?

Ба қалами Умед Ҷайҳонӣ

Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудаанд, дар банди “Имлои ҳамсадоҳо” муқаррар мекунанд:

11) Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфи с (пеш аз садонок ва дар дохили калима пас аз ҳамсадо) ва ҳарфҳои тс (дар байни ду садонок) навишта мешавад: семент, сирк, консерт, конститутсия, дотсент, милитсия ва ғ.”

Дигар мардумон вожаҳои бегонаро бо табиату қоидаҳои сарфу наҳву овоии забони худашон созгор мекунанд. Вале ин банд аз “Қоидаҳои имло” забони моро гӯише аз забони русӣ мегардонад, зеро моро водор мекунад, ки забонамонро шикаставу вожаҳои конститутсия, дотсент, милитсия ва политсияро русиёна бозгӯ кунем.

Медонем, ки овози “ц” дар забони порсии бостон вуҷуд доштааст, вале дар забони порсии миёна ҷояшро ба “с” додааст. Барои намуна, дигаргунии вожаи “писар”-ро дар гузори 4 ҳазор сол – аз забони ҳиндуэронӣ то форсии имрӯз ва забонҳои хешовандаш – пайгирӣ мекунем:

— форсии имрӯз: писар;

— порсии дарӣ: pus(ar);

— порсии миёна: pus;

— порсии бостон: puça;

— эронии бостон: puθra;

— ҳиндуэронӣ: putra, аз puθra;

— дар авестоӣ низ: puθra;

— дар паҳлавӣ: puhr;

… рӯидаанд, ки ҳамин puhr дар форсии дарӣ пур (дар Шопур) гаштааст, аз ҳамон puθra;

— дар забонҳои эронии шарқӣ ин вожаҳо рӯидаанд: осӣ: furt, хоразмӣ: ’pr, сакоии хутан: pūra, балхӣ: πουρο (пуҳр), мунҷонӣ: pūr; йидға: pūr, pūl̥; шуғнӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ: puc; сарикӯлӣ: půc; язгуломӣ: poc; вахонӣ: pərt.

Чуноне ки аз ин додаҳо бармеояд, камобеш 2 ҳазор соле пеш аз ин овози «ц» дар гузор аз забони порсии бостон ба порсии миёна «с» гаштааст. Овози «ц» танҳо дар чанде аз забонҳои помирӣ боз мондааст.

Дар забони эронии бостон пасванди “-ya | -iya” ҳам барои сохтани сифат ва ҳам пасванди нисбӣ буда, ки дар забони авестоӣ низ ба сурати “-ya” меояд. Ин пасванд дар порсии бостон ба сурати “-iya” ва барои мансуб сохтан ба макон ба кор мерафта, чунон ки дар “Armaniya”, “Asagartiya” омадааст. Ин пасванд дар порсии миёна “-“ мегаштааст ва сипас аз миён мерафтааст. Чунон ки, масалан, ҷойноми бостонии “Yautiya” дар порсии миёна “Jōdi” ва дар порсии нав “Jūdaki” гаштааст. Ин дигардисӣ қоида буда ва барои ҳама маворид сидқ мекунад. Чунончи, ҳамин акнун ҳам мо милицияро милиса ва полицияро пулис мегӯем.

Вале он банд аз Қоидаҳои имло таҳаввулеро, ки дар забони мо 2 ҳазор сол пеш рух дода, нодида гирифта ва онро пойбанди забони русӣ кардааст. Мо ниёзе ба он вомвожаҳои русӣ надорем, зеро баробарашонро дорем (конститутсия = қонуни асосӣ, дотсент = донишёр, милитсия ва политсия = шаҳрбонӣ).

Пас хирадпазир ҳам нест, ки забонамонро шикаста ҳамаҷо “ц”-ро “ТС” бигӯем. Номҳоро метавон аз ин маврид истисно кард. Вале ниёзе нест, ки номҳои чиниҳову олмониҳову дигар мардумонеро, ки дар русӣ бо “ц” менависанд, мо ҳам русиёна бинависем. Чунончи, Цукерберг, ки аслан Zuckerberg аст, [ˈzʌkəbɜːɡ] гуфта мешавад, ки овонависияш ба забони мо Зокирберг, бар вазни Зокирбек, мешавад. Ханда ҳам надорад! Цюрих, ки ба забони олмонӣ Zürich навишта ва [ˈtsyːrɪç] гуфта мешавад, ба забони мо Зӯрих, бар вазни зӯрӣ, вогуфта мешавад, на Тсюрих. Номи раҳбари Чинро ба забони мо бояд Си Ҷинпин навишт, на Си Тсзинпин. Номи нахуствазири Чинро ҳам бояд Ли Кечиян навишт, на Ли Кетсян. Ҳамин Чин худ номест, ки ниёкони суғдиямон бар он кишвар ниҳодаанд ва камобеш 1800 сол пешина дорад: čīn — ts‘in — *dz‘ien ‘чинӣ, мардуми Чин’.

Яъне ниёконамон 1800 сол пеш ҳам вожаҳои бегонаро бо забони худ созгор мекардаанд. Пас мо низ бояд ҳамон равишро пеш гирем ва вожаҳои бегонаро бо забони худамон созгор кунем, на забонамонро бо вожаҳои бегона.

Манбаъ: Фейсбук, гурӯҳи Вожаҷӯ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: