Перейти к содержимому

Роҳандозии кампини ҳимоят аз #Бадахшон (тасовир)

Фаъолони тоҷик кампинеро дар фазои маҷозӣ бо хештеги #Badakhshan роҳ андохта, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд, дар ин қазия бетараф набошанд.

Бо наздик шудани соатҳои поёнии замони зарбулаҷали таъйинкардаи Эмомалӣ Раҳмон, фаъолони тоҷик, зимни ҳимоят аз муроҷиатномаи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мақомоти баландпояи давлати Тоҷикистон, кампинеро дар фазои маҷозӣ бо хештеги #Badakhshan роҳ андохтаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик, бо эълони роҳандозии ин кампин, изҳор доштааст: “Дар охирон рӯзи ультиматум ё зарбулаҷали ЭШ ба мардуми Бадахшон, ҳамчун рамзи якдилӣ флейшмоби худро оғоз менамоем, то бори дигар ин мардуми куҳанбунёди диёри арҷманди мо озоре набинанд.”

Вай афзудааст: “Ҳар шаҳрванди озода ва ғаюри миллат дар ин қазия бетараф набошем. Имрӯз агар вазъияти Бадахшон вахим бошад, фардо навбати минтақаи дигари кишвар аст. Мо метавонем пеши роҳи хунрезӣ ва истифодаи силоҳро бигирем.”

Гуфтанист, мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиатномае ба ҳар як аз: Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, хостори таваҷҷӯҳ ба қазияи ин минтақаи Тоҷикистон шудаанд. Мардуми Бадахшон дар ин муроиатнома, пешниҳод кардаанд:

1) Ташкили гурӯҳи мониторингӣ барои пайгирӣ ва баррасии авзоъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то муътадил шуданаш. Ин гурӯҳ бояд аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳо ва коршиносон ташкил шавад то ҳам эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ бештар шавад ва ҳам миллат ва давлат дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру силоҳ ҳамдасту ҳамкор бошанд, чуноне ки раисҷумҳур тавсия карда буд.

2) Барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кори гурӯҳи назоратӣ, ҷонибҳо бояд аз изҳороти шитобзада ва бемасъулиятона дар расонаҳо, аз ҷумла дар бораи ҷамъоварии силоҳу аслиҳа худдорӣ кунанд.

3) Механизмҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногуни ин гурӯҳ ва комиссияи байниидоравӣ омода ва роҳандозӣ шаванд то ҳокимияти қонун барои касоне таъмин шавад, ки бино бар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ ихтиёрӣ силоҳашонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардаанд. Бино бар қонун, ҳаргуна иттиҳоме, ки танҳо бар иқрори муттаҳам асос ёфтааст, собитшуда шумурда намешавад. Эътирофи муттаҳам ба иттиҳомот танҳо дар сурате метавонад асоси ҳукм қарор дода шавад, ки бо дигар далелҳои мавҷуд тасдиқ карда шавад. Аз ин рӯ, ин комиссия бояд мусоидат кунад, ки касоне, ки ихтиёрӣ силоҳашонро таслим кардаанд, шиканҷа нашаванд ва додгоҳашон ба сурати шаффоф баргузор хоҳанд шуд то аз такрори бӯҳронҳо дар оянда пешгирӣ шавад ва эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти қонун барқарор шавад;

4) Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти иттилооти росту дуруст дар замони буҳрон ва ба манзури пешгирӣ аз ҳаргуна овозаҳо ва ташаннуҷи авзоъ, рухдодҳо дар қаламрави Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бояд муназзаму сари вақт бозтоб дод;

5) Намояндагони ҷомеа бояд дар нишастҳои Комиссияи байниидоравӣ ва, ба манзури таъмини шаффофият, дар раванди бозпасгирӣ ва нобуд кардани силоҳу аслиҳа ширкат кунанд.

6) Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро бояд ба раванди халъи силоҳ бар асоси стандартҳои қабулшуда ҷалб кард, ки он шомили салоҳиятҳои ин созмон дар чорчӯби огаҳирасонии пешакӣ, пешгирӣ аз низоъ ва мудирияти бӯҳронӣ мешавад.Ин маврид бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи ҷуғрофиёии вилоят ва аҳамияти пойдории субот дар замони сар задани хатарҳои марзӣ бештар аҳамият пайдо мекунад. Яке дигар аз салоҳиятҳои САҲА мониторинги нигаҳдории силоҳу аслиҳаи бозпасгирифташуда, ҳамлу нақл ва нобуд кардани он бо ҳадафи пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: