Перейти к содержимому

Ҳуқуқи башар муҳим аст, аммо пул муҳимтар аст

Таҳлиле дар Asriran

Моҷарои нопадид шудани мармузи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди давлати Саудӣ пас аз вуруди ӯ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истонбули Туркия, озмуне ҷиддиро пеши рӯи кишварҳои ғарбӣ, ки бисёре аз онҳо равобити сиёсӣ ва иқтисодии мустаҳкаме бо давлати Саудӣ доранд, қарор додааст.

Давлати Саудӣ дар бад махмасае гирифтор омада ва ба назар мерасад, наметавонад масъулияти худро аз ҳодисаи рӯйдода барои ин рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ, мункир шавад.

Кишварҳои ғарбӣ – Урупои ғарбӣ ва Омрико — ҳам то ин ҷои кор пайгири моҷаро будаанд ва дар баробари фишорҳои расонаҳо ва афкори умумӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ, аз давлати Саудӣ хостаанд, дар бораи сарнавишти ин рӯзноманигори мунтақид, тавзеҳ диҳад. Аммо агар давлати Саудӣ тавзеҳи қонеъкунандае ироа надод ва ё бо асноду мадорик мушаххас шуд, ки давлати Риёз ин рӯзноманигори мунтақиди худро куштааст, мавзеъи давлатҳои ғарбӣ чӣ хоҳад буд?

Бояд дид, кишварҳое чун Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва кишварҳои Урупои ғарбӣ пас аз қонеъ нашудан аз тавзеҳоти давлати Саудӣ ва ё исботи қатли ин рӯзноманигор ба дасти авомили амниятии давлати Саудӣ, чӣ иқдомоти амалиро дар қиболи ин рафтори интиҳоргунаи Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ, нишон хоҳанд дод.

Солҳо ва даҳаҳост, ки баҳси истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар ва сиёсӣ шудани мавзӯъи ҳуқуқи башар дар миён аст ва кишварҳои ғарбӣ мункири бархӯрди гузинишӣ ва табъизомез дар баробари кишварҳои ноқизи ҳуқуқи башар мешаванд, ки Арабистони Саудӣ ҳамвора яке аз садрнишинони ин даста аз кишварҳост. Ғолиби давлатҳои ғарбӣ ҳамвора таъкид доранд, мавзӯъи ҳуқуқи башарӣ барои онҳо, аз авлавиятҳои нахусти онҳо ва таъйинкунандаи ҷиҳатгириҳои сиёсати хориҷии онҳост, ва ҳоло моҷарои Ҷамол Хошуқҷӣ ба миён омада ва мегӯяд: ин гӯю ин майдон!

Ҳоло як озмуни амалӣ дар баробари ин иддао қарор гирифтааст ва бояд дид, давлатҳои ғарбӣ то чӣ мизон ҳозиранд равобит ва мулоҳизоти иқтисодиро дар робита бо давлати Саудӣ канор гузоранд ва ба хотири ин рафтори давлати Саудӣ дар муқобили чашмони ҳайратзадаи ҷомеа ҷаҳонӣ, чӣ хоҳанд кард?

Албатта Дунолд Тромп, ки кишвараш ахиран қарордодҳои пурсуде бо давлати Саудӣ баста, хаёли ҳамагонро роҳат кард ва гуфт, алорағми ин ҳодиса, равобити иқтисодии кишвараш бо давлати Саудӣ, камонкон идома хоҳад ёфт. Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки кунграи Омрико ва бисёре аз сенотурҳои ҷумҳурихоҳу демукрот таври дигаре меандешанд ва замзамаҳои таҳрими таслиҳотии давлати Саудӣ ва дигар “танбеҳҳои” эҳтимолӣ алайҳи ин рафтори давлати Саудиро сар медиҳанд ва бояд дид, оқибати моҷаро чӣ хоҳад шуд.

Давлатҳои урупоӣ ва Иттиҳодияи Урупо ҳам то ин ҷои кор аз Арабистони Саудӣ тавзеҳ хостаанд, вале таҳдиди хоссеро мабнӣ бар таҷдиди назар дар равобиташон бо давлати Саудӣ матраҳ накардаанд. Давлатҳое ҳамчун Бритониё ва Фаронса, ки пас аз Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бузургтарин фурӯшандагони таслиҳот ба Арабистони Саудӣ ҳастанд, дар озмуни мушобеҳи Омрико қарор доранд. Бояд дид, рафтори ҷамъӣ аз сӯи урупоиҳо мушобеҳи рафторе, ки дар даҳаи 1990 бар сари моҷарои “Парвандаи Микунус (Mykonos)” (1) сар зад, ин бор низ анҷом хоҳад шуд?!

Ба таври куллӣ, моҷарои Ҷамол Хошуқҷӣ метавонад як “дамосанҷе” бошад барои санҷиши мизони пойбандии амалии демукросиҳои ғарбӣ ба шиорҳое, ки дар заминаи ҳуқуқи башар ва лузуми риояти меъёрҳои он сар медиҳанд; ба вежа ин ки ин давлатҳо муттаҳаманд дар масоили ҳуқуқи башар гузинишӣ амал карда ва танҳо яқаи кишварҳоеро мегиранд, ки манфиати иқтисодии чандоне аз онҳо намебаранд ва дар муқобили давлати Саудӣ, ки солона милёрдҳо дулор ба хазонаи онҳо мерезад, сукут карда ва бо он мумошот мекунанд.

Оё кишварҳои ғарбӣ ин бор низ дулорҳои нафтии Саудиро бар соири масоил тарҷеҳ хоҳанд дод? Ба эҳтимоли зиёд то чанд рӯзи дигар ва бо мушаххас шудани таклифи парвандаи Хошуқчӣ, посухи ин суол маълум хоҳад шуд.

Мумошоти дубораи демукросиҳои ғарбӣ дар баробари парвандаи Хошуқҷӣ зарбае ҷиддӣ ва муҳлик ба мақулаи меъёрҳои ҳуқуқи башарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Агар давлати Саудӣ дар рӯзи равшан як рӯзноманигори мунтақиди худро дар сохтмони консулгарии худ саллохӣ карда ва нест кунад ва товони ҷиддӣ бобати ин амал напардозад, демукросиҳои ғарбӣ дигар бо чӣ тавҷеҳе худро ҳомии меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башарӣ хоҳанд донист?! Он вақт ин суол пеш намеояд, ки аз назари давлатҳои ғарбӣ ҳуқуқи башар муҳим аст, аммо пул муҳимтар аст?

Asriran

* * *

Поварақӣ:

(1) Дар моҷарои Микунус, ки дар растуроне ба ҳамин ном воқеъ дар Берлини Олмон ва дар таърихи 17 сентябри 1992 рух дод, теъдоде аз сарони опозисиюни курди эронӣ ба қатл расиданд ва ин терур таъсири зиёде бар рӯи равобит байни Эрон ва кишварҳои урупоӣ дошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: