Перейти к содержимому

Роҳи наҷот аз бемории ҳасад

Ҳасад аз бемориҳои хатарноки ахлоқӣ аст, ки агар инсон ба дармони он напардозад, дину дунёи ӯро табоҳ мекунад. Ҳасад ин аст, ки шахси ҳасуд, наметавонад неъматеро, ки дар шахси дигаре вуҷуд дорад бибинад ва дӯст дорад ва орзу мекунад, ки ин неъмат аз ӯ гирифта шавад.

Дармони ин бемории ахлоқӣ бар ду асос устувор аст:

1) илмӣ;

2) амалӣ.

1) Роҳи илмӣ ин аст, ки шахси ҳасуд бояд рӯи ду чиз мутолеа ва диққат кунад: яке, паёмадҳои вайронгари ҳасад аз назари руҳу ҷисм, ва дигар, решаҳо ва ангезаҳои пайдоиши ҳасад. Яъне, ҳамон гуна, ки шахси муътод ба ҳеруин, бояд саранҷоми муътодонро баррасӣ кунад ва бибинад онҳо чӣ гуна саломату тандурустии худро аз даст дода ва зану фарзанду ҳайсияти иҷтимоии онҳо бар бод меравад ва бо дардноктарин вазъе дар ҷавонӣ ҷон месупоранд ва на танҳо касе аз марги онҳо нороҳат намешавад, балки марги ӯро саодате барои хонаводааш мешумуранд, ҳамин тавр ҳасуд бояд биандешад, ки ин бемории ахлоқӣ ба зудӣ ҷисми ӯро бемор мекунад, хобу оромишро аз ӯ салб мекунад ва ҳолае аз ғаму андӯҳ ҳамеша атрофи қалби ӯро гирифтааст, ва аз ин бадтар он ки рондашудаи даргоҳи Худо мешавад ва ба сарнавиште ҳамчун сарнавишти Иблис гирифтор меояд, ва тоза бо ҳамаи инҳо низ, наметавонад ба мақсуди худ яъне “заволи неъмати маҳсуд” бирасад.

Бешак, мурур бар ин осору паёмадҳо таъсири бисёр мусбате дар дармони ин бемории ахлоқӣ дорад. Ҳасуд бояд биандешад, ки агар маводди мухаддир саломати руҳу ҷисмро бар ҳам мезанад ва марги зудрасу риққатборро ба истиқболи ӯ мефиристад, ӯ низ илова бар бемориҳои ҷисмӣ ва равонӣ, охирати худро ҳам аз даст медиҳад. Инҳо аз як сӯ.

Ва аз сӯи дигар, дар бораи ангезаҳои ҳасад бояд биандешад ва решаҳои онро яке пас аз дигаре қатъ намояд. Агар дӯстони нобобу васвасаҳои онҳо ӯро ба ин водӣ кашондааст, бо онҳо қатъи робита кунад. Ва агар тангназарӣ ва бухл сарчашмаи ин разилаи ахлоқӣ бошад, ба мудовои онҳо бархезад. Ва агар ноогоҳӣ аз истеъдодҳои худ ва зарфиятҳое, ки барои тараққӣ ва пешрафт дар вуҷуди ӯст, ӯро гирифтори уқдаи ҳақорат ва ба дунболи он, ҳасад намудааст, ба дармони он рӯ оварад ва бо эътимод ба нафс, уқдаи ҳақоратро бигушояд ва разилаи ҳасадро аз худ дур созад.

Ҳасуд бояд рӯи ин нукта комилан фикр кунад, ки агар вақту нерӯеро, ки ӯ барои заволи неъмат аз маҳсуд ба кор мегирад, сарфи пешрафти худаш кунад, чӣ басо аз ӯ ҷилав биафтад. Ва ба таъбири дигар, бояд ангезаҳои ҳасадро ба ангезаҳои ғибта табдил кунад ва нерӯҳои вайронгарро ба нерӯҳои созанда мубаддал созад. Дар ривоят аст аз Алӣ (а), ки:

احترسوا من سورة الجمد والحقد والغضب والحسد، وأعدوا لكل شئ من ذلك عدة تجاهدونه بها من الفكر في العاقبة، ومنع الرذيلة، وطلب الفضيلة، وصلاح الآخرة، ولزوم الحلم

Худро аз шиддати бухлу кинаву ғазабу ҳасад дар амон доред ва барои мубориза бо ҳар як аз ин умур, василае омода созед, аз ҷумла тафаккур дар паёмадҳои бади ин сифатҳои разила ва роҳи дармон ва талаби фазилат аз ин тариқ.” (Ғурарул-ҳикам, шумораи 6806)

2) Аммо аз назари амалӣ, медонем такрори як амал тадриҷан табдил ба як одат мешавад, ва идомаи одат табдил ба малака ва сифати дарунӣ мегардад. Пас, агар ҳасуд ба ҷойи ин ки барои дарҳам шикастани эътибору шахсияти маҳсуд (яъне фарде, ки мавриди ҳасади ӯ қарор гирифтааст), ба тақвияти мавқеияти худаш бипардозад, ба ҷойи ғайбату мазамматаш ӯро ба хотири сифатҳои хубаш мадҳу ситоиш кунад, ва ба ҷойи талош дар тахриби зиндагии ӯ, худро омодаи ҳамкорӣ бо ӯ намояд – яъне, то мумкин аст нисбат ба ӯ муҳаббат кунад ва то он ҷо, ки дар ихтиёри ӯст, хайру саодати ӯро биталабад ва ба дигарон низ ҳамин умурро тавсия кунад — ба яқин такрори ин корҳо тадриҷан осори ҳасадро аз руҳи ӯ мешӯяд ва нуқтаи муқобили он, ки хайрхоҳӣ аст, бо як дунё нуру сафову руҳоният, ҷонишини он мегардад.

Уламои ахлоқ ба афроди тарсу барои аз миён бурдани ин разилаи ахлоқӣ тавсия мекунанд, ки дар майдонҳое, ки вуруд дар он шуҷоати фаровон мехоҳад гом бигузоранд ва ин корро бар худ таҳмил кунанд, то тадриҷан тарси онҳо бирезад ва шуҷоат ба сурати як одат дарояд ва сипас малака гардад.

Ҳамин гуна, ҳасуд бояд бо истифода аз зидди он, ба дармон пардозад, ки дармони ҳар беморӣ доруе аст, ки аз зидди он ташкил ёфтааст. Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) мехонем:

إِذَا حَسَدْتَ فَلَا تَبْغِ

Ҳангоме, ки ба касе ҳасад пайдо кардӣ, бар тибқи он амал накун…” (Танбиҳул-ғофилини Самарқандӣ, ҳ.103) Паёми ин ҳадис метавонад ин бошад, ки шояд ҳасодат варзидан ба касе дар ихтиёри инсон набошад ва нохоста дар зеҳну дили ӯ чунин ҳолате пайдо бишавад, аммо ба дунболи ҳасодат, мавзеъгирӣ кардан ва осори ҳасодатро иҷро кардан, коре накӯҳида аст. Ба ҳамин ҷиҳат, Паёмбари Акрам (с) тавсия фармуда, ки агарчи ҳасодат дар ту ҳаст, вале пайгирӣ накун ва барои ором сохтани худат, даст ба зулму таҷовуз назан.

Аз ҷумлаи умуре, ки дар дармони ҳасад бисёр муассир аст, розӣ ба ризои Ҳақ будан ва қонеъ ба зиндагии хеш гаштан аст. Дар хабар аст, ки:

مَنْ رَضِيَ بِحالِهِ لَم يَعْتَوِرْهُ الحَسَدُ

Касе, ки ба он чи дорад розӣ бошад, ҳасад домони ӯро намегирад”. (Ғурарул-ҳикам, шумораи 6808)

Ба ҳар ҳол, роҳи наҷот аз ин беморӣ тақво мебошад. Лозимаи ин ки инсон аз зиндагии ҳайвонӣ хориҷ шавад ва як зиндагии инсонӣ ихтиёр кунад ин аст, ки аз усули муайяну мушаххасе пайравӣ кунад, ва лозимаи ин ки аз усули муайяну мушаххасе пайравӣ кунад ин аст, ки худро дар чаҳорчӯби ҳамон усул маҳдуд кунад ва аз ҳудуди онҳо таҷовуз накунад ва он ҷо, ки ҳавову ҳавасҳои гузаро ӯро таҳрик мекунад, ки аз ҳудуди худ таҷовуз кунад, худро нигаҳдорӣ кунад. Номи ин худнигаҳдорӣ тақво аст. Инсон агар бихоҳад аз тарзи зиндагии ҳайвонӣ хориҷ шавад, ночор аст, ки тақво дошта бошад. Тақво, чӣ тақвои динӣ ва чӣ ғайри он, лозимаи инсоният аст ва худ ба худ мусталзими худдорӣ ва гузаштҳое аст.

Тақво, маҳдудият нест, масуният аст. Фарқ аст байни маҳдудият ва масуният. Масуният дафъи хатар мекунад. Агар ҳам номи онро маҳдудият бигузорем, маҳдудияте аст, ки айни масуният аст. Тақво барои руҳ, монанди хона аст барои зиндагӣ, ва монанди ҷома аст барои тан. Иттифоқан дар Қуръони Карим аз тақво ба ҷома таъбир шуда. Дар сураи муборакаи Аъроф, ояти 26 баъд аз он ки номе аз ҷомаҳои тан мебарад, мефармояд:

وَلِبَاسُ التَّقْوَىَ ذَلِكَ خَيْرٌ

Тақво (ки ҷомаи руҳ аст) беҳтару лозимтар аст.” Чизе, ки хатарро аз инсон дафъ мекунад ва инсонро аз хатарҳо ҳифз мекунад, масуният аст, на маҳдудият. Ва тақво чунин чизе аст. Таъбир ба масуният, яке аз таъбироти исломӣ аст. Дар “Наҳҷул-балоға” аст, ки:

ألا فصونوها وتصونوا بها

Яъне “тақворо ҳифз кунед ва ба василаи тақво, барои худ масуният дуруст кунед.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 191) Дар хутбаи 230 мефармояд:

فإنّ تقوى الله مفتاح سداد، وذخيرة معاد، وعتق من كلّ ملكة، ونجاة من كلّ هلكة، بها ينجح الطالب، وينجو الهارب، وتنال الرغائب

Тақво калиди дурустӣ ва андӯхтаи рӯзи қиёмат аст, озодӣ аст аз қайди ҳар риққият, наҷот аст аз ҳар бадбахтӣ. Ба василаи тақво инсон ба ҳадафи хеш мерасад ва аз душман наҷот пайдо мекунад ва ба орзуҳои хеш ноил мегардад.”

Тақво ба таври мустақим ба инсон озодӣ медиҳад, ӯро аз қайди бардагии ҳавову ҳавас озод мекунад, риштаи ҳирсу тамаъу ҳасаду шаҳвату хашмро аз гарданаш бармедорад, вале ба таври ғайримустақим дар зиндагии иҷтимоӣ ҳам озодибахш инсон аст. Агар инсон битавонад бар нафси худаш дар он ҳадд мусаллат бошад, ки бар ҷубну тарсуии худаш ҳам мусаллат бошад, бар бухлу ҳасаду хашму тамаъу озу ҳирси худаш мусаллат бошад, ин исмаш тақвост.

* * *

Манобеъ:

1) Даҳ гуфтор, с.27-30;

2) Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.6, с.169-171;

3) Ахлоқ дар Қуръон, ҷ.2, с.147-150.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: