Перейти к содержимому

Ёддоште, ки ҷигари одамро месӯзонад

Ёддошти Хадиҷа Чингиз, номзади Ҷамол Хошуқҷӣ дар рӯзномаи New York Times таҳти унвони “Номзадам, танҳо як миҳандӯст буд”

Ману Ҷамол дар моҳи май якдигарро дар конфронсе дар Истонбул мулоқот кардем. Ман бо кори ӯ ошно будам, зеро ба Ховари Миёна ва ҳавзаи халиҷи Форс алоқа дорам. Мо ним соат дар мавриди сиёсат гуфтугӯ кардем. Ӯ дар мавриди дигаргуниҳои фавқулъода дар Арабистони Саудӣ ва ин ки то чӣ ҳадд аз ин мавзӯъ нигарон шуда, сӯҳбат кард.

Мо гуфтугӯҳоямонро идома додем, то вориди робитаи эҳсосӣ бо ҳам шудем. Ман шахсияти ӯро меситоям; ҳушу шуҷоаташро барои тарҳи суолоти сиёсӣ дар ҷаҳон. Мо ҳар ду ҳисси муштараке ба демукросӣ, ҳуқуқи башар ва озодии баён доштем; усули бунёдине, ки ӯ барояшон меҷангид.

Хонаводаи ӯ аз шаҳри Қайсари Туркия буданд. Беш аз 30 сол ӯ ба унвони хабарнигор фаъолият дошт ва барои рӯзномаи “Алватан” ва “Арабнюз” кор мекард ва ба бархе аз масъулони баландпоя аз ҷумла Туркӣ Файсал Оли Сауд мушовира медод.

Ӯ ба шакли густурдае ба ҳама ҷойи ҷаҳон сафар мекард, аммо Арабистонро беш аз ҳар ҷой дӯст дошт. Бо ин ҳол, ҷое барои Ҷамол дар кишвараш боқӣ намонда буд ва ӯ бо ду чамадон аз ин кишвар дар ҳоле фирор кард, ки саркӯби шадиди чеҳраҳои фарҳангӣ ва фаъолони мунтақиди Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, оғоз шуда буд.

Ҷамол як ватанпараст буд. Вақте мардум бо унвони мухолиф аз ӯ ёд мекарданд, ӯ ин тавсифро рад мекард ва мегуфт: “Ман як хабарнигори озод ҳастам, ки аз қаламам ба нафъи кишварам баҳра мегирам.” Ӯ Арабистонро тарк кард, зеро ин танҳо роҳе буд, ки ӯ метавонист дар мавриди мавзӯот ва идеяҳои мавриди алоқааш сӯҳбат кунад ва бинависад ва бидуни ин ки шарофаташро лаккадор кунад, кор кунад.

Хуруҷи Ҷамол аз Арабистон, дар воқеъ, танҳо роҳи вай барои баёни назарот ва интиқодоташ буд.

Дар лаҳзаҳои парешонӣ, ӯ ба ёди дӯстони зиндониаш меафтод ва худро инчунин илтиём медод, ки “лоақал метавонам дар ҳоли ҳозир озодона дар бораи онҳо матлаб бинависам”. Акнун беҳтар мефаҳмам, ки ӯ чӣ мегуфт.

Дар мавриди Ҷамол шигифтангезтарин чиз, садоқат ва гармии ӯ буд. Ҳамон тавр, ки ман бештар бо ӯ ошно мешудам, ӯро на танҳо ба унвони рӯзноманигор ва мутафаккири таҳсиншудае, ки ҷаҳон мешинохташ медидам, балки як марди ҳассос медидамаш, ки дар саросари ҷаҳон бо ишқ ба кишвараш ҳаракат мекард. Ӯ ағлаб аз орзуҳояш барои қадам задан дар хиёбонҳои Мадина — ҷое, ки ӯ мутаваллид шуда буд — ва сӯҳбат кардан бо дӯстонаш сухан мегуфт.

Ӯ беш аз як сол дар Вошингтун ди си зиндагӣ карда ва кор кардааст. Дар воқеъ, ӯ бисёр эҳсоси танҳоӣ мекард. Як бор ба ман гуфт, ҳама чизе, ки ӯ аз шарики зиндагияш дар зиндагӣ хоста, ишқ, эҳтиром ва ҳамроҳӣ будааст.

Ишқи мо ва руъёҳои мо барои оғози як зиндагии ҷадид бо ҳам, ӯро аз Вошингтун ба Истонбул овард, то асноди мавриди ниёз барои издивоҷамонро ба даст оварад. Умед ба оғози як зиндагии шод, ба Ҷамол ангеза дод, то ӯ дар он баъд аз зуҳри сарнавиштсоз дар рӯзи 2 октябр, вориди сохтмони консулгарии Арабистон шавад.

Ҷамол ва ман руъёҳои зиёде доштем, аммо муҳимтарини он сохти як хона бо кӯмаки ҳам буд. Ба рағми мушкилоташ, ӯ ҳамеша саъй кард монанди як кӯҳ қавӣ боқӣ бимонад.

Субҳ ба консулгарии Саудӣ рафтем, то мадорикеро, ки талоқашро таъйид мекард, дарёфт кунем. Ман тасмим гирифтам, ки ба донишгоҳ наравам ва дар натиҷа бо ҳам сафар кардем. Намедонистем, чӣ қарор аст бишавад. Мақоми расмии консулгарӣ аз вай хоста буд, соати 13 он ҷо бошад.

Дар роҳ мо барои бақияи рӯз барномарезӣ кардем. Ҳангоме, ки ба консулгарӣ расидем, ӯ ворид шуд. Ӯ ба ман гуфт, ки агар хабаре аз ӯ нашуд, мақомоти Туркияро огоҳ созад. Агар медонистам ин охирин бор аст, ки Ҷамолро мебинам, ман бояд худам ҳам ба консулгарӣ мерафтам. Бақияи моҷароро ҳама медонед: ӯ ҳаргиз аз он сохтмон берун наомад.

Аз он замон, ман фикр кардам, ки Ҷамолу ман дигар дар як ҷаҳон нестем. Ман ҳамчунон суолоти мушобеҳеро аз худам мепурсам: ӯ куҷост? Оё ӯ зинда аст? Агар ӯ зинда аст, чӣ тавр аст?

Имрӯз (14 октябр) таваллуди Ҷамол аст. Ман як меҳмонӣ барояш барномарезӣ карда будам ва мехостам наздиктарин дӯстонашро даъват кунам. Агар ин иттифоқ намеафтод, акнун қатъан издивоҷ карда будем.

12 рӯзи гузашта, ман ҳар рӯз субҳ ба ин умед бедор шудам, ки хабаре аз ӯ бишнавам. Гумоназаниҳо дар мавриди сарнавишти ӯ тавассути мақомот таъйид нашудааст, аммо сукути Арабистони Саудӣ маро метарсонад. Ин суол лаҳзае маро раҳо намекунад: оё дуруст аст? Оё онҳо Ҷамолро терур кардаанд?

Агар иттиҳомот дуруст бошад, ва Ҷамол тавассути маъмурони Муҳаммад бен Салмон кушта шуда бошад, ӯ шаҳид шудааст. Фуқдони ӯ танҳо барои ман зойеъаи бузурге маҳсуб намешавад, балки ҳар касе бо виҷдони ахлоқӣ онро эҳсос мекунад. Агар шумо ҳам Ҷамолро аз даст додаед, маҳкумият кофӣ нест. Афроде, ки ӯро аз мо гирифтаанд, сарфи назар аз мавқеияти сиёсиашон, бояд посухгӯ бошанд ва ба таври комил муҷозот шаванд.

Дар рӯзҳои ахир, ман шоҳиди гузоришҳое аз раисиҷумҳур Тромп будам, ки мехост маро ба Кохи сафед даъват кунад. Агар ӯ воқеан талош кунад ва дарёбад, ки дар он рӯз дар консулгарӣ чӣ иттифоқе афтода, ман даъваташро қабул мекунам.

Ҷамол садои худро дар баробари зулм баланд кард, аммо ҷони худро фидои озодихоҳии мардуми Арабистон кард. Агар ӯ кушта шуда бошад — ва албатта умедворам, ки ӯ ҳанӯз зинда бошад — имрӯз дар солгарди таваллуди вай, ҳазорон Хошуқҷӣ мутаваллид мешаванд ва андешаҳои вай аз Туркия ба Арабистон ва ҳамаи ҷаҳон густурда хоҳад шуд. Саркӯбгарӣ то абад идома нахоҳад ёфт. Дере нахоҳад поид, ки диктотурҳо товони амали худро бидиҳанд.

Замоне, ки азизонатонро дар ин дунё аз даст медиҳед, ҷаҳони дигар он қадр тарснок ва дур нахоҳад буд, балки зиндагӣ дар ин дунё бидуни онҳо бисёр дарднок хоҳад буд.

New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: