Перейти к содержимому

Муроҷиатномаи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ба Маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чи дар вилоят ва чи берун аз он, аз ташаннуҷи авзоъ дар вилоят, аз он ҷумла дар шаҳри Хоруғ, нигарон аст, ки дар паи таъсиси коргурӯҳи миёнидораии мубориза бо қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир падид омадааст.

Ин коргурӯҳ пас аз сафари раҳбари кишвар ба вилоят ва дидораш бо фаъолону намояндагони ҳукумати вилояту интиқод аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллӣ таъсис дода шуд ва раисҷумҳур ба мақомот як моҳ муҳлат дод то назму низомро дар вилоят барқарор кунанд ва ин муҳлат 16 октябр ба поён мерасад.

Вале фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои барқарор кардани назму низом дар вилоят боз ҳам бо корбурди таҷҳизоти ҷангӣ ва ҳузури чанд ҳазор сарбоз ҳамроҳ аст, ки аз дигар минтақаҳо ба ВМКБ оварда шудаанд.

Мардуми осоиштаи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди мубориза бо ҷинояткорон бо зӯри артиши чандҳазорнафарӣ ва таҷҳизоти ҳарбӣ дар соли 2012 буд, ки дар он 24 шаҳрванд ҷонашонро бохтанд. Пеш аз баргузории амалиёти низомии 24 июли соли 2012, нерӯҳои низомӣ дар шаҳраки Тем наздики Хоруғ размоиши “Ҳифз 2012”-ро баргузор карда буданд. Нерӯҳое, ки барои ширкат дар он размоиш оварда шуда буданд, дертар дар амалиёти низомӣ дар Хоруғ низ ширкат карданд.

Мо, ки ин таҷрибаи талхро, ки ҷони мардуми бегуноҳро гирифтаву зиёну осебҳои равониву моддӣ бар онҳо зада, аз сар гузарондаем, наметавонем аз такрори рӯйдодҳои соли 2012 нигарон набошем, вале бадбахтона ҳамон гузашта боз такрор мешавад. Чунончи, дар моҳи июли соли 2018 размоиши муштараки амалиётӣ ва стратегии низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ва Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помири Шарқӣ баргузор шуда буд ва дар раванди сафари роҳбари кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ режаи низомӣ баргузор шуд.

Мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳануз ҳам аз пайомадҳои амалиёти низомии солҳои 2012 ва 2014 пурра ба худ наомадааст, ба ин размоишу режаҳо бо нигоҳе пур аз нигарониву тарсу ҳарос назар дорад. Имрӯзҳо боз ҳам дар хиёбонҳои марказии шаҳри Хоруғ сарбозони сар то по мусаллаҳи Нерӯҳои ошӯбнишони Вазорати корҳои дохилӣ ва посгоҳҳоро ва дар баландиҳои гирдогирди шаҳр сарбозони мусаллаҳро мебинем, ки моро бештар аз пеш нигарон мекунад.

Мо, мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки шоҳиди чандин амалиёти низомӣ шудаву аз онҳо зиёну осеб дидаем, бар ин бовар ҳастем, ки он амалиёт ҳеч натиҷаи мусбату созанда надоштанд, зеро раҳбарони идораҳое, ки ин коргурӯҳро ташкил додаанд, аз уҳдаи вазифаашон бар намеоянд ва боз ҳам даст ба чораҳои сӯзанда мезананд.

Гузоришҳое, ки ин масъулин ба раҳбарии сиёсии кишвар медиҳанд, воқеияти ҳоли минтақаро бозтоб намедиҳанд, ки на танҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷуд мусоидат намекунад, балки мушкилоти душвортаре ҳам падид меоаваранд. Ин мушкилотро ҳамчунин барчаспзании масъулини давлатӣ ба мардуми Кӯҳистони Бадахшон бештар мекунад, ки мардумро бе далелу бурҳон муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир ва табаҳкорӣ мекунанд, ки бо асли фарзи бегуноҳӣ созгор нест.

Аз ин рӯ, пурсишҳое пеш меоянд, ки чаро ин ҳама пешомадҳо рӯй медиҳанд? Кӣ аз ин пешомадҳо суд меҷӯяд? Пушти ин ҳама рӯйдод кӣ нишастааст? Нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пеш омадани чунин вазъ чӣ гуна аст? Чаро амалҳои зӯроварӣ пешгирӣ ё қатъ карда намешаванд? Чаро чунин амалҳо бештар мешаванд ва онҳо чӣ пайомадҳое хоҳанд дошт? Посухгӯи ин ҳама нобасомониву беназмӣ кист? Масъулин ба раҳбарии сиёсии кишвар ҳамвора гузоришҳои носозгор бо воқеъият ва таҳлилҳои ғайри воқеъии рӯйдодҳо ва пайомадҳои онҳоро пешниҳод мекунанд.

Мо, мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан бо ин талаби раҳбари кишвар мувофиқ ҳастем, ки ҳеч табаҳкорие дар қаламрави вилоят набояд бе муҷозот монад ва раҳбарони сохторҳои интизомӣ ва амниятӣ, ки ин сиёсатро амалӣ ва иҷро намекунанд, бояд аз симаташон барканор карда шаванд.

Мо, мардуми осоиштаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин аз он қонуншикание, ки раҳбари кишвар ҳам ба он ишора карда буд, яъне дастгир нашудани табаҳкоре, ки кормандони милисаро бо худрав зер гирифта буд, ошуфта ҳастем. Афзун бар ин табаҳкорӣ, дигар қазияҳои ҷиноӣ, аз ҷумла кушта шудани шаҳрвандони осоишта дар амалиёти низомии соли 2012 ва дигар рухдодҳо то кунун бозҷӯӣ ва ошкор нашудаанд, ҳарчанд ҷомеаи шаҳрвандӣ борҳо дархост карда, ки ин қазияҳо бозҷӯӣ шаванд. Ҳамчунин мардум ба дигар пурсишҳояшон дар бораи амалиёти низомии соли 2012 ва рухдодҳои соли 2014 низ посух нагирифтааст. Яке аз ин пурсишҳо масъалаи шаффофияти раванди пас гирифтану нобуд кардани силоҳи оташфишон аст.

Амалиёти низомии соли 2012 ҷони ҳам шаҳрвандон ва ҳам сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи кишварро гирифту суботро ҳам дар минтақа ва ҳам дар кишвар бар ҳам зад ва бовари мардумро ба ҳокимияти қонун ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кост, ки вазифаи қонунияшон посдошту нигаҳдории ҳаёту саломату ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, таъмини назму амният дар ҷомеа, бозҷӯӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо бар асоси усули қонунӣ ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун аст.

Мо бо сарвари давлат мувофиқ ҳастем, ки дар охирин сафараш ба Хоруғ гуфта буд, ки масъулин набояд аз мардум битарсанд, балки бояд бо мардум ҳамкорӣ кунанд. Инро қонун ҳам талаб мекунад, ки бино бар муқаррароти он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо мардум дар тамос бошанд ва афкори умумро дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар назар бигиранд.

Пас, чаро ҳангоми баргузории амалиёти низомӣ, ки мустақиман ба амнияти мо, амнияти минтақаи мо ва кишвари мо рабт доранд, афкори мо дар назар гирифта намешавад?

Чаро мо шаффофият ва мушорикати ҷомеаро дар рафти бозпасгирӣ ва нобудсозии қонунии аслиҳае надидем, ки дар соли 2012 аз табаҳкорони маҳаллӣ ҷамъоварӣ шуда буд?

Чаро пас аз шаш сол, мо дубора ба масъалаи халъи силоҳ дар замони сулҳ бармегардам ва боз ҳам ин раванд бе мушорикати ҷомеа сурат мегирад ва иттилооте дар расонаҳо пахш мешавад, ки бо воқеият созгор нест?

Чаро мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро қочоқбару ҷинояткор мегӯянд, дар сурате, ки ҷиноятҳои хавфнок, аз он ҷумла ҷиноятҳои террористӣ дар дигар вилоятҳо бештар сурат мегиранд?

Мардуми ВМКБ, бавижа мардуми шаҳри Хоруғ, вожгуна бо нерӯҳои амниятӣ дар соли 2012 ба усули инсонӣ ва қонунӣ пойбанд буд ва ба кормандони милиса ва нерӯҳои амниятӣ низ ёрии пизишкӣ мерасонд, ҳарчанд аз дасти онҳо куштаву захмӣ мешуд. Ҳарчанд тир бар сарашон мерехт, вале занону духтарон кушташудагону захмиёнро, ки дар миёнашон ҳам шаҳриён буданду ҳам сарбозон, аз кӯчаҳо мебардоштанд. Вале нерӯҳои амниятӣ ин занону духтаронро тирборон мекарданд, кушташудагонро таҳқиру тавҳин мекарданд, мардумро худсарона мекуштанд. Акнун низ чун дар соли 2012, расонаҳо омори нодуруст аз раванди бозпасгирии силоҳу аслиҳа пахш мекунанд. Чунончи, бино бар омори расмӣ аз 11-уми октябри соли 2018, аз силоҳбадастони ВМКБ, аз он ҷумла дар Хоруғ, 136 мил аслиҳа, аз ҷумла 57 мил силоҳи Калашников, 2 мил тирбор, 2 мил норанҷакафкан, 1 мил ҳавопаймозан, 27 мил тапонча, 8 мил карабин, 29 мил камони шикори «ТОЗ», 1 мил аслиҳаи хориҷӣ ва камубеш 2,7 ҳазор тиру фишанг, 500 грамм маводи тарканда ҷамъоварӣ шудааст. Ҷумлабандии чунин гузоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ на танҳо аз рӯи миқдор ва навъи силоҳ, балки аз он рӯ низ нигаронкунанда аст, ки иттилооти расмӣ таъкид мекунад, ки ин силоҳҳо аз гурӯҳҳои ҷиноӣ ва аҳолии Хоруғ бозпас гирифта шудаанд.

Мо, мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, аз ингуна гузоришҳо нигаронем, ки бо воқеият рост намеоянд, ва бовар дорем, ки бо пахши ин омор масъулини вилоят ва нерӯҳои интизомиву амниятӣ мехоҳанд вонамуд кунанд, ки супориши раисҷумҳурро дар муҳлати муқарраркардааш иҷро кардаанд.

Мо махсусан аз ин изҳороти комиссияи байниидоравӣ нигарон ҳастем, ки гуфта агар то поёни муҳлат силоҳу аслиҳаро таслим накунанд, нерӯҳои амниятӣ хона ба хона ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ки дар воқеъ таҳдиду ултиматум аст.

Мо ки борҳо шоҳиди бесалоҳиятиву бекифоятии сохторҳои қудратӣ будаем, ин таҳдиду ултиматумро ғайриқонунӣ мешуморем ва аз пайомадҳои бади он барои амнияти вилоят ва кишвар ҷиддан нигарон ҳастем. Чунончи, бино бар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар ВМКБ то кунун 537 маврид нақзи қоидаҳои ҳаракати нақлиёт, аз он ҷумла 66 маврид сиёҳ будани шишаҳои худравҳо, 20 маврид ронандагӣ бе гувоҳинома, 2 маврид ронандагӣ дар ҳолати мастӣ ва 12 маврид саркашӣ аз фармони милиса, сабт шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши таҳдиди ҷиддии экстремизм ба амнияти кишвар дар паи бозгашти ҷангҷӯёни тоҷики «Давлати исломӣ» ва таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон, кифояту омодагии нерӯҳои амниятӣ ва вокунишашон ба қонуншиканиҳои идорӣ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр нигаронкунанда аст.

Мо аз мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳу аслиҳа комилан ҷонибдорӣ мекунем, зеро ин қонуншиканиҳо амнияти вилояту кишвари мо, зиндагиву саломативу ояндаи фарзандони моро дар хатар меамеандозанд. Вале мо мехоҳем, ки мардум низ ба ин раванд ҷалб карда шаванд, то ин мубориза дар чаҳорчӯби қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва усулу муқаррароти байналмилалӣ сурат гирад.

Мо низ чун аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз корбурди нерӯҳои интизомӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ бар асоси қонун ва коршиносии ҳуқуқӣ истиқбол мекунем. Вале мо мухолифи корбурди нерӯҳои мусаллаҳ дар мубориза бо ин таӣаҳкориҳо ҳастем, зеро ин корбурд ҷону моли шаҳрвандонро дар хатар меандозад ва хешовандони қурбониёни нерӯҳои мусаллаҳ наметавонанд ҳаққашонро дар додгоҳ биситонад, чунон ки намунаашро дар соли 2012 дидаем.

Аз дигар сӯ, корбурди нерӯҳои мусаллаҳ танҳо дар ҷангу задухӯрдҳои ошкоро ва ҳангоми таҳдиди хатар ба ҷони шаҳрвандони кишвар аз гурӯҳҳои созмонёфтаи табаҳкор муҷоз аст, ки чунин вазъеро дар ВМКБ намебинем.

Бо таваҷҷуҳ ба ин маворид ва бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши ташаннуҷи авзоъву даргириву нобасомониҳо ва арзёбии сиёсии воқеъбинонаи рухдодҳо пешниҳод мекунем:

1) Ташкили гурӯҳи мониторингӣ барои пайгирӣ ва баррасии авзоъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то муътадил шуданаш. Ин гурӯҳ бояд аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳо ва коршиносон ташкил шавад то ҳам эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ бештар шавад ва ҳам миллат ва давлат дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру силоҳ ҳамдасту ҳамкор бошанд, чуноне ки раисҷумҳур тавсия карда буд.

2) Барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кори гурӯҳи назоратӣ, ҷонибҳо бояд аз изҳороти шитобзада ва бемасъулиятона дар расонаҳо, аз ҷумла дар бораи ҷамъоварии силоҳу аслиҳа худдорӣ кунанд.

3) Механизмҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногуни ин гурӯҳ ва комиссияи байниидоравӣ омода ва роҳандозӣ шаванд то ҳокимияти қонун барои касоне таъмин шавад, ки бино бар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ ихтиёрӣ силоҳашонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардаанд. Бино бар қонун, ҳаргуна иттиҳоме, ки танҳо бар иқрори муттаҳам асос ёфтааст, собитшуда шумурда намешавад. Эътирофи муттаҳам ба иттиҳомот танҳо дар сурате метавонад асоси ҳукм қарор дода шавад, ки бо дигар далелҳои мавҷуд тасдиқ карда шавад. Аз ин рӯ, ин комиссия бояд мусоидат кунад, ки касоне, ки ихтиёрӣ силоҳашонро таслим кардаанд, шиканҷа нашаванд ва додгоҳашон ба сурати шаффоф баргузор хоҳанд шуд то аз такрори бӯҳронҳо дар оянда пешгирӣ шавад ва эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти қонун барқарор шавад;

4) Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти иттилооти росту дуруст дар замони буҳрон ва ба манзури пешгирӣ аз ҳаргуна овозаҳо ва ташаннуҷи авзоъ, рухдодҳо дар қаламрави Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бояд муназзаму сари вақт бозтоб дод;

5) Намояндагони ҷомеа бояд дар нишастҳои Комиссияи байниидоравӣ ва, ба манзури таъмини шаффофият, дар раванди бозпасгирӣ ва нобуд кардани силоҳу аслиҳа ширкат кунанд.

6) Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро бояд ба раванди халъи силоҳ бар асоси стандартҳои қабулшуда ҷалб кард, ки он шомили салоҳиятҳои ин созмон дар чорчӯби огаҳирасонии пешакӣ, пешгирӣ аз низоъ ва мудирияти бӯҳронӣ мешавад.

Ин маврид бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи ҷуғрофиёии вилоят ва аҳамияти пойдории субот дар замони сар задани хатарҳои марзӣ бештар аҳамият пайдо мекунад. Яке дигар аз салоҳиятҳои САҲА мониторинги нигаҳдории силоҳу аслиҳаи бозпасгирифташуда, ҳамлу нақл ва нобуд кардани он бо ҳадафи пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ аст.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: