Перейти к содержимому

Алим Шерзамонов: “Интиқоли хонаводагии қудрат, решаи аслии бӯҳрони Бадахшон”

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар мусоҳибае, бо баёни ин ки “ҳукумат аз тариқи набард ба қудрат расида ва қудраташро низ аз тариқи зӯр мустаҳкам кардааст”, гуфт: “Бадахшон охирин нуқтаи Тоҷикистон барои мустаҳкам кардани қудрати Раҳмон аст.”

Машрӯҳи мусоҳибаи Алим Шерзамонов:

— Дар мавриди вазъияти Бадахшон ва ба вежа нооромиҳое, ки ба вуҷуд омадааст, матолиби бисёре гуфта мешавад. Шумо ба унвони шахсе, ки муддатҳо дар Хоруғ фаъолияти сиёсӣ доштаед, решаи аслии ин масоил, ба хусус ҳодисаҳои соли 2012-ро дар чӣ мебинед?

— Ҳамон тавр, ки ҳама медонем, ин режим бо набард ба сари қудрат расида ва тӯли даврони ҳукмрониаш танҳо коре, ки Раҳмон сурат дода, мустаҳкам кардани қудрати худ аз тариқи эъмоли зӯр будааст. Охирин нуқтае дар Тоҷикистон, ки барои мустаҳкам кардани қудрат боқӣ монда, танҳо ҳамин Бадахшон аст ва мебинем, ки ҳар аз гоҳе як бор масъалаи Бадахшон рӯи сархатти ахбор меояд. Ин иттифоқот на танҳо дар соли 2012, балки борҳо ба вуқӯъ пайваста ва то замоне, ки чунин рӯйкарде ҳоким аст, ба поён низ нахоҳад расид.

— Ҳукумати Тоҷикистон маъмулан бондҳои қочоқи маводди мухаддир ва гурӯҳҳои теруристиро омили бархӯрдҳои амниятии худ муаррифӣ мекунад. Оё воқеан ангезаи ҳукумат аз иқдомоти сиёсӣ ва амниятӣ нисбат ба Бадахшон, ҳамин масъала аст ё омилҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад?

— Бале, баҳонаи доимии мақомоти Тоҷикистон нисбат ба ин минтақа, ҳамин маврид буда ва ҳаст. Зеро ки Бадахшон бо Афғонистон, ба унвони як минтақаи ноором ва аслитарин таъминкунандаи маводди мухаддир, беш аз 1400 километр марз дорад ва табиӣ аст, ки қочоқи маводди мухаддир як баҳона аст; чаро ки Бадахшонро наметавон бо мавориде аз қабили ДОЪИШ, салафӣ ва Толибон муттаҳам кард; агарчӣ чунин талошҳоеро нисбат ба бархе ноҳияҳое монанди Ванҷ ва Язгулом матраҳ кардаанд.

Яке дигар аз омилҳои ин бӯҳрон, масоили пеши рӯи кишвар дар интиқоли қудрат аз падари ботаҷриба ба писаре, ки аслан тавоноии бархӯрд бо мушкилотро надорад, мебошад. Албатта, ҳангоми расидани қудрат аз падар ба писар, падар намехоҳад гургҳои борондидае мисли Ятимов (раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ) ва Бӯзмаков, дар канори Рустами ҷавон бошанд. Чун худаш борҳо афроде ҳамчун Яъқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев ва пеш аз он Сангак Сафаровро таҷриба карда буд ва медонад, ки бо мондани чунин женеролҳои борондида, Рустам ҷуз бозичае дар дасти онҳо нахоҳад буд. Аммо чун Ятимов фардест, ки пуштибонии кишварҳои қадратмандеро ба ҳамроҳ дорад, Раҳмон наметавонад ӯро ба роҳатӣ барканор кунад. Дигар ин ки, ин афрод дар бузургтарин фитнаҳои Раҳмон, аз иҷрокунандагони калидӣ будаанд. Ба унвони мисол, Бӯзмаков бевосита дар ҳазфи женерол Мирзо Зиё ва терури вазири собиқи корҳои дохилӣ, Муҳаммадназар Солеҳов дахлдор буда ва Ятимов тарроҳи асосии воқеаҳои Рашт, қатли Алӣ Бедакӣ ва аз ҳама муҳимтар, тарроҳи ҳазфи Ҳоҷӣ Ҳалим буд. Ин дуро бо ҳар роҳе, ки шуда бояд аз сари роҳи вориси қудрат, дур кунад.

— Ахиран Эмомалӣ Раҳмон зарбулаҷали якмоҳа барои расидагӣ ба вазъияти Бадахшон муайян кардааст, ки ба зудӣ ба поён мерасад. Нигарониҳое дар ин бора дар Бадахшон матраҳ шудааст. Аз вазъияти Бадахшон бигӯед, ки дар он ҷо чӣ хабар аст?

— Бале, имрӯз вазъият дар Хоруғ, ба далели ба поён расидани зарбулаҷали раисиҷумҳур, бисёр нигаронкунанда аст. То ҷое, ки мо иттилоъ дорем, Раҳмон фишори зиёде бар рӯи Ятимов (раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ) овардааст, ки масъаларо бо ҳар роҳе, ки шуда ҳал кунад. Ятимов низ хоҳ нохоҳ фитнаеро алайҳи яке аз афроди бонуфузи Бадахшон пайдо карда, то “падари миллат” имкони ба доди мардуми Бадахшон расиданро пайдо кунад ва ҳамзамон аз ин женеролҳо ворисашро халос кунад. Нофармонии “фармондеҳон”-и Бадахшон низ як афсонаи 26-солаи Раҳмон аст, ки ҳар аз гоҳе як бор аз он истифода мекунад. Агар ин “фармондеҳон” ҳам набуданд, ба далели он ки мардуми Бадахшон ақаллияти қавмӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, аз тариқи бозӣ бо эҳсосоти мардум ҳам ба осонӣ ва бо ҳазинаи кам ин амр сурат мегирифт. Чунин буд соли 1992, ки раҳбарони вақт бо эҳсосоти ин мардум майдони “Шаҳидон-ро ташкил доданд ва то ба имрӯз идома дорад. То он давра, ки дар Тоҷикистон сари қудрат Калашников аст, чунин бӯҳронҳое низ ҳар чанд вақт як бор такрор мешавад. Мутаассифона Бадахшон ҳамеша аз лиҳози камҳазина будан, ба унвони яке аз манотиқи осебпазир боқӣ мондааст.

Фикр мекунам, то вақте ки режими Раҳмон сари кор аст, амнияти Тоҷикистон ва ба вежа Бадахшон, осебпазир хоҳад монд ва сарфи назар аз ин ки ин бӯҳрон ба чӣ натиҷае бирасад, мутаассифона бӯҳронҳои амниятии бузургтаре дар интизори мо хоҳад буд.

— Аз созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ чӣ интизоре меравад? Оё иқдоме дар ин замина кардаанд?

— Аз созмонҳои байналмилалӣ чӣ интизоре дорем? Табиатан, эъмоли фишор ба ҳукумати Тоҷикистон ва таҳрими Раҳмон барои ҳалли масоил. Ҳафтаи пеш аз шурӯъи ин бӯҳрон, амниятиҳо намояндагони Созмони амният ва ҳамкории Урупоро аз Бадахшон берун карданд, вале ин созмон ҳатто эътирози расмӣ ҳам накард. Дигар чӣ интизоре?

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: