Перейти к содержимому

Пешниҳоди Арабистон ба Туркия: “Бигӯед Хошуқҷӣ дар консулгарӣ сакта кард!”

Ҳамзамон бо афзоиши фишорҳои байналмилалӣ бар Арабистон, рӯзномаи бритониёии Daily Telegraph гузориш кард, ки мақомоти тасмимсози Арабистони Саудӣ талош мекунанд обрӯи Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистонро дар масъалаи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истонбул, ҳифз кунанд.

Ин мақомот ҳамакнун чандин роҳи ҳаллро баррасӣ мекунанд. Яке аз роҳи ҳаллҳо ин аст, ки мақомоти Туркияро ба судури як баёнияи муштарак бо Арабистон мутақоъид кунанд ва дар баёния иддао кунанд, ки Хошуқҷӣ ба далели сактаи қалбӣ фавт кардааст.

Бар асоси гузориши Daily Telegraph, Риёз талош мекунад аз тариқи ин баёния, далели марги Хошуқҷӣ ба гунае баён шавад, ки “камтарин осеб” ба обрӯи Муҳамад бен Салмон ворид шавад. Яке аз сенориюҳо ин аст, ки дар баёнияи муштарак иддао шавад, ки Хошуқҷӣ дар дохили консулгарӣ бар асари сактаи қалбӣ фавт карда ва диплумотҳои он ҷо дар асари “ваҳшат”, ҷанозаи ӯро пинҳон кардаанд.

Бо ин ҳол, Daily Telegraph гуфтааст, мушаххас нест, ки Туркия бо ин талоши саудиҳо мувофиқат кунад. Чаро ки давлати Туркия пештар эълом карда буд, ки чандин маъмури саудӣ ба Туркия рафта буданд ва гумон меравад Хошуқҷиро ба қатл расондаанд.

Ин рӯзнома аз қавли манобеъи наздик ба дарбори салтанатии Арабистон эълом кард, ҳалқаи наздикони Муҳаммад бен Салмон, аз суръат ва шиддати чархиши хашми ҷаҳонӣ ба сӯи Арабистон, ҳайратзада шудаанд. Пас аз 11 рӯз аз инкор, акнун Арабистон саъй кунад, як барномаи фаъолтар ба роҳ биандозад, то паёмадҳои қатли Хошуқҷиро мудирият кунад ва обрӯи Муҳаммад бен Салмонро ҳифз кунад.

Ба навиштаи Daily Telegraph, Муҳаммад бен Салмон бародари кучактараш Холидро, ки сафири Арабистон дар Омрикост, ба кишвар фаро хонда, то бо ӯ дар бораи чигунагии розӣ кардани Кохи сафед ва Кунгра (Конгресс) машварат кунад.

Туркия гуфта шавоҳиди савтӣ ва тасвирӣ аз лаҳзаи қатли Хошуқҷӣ дар ихтиёр дорад, аммо то кунун ҳеч мадраке дар ин бора мунташир накардааст.

Бар асоси таҳлили Daily Telegraph, агар Туркия бо мақомоти Арабистон ҳамроҳӣ накунад ва шавоҳиди қатли Хошуқҷиро мунташир кунад, ҳукумати Арабистон мумкин аст “бархе аносури худсари дастгоҳи амниятӣ”-ро муттаҳами қатли Хошуқҷӣ муаррифӣ кунад ва бигӯяд, ки Муҳаммад бен Салмон аз тарҳи ин аносури амниятӣ иттилое надоштааст.

Мақомоти Туркия ба пойгоҳи Middle East Eye гуфтаанд, ки Арабистон мумкин аст ба ин сенорию паноҳ бибарад. Аммо муттаҳам донистани ин аносур ҳам рискҳои худашро дорад, чаро ки Туркия мумкин аст истирдоди ин аносурро аз Арабистон дархост кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: